1Итак я рассудил сам в себе не приходить к вам опять с огорчением.
1ВА ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз бо ғаму ғусса наоям.
2Ибо если я огорчаю вас, то кто обрадует меня, как не тот, кто огорчен мною?
2Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ҷуз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст?
3Это самое и писал я вам, дабы, придя, не иметь огорчения от тех, о которых мне надлежало радоваться: ибо я во всех вас уверен, что моя радость есть радость идля всех вас.
3Маҳз ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бощанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост.
4От великой скорби и стесненного сердца я писал вам со многими слезами, не для того, чтобы огорчить вас, но чтобы вы познали любовь, какую я в избытке имею к вам.
4Зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва дилтангй ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед.
5Если же кто огорчил, то не меня огорчил, но частью, – чтобы не сказать много, – и всех вас.
5Ва агар касе сабаби ғамгинй шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, - то муболиға нашавад, - ҳамаи шуморо ғамгин кардааст.
6Для такого довольно сего наказания от многих,
6Барои чунин шахс басанда аст ин танбеҳе ки аз касони бисьёр дидааст,
7так что вам лучше уже простить его и утешить, дабы он не был поглощен чрезмерноюпечалью.
7Ва акнун, баръакс, шумо ӯро афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад;
8И потому прошу вас оказать ему любовь.
8Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро зоҳир намоед.
9Ибо я для того и писал, чтобы узнать на опыте, во всем ли вы послушны.
9Зеро маҳз барои ҳамин ҳам навишта будам, то дар амал бидонам, ки оё шумо дар ҳар бобат фарлюнбардор ҳастед.
10А кого вы в чем прощаете, того и я; ибо и я, если в чем простил кого, простил для вас от лица Христова,
10Ва касеро шумо афв намоед, ман низ ӯро афв хоҳам кард; зеро ки ман низ, агар касеро дар чизе афв карда бошам, ба хотири шумо ба ҳузури Масеҳ афв кардаам,
11чтобы не сделал нам ущерба сатана, ибонам не безызвестны его умыслы.
11То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем.
12Придя в Троаду для благовествования о Христе, хотя мне и отверста была дверь Господом,
12Ва ҳангоме ки ман ба Трӯос омадам, то аз Масеҳ башорат диҳам, агарчи дарвоза барои ман дар Худованд воз шуда буд,
13я не имел покоя духу моему, потому что не нашел там брата моего Тита; но, простившись с ними, я пошел в Македонию.
13Барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари ҳуд Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайру маъзур намуда, ба Мақдуния равона шудам.
14Но благодарение Богу, Который всегда дает нам торжествовать во Христе и благоухание познания о Себераспространяет нами во всяком месте.
14Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад ва накҳати дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад.
15Ибо мы Христово благоухание Богу в спасаемых и впогибающих:
15Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:
16для одних запах смертоносный на смерть, а для других запах живительный на жизнь. И кто способен к сему?
16Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?
17Ибо мы не повреждаем слова Божия, как многие, нопроповедуем искренно, как от Бога, пред Богом, во Христе.
17Зеро мо мисли бисьёр касон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем.