1그러므로 이제 그리스도 예수 안에 있는 자에게는 결코 정죄함이 없나니
1ПАС, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,
2이는 그리스도 예수 안에 있는 생명의 성령의 법이 죄와 사망의 법에서 너를 해방하였음이라
2Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.
3율법이 육신으로 말미암아 연약하여 할 수 없는 그것을 하나님은 하시나니 곧 죄를 인하여 자기 아들을 죄 있는 육신의 모양으로 보내어 육신에 죄를 정하사
3Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,
4육신을 좇지 않고 그 영을 좇아 행하는 우리에게 율법의 요구를 이루어지게 하려 하심이니라
4То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.
5육신을 좇는 자는 육신의 일을 영을 좇는 자는 영의 일을 생각하나니
5Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагй мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагй мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд.
6육신의 생각은 사망이요 영의 생각은 생명과 평안이니라
6Фикрҳои ҷисмонй мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ - ҳаёт ва сулҳу осоиштагй,
7육신의 생각은 하나님과 원수가 되나니 이는 하나님의 법에 굴복치 아니할 뿐 아니라 할수도 없음이라
7Чунки фикрҳои ҷисмонй душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.
8육신에 있는 자들은 하나님을 기쁘시게 할 수 없느니라
8Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо тшсанд афтода наметавонанд.
9만일 너희 속에 하나님의 영이 거하시면 너희가 육신에 있지 아니하고 영에 있나니 누구든지 그리스도의 영이 없으면 그리스도의 사람이 아니라
9Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест.
10또 그리스도께서 너희 안에 계시면 몸은 죄로 인하여 죽은 것이나 영은 의를 인하여 산 것이니라
10Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст.
11예수를 죽은 자 가운데서 살리신 이의 영이 너희 안에 거하시면 그리스도 예수를 죽은 자 가운데서 살리신 이가 너희 안에 거하시는 그의 영으로 말미암아 너희 죽을 몸도 살리시리라
11Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
12그러므로 형제들아 우리가 빚진 자로되 육신에게 져서 육신대로 살 것이 아니니라
12Пас, эй бародарон, мо ӯхдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷием зиндагй кунем;
13너희가 육신대로 살면 반드시 죽을 것이로되 영으로써 몸의 행실을 죽이면 살리니
13Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.
14무릇 하나님의 영으로 인도함을 받는 그들은 곧 하나님의 아들이라
14Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;
15너희는 다시 무서워하는 종의 영을 받지 아니하였고 양자의 영을 받았으므로 아바 아버지라 부르짖느니라
15Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: "Эй Або, эй Падар!"
16성령이 친히 우리 영으로 더불어 우리가 하나님의 자녀인 것을 증거하시나니
16Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.
17자녀이면 또한 후사 곧 하나님의 후사요 그리스도와 함께 한 후사니 우리가 그와 함께 영광을 받기 위하여 고난도 함께 받아야 될 것이니라
17Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу укубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
18생각건대 현재의 고난은 장차 우리에게 나타날 영광과 족히 비교할 수 없도다
18Зеро, ба ақидаи ман, азобу укубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
19피조물의 고대하는 바는 하나님의 아들들의 나타나는 것이니
19Зеро ки махлукрт бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,
20피조물이 허무한데 굴복하는 것은 자기 뜻이 아니요 오직 굴복케 하시는 이로 말미암음이라
20Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи ҳуд мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки
21그 바라는 것은 피조물도 썩어짐의 종노릇한 데서 해방되어 하나님의 자녀들의 영광의 자유에 이르는 것이니라
21Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосй ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.
22피조물이 다 이제까지 함께 탄식하며 함께 고통하는 것을 우리가 아나니
22Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягй то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад;
23이뿐 아니라 또한 우리 곧 성령의 처음 익은 열매를 받은 우리까지도 속으로 탄식하여 양자 될 것 곧 우리 몸의 구속을 기다리느니라
23Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оху ноламекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.
24우리가 소망으로 구원을 얻었으매 보이는 소망이 소망이 아니니 보는 것을 누가 바라리요
24Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вакте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?
25만일 우리가 보지 못하는 것을 바라면 참음으로 기다릴지니라
25Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.
26이와 같이 성령도 우리 연약함을 도우시나니 우리가 마땅히 빌 바를 알지 못하나 오직 성령이 말할 수 없는 탄식으로 우리를 위하여 친히 간구하시느니라
26Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.
27마음을 감찰하시는 이가 성령의 생각을 아시나니 이는 성령이 하나님의 뜻대로 성도를 위하여 간구하심이니라
27Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофики хости Худо шафоат мекунад.
28우리가 알거니와 하나님을 사랑하는 자 곧 그 뜻대로 부르심을 입은 자들에게는 모든 것이 합력하여 선을 이루느니라
28Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;
29하나님이 미리 아신 자들로 또한 그 아들의 형상을 본받게 하기 위하여 미리 정하셨으니 이는 그로 많은 형제 중에서 맏아들이 되게 하려 하심이니라
29Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шиноҳтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;
30또 미리 정하신 그들을 또한 부르시고 부르신 그들을 또한 의롭 다 하시고 의롭다 하신 그들을 또한 영화롭게 하셨느니라
30Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.
31그런즉 이 일에 대하여 우리가 무슨 말 하리요 만일 하나님이 우리를 위하시면 누가 우리를 대적하리요
31Пас мо ба ин чй гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
32자기 아들을 아끼지 아니하시고 우리 모든 사람을 위하여 내어 주신 이가 어찌 그 아들과 함께 모든 것을 우리에게 은사로 주지 아니하시겠느뇨
32Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
33누가 능히 하나님의 택하신 자들을 송사하리요 의롭다 하신 이는 하나님이시니
33Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?
34누가 정죄하리요 죽으실 뿐 아니라 다시 살아나신 이는 그리스도 예수시니 그는 하나님 우편에 계신 자요 우리를 위하여 간구하시는 자시니라
34Кй маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?
35누가 우리를 그리스도의 사랑에서 끊으리요 환난이나 곤고나 핍박이나 기근이나 적신이나 위협이나 칼이랴
35Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалоқат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагй, ё хатар, ё шамшер?
36기록된바 우리가 종일 주를 위하여 죽임을 당케 되며 도살할 양같이 여김을 받았나이다 함과 같으니라
36Чунон ки навишта шудааст: "Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем".
37그러나 이 모든 일에 우리를 사랑하시는 이로 말미암아 우리가 넉넉히 이기느니라
37Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.
38내가 확신하노니 사망이나 생명이나 천사들이나 권세자들이나 현재 일이나 장래 일이나 능력이나
38Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,
39높음이나 깊음이나 다른 아무 피조물이라도 우리를 우리 주 그리스도 예수 안에 있는 하나님의 사랑에서 끊을 수 없으리라
39На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.