Korean

Tajik

Romans

2

1그러므로 남을 판단하는 사람아 ! 무론 누구든지 네가 핑계치 못할 것은 남을 판단하는 것으로 네가 너를 정죄함이니 판단하는 네가 같은 일을 행함이니라
1БИНОБАР ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошй ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунй.
2이런 일을 행하는 자에게 하나님의 판단이 진리대로 되는 줄 우리가 아노라
2Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст.
3이런 일을 행하는 자를 판단하고도 같은 일을 행하는 사람아 네가 하나님의 판단을 피할 줄로 생각하느냐
3Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?
4혹 네가 하나님의 인자하심이 너를 인도하여 회개케 하심을 알지 못하여 그의 인자하심과 용납하심과 길이 참으심의 풍성함을 멸시하느뇨
4Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиной мекунӣ, беҳабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?
5다만 네 고집과 회개치 아니한 마음을 따라 진노의 날 곧 하나님의 의로우신 판단이 나타나는 그 날에 임할 진노를 네게 쌓는도다
5Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонй,
6하나님께서 각 사람에게 그 행한 대로 보응하시되
6Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:
7참고 선을 행하여 영광과 존귀와 썩지 아니함을 구하는 자에게는 영생으로 하시고
7Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;
8오직 당을 지어 진리를 좇지 아니하고 불의를 좇는 자에게는 노와 분으로 하시리라
8Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.
9악을 행하는 각 사람의 영에게 환난과 곤고가 있으리니 첫째는 유대인에게요 또한 헬라인에게며
9Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!
10선을 행하는 각 사람에게는 영광과 존귀와 평강이 있으리니 첫째는 유대인에게요 또한 헬라인에게라
10Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яқудӣ ва ҳам ба юнонӣ!
11이는 하나님께서 외모로 사람을 취하지 아니하심이니라
11Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.
12무릇 율법 없이 범죄한 자는 또한 율법 없이 망하고 무릇 율법이 있고 범죄한 자는 율법으로 말미암아 심판을 받으리라
12Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, -
13하나님 앞에서는 율법을 듣는 자가 의인이 아니요 오직 율법을 행하는 자라야 의롭다 하심을 얻으리니
13Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;
14(율법 없는 이방인이 본성으로 율법의 일을 행할 때는 이 사람은 율법이 없어도 자기가 자기에게 율법이 되나니
14Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд:
15이런 이들은 그 양심이 증거가 되어 그 생각들이 서로 혹은 송사하며 혹은 변명하여 그 마음에 새긴 율법의 행위를 나타내느니라)
15Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, -
16곧 내 복음에 이른 바와 같이 하나님이 예수 그리스도로 말미암아 사람들의 은밀한 것을 심판하시는 그날이라
16Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
17유대인이라 칭하는 네가 율법을 의지하며 하나님을 자랑하며
17Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунй, ва аз шинохтани Худо меболӣ.
18율법의 교훈을 받아 하나님의 뜻을 알고 지극히 선한 것을 좋게 여기며
18Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,
19네가 율법에 있는 지식과 진리의 규모를 가진 자로서 소경의 길을 인도하는 자요 어두움에 있는 자의 빛이요
19Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,
20어리석은 자의 훈도요 어린 아이의 선생이라고 스스로 믿으니
20Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастй, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ, -
21그러면 다른 사람을 가르치는 네가 네 자신을 가르치지 아니하느냐 ? 도적질 말라 반포하는 네가 도적질하느냐 ?
21Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, ҳудатро таълим намедиҳӣ?
22간음하지 말라 말하는 네가 간음하느냐 ? 우상을 가증히 여기는 네가 신사 물건을 도적질하느냐 ?
22Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки "зинокорӣ накун", вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунй!
23율법을 자랑하는 네가 율법을 범함으로 하나님을 욕되게 하느냐 ?
23Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонй!
24기록된 바와 같이 하나님의 이름이 너희로 인하여 이방인 중에서 모독을 받는도다
24Зеро ки ба туфаӣли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни ҳалқҳо исми Худоро ҳор медоранд.
25네가 율법을 행한즉 할례가 유익하나 만일 율법을 범한즉 네 할례가 무할례가 되었느니라
25Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунй; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд.
26그런즉 무할례자가 율법의 제도를 지키면 그 무할례를 할례와 같이 여길 것이 아니냐
26Пас, агар номахгуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?
27또한 본래 무할례자가 율법을 온전히 지키면 의문과 할례를 가지고 율법을 범하는 너를 판단치 아니하겠느냐 ?
27Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва ҳатна ҳастию шариатро вайрон мекунй?
28대저 표면적 유대인이 유대인이 아니요 표면적 육신의 할례가 할례가 아니라
28Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳирй чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,
29오직 이면적 유대인이 유대인이며 할례는 마음에 할지니 신령에 있고 의문에 있지 아니한 것이라 그 칭찬이 사람에게서가 아니요 다만 하나님에게서니라
29Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.