1Молим вас, братия, о пришествии Господа нашего ИисусаХриста и нашем собрании к Нему,
1ВАЛЕКИН аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ
2не спешить колебаться умом и смущаться ни от духа, ни от слова, ни от послания, как бы нами посланного, будто уже наступает день Христов.
2Нагузоред, ки фикри щумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст.
3Да не обольстит вас никто никак: ибо день тотне придет , доколе не придет прежде отступление и не откроетсячеловек греха, сын погибели,
3Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад.
4противящийся и превозносящийся выше всего, называемого Богом или святынею, так что в храме Божием сядет он, как Бог, выдавая себя за Бога.
4Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбуд ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.
5Не помните ли, что я, еще находясь у вас, говорил вам это?
5Оё дар хотир надоред, ки вакте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?
6И ныне вы знаете, что не допускает открыться ему в свое время.
6Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вакти муайян зоқир гардад.
7Ибо тайна беззакония уже в действии, только не совершится до тех пор, пока не будет взят от среды удерживающий теперь.
7Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло маҳфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, -
8И тогда откроется беззаконник, которого Господь Иисус убьет духом уст Своих и истребит явлением пришествия Своего
8Он гоҳ шарир зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад.
9того, которого пришествие, по действию сатаны, будет со всякою силою и знамениями и чудесами ложными,
9Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст,
10и со всяким неправедным обольщением погибающих за то, что они не приняли любви истины для своего спасения.
10Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо Муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд.
11И за сие пошлет им Бог действие заблуждения, так что они будут верить лжи,
11Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд,
12да будут осуждены все, не веровавшие истине, но возлюбившие неправду.
12То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд.
13Мы же всегда должны благодарить Бога за вас, возлюбленные Господом братия, что Бог от начала, через освящение Духа и веру истине, избрал вас ко спасению,
13Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.
14к которому и призвал вас благовествованием нашим, для достижения славы Господа нашего Иисуса Христа.
14Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳ ноил шавед.
15Итак, братия, стойте и держите предания, которым вы научены или словом или посланием нашим.
15Пас, эй бародарон, истодагй кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо таълим гирифтаед, нигоҳ доред.
16Сам же Господь наш Иисус Христос и Бог и Отец наш, возлюбивший нас и давший утешение вечное и надежду благую во благодати,
16Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадй ва умеди некро бо файз ато намудааст,
17да утешит ваши сердца и да утвердит вас во всяком слове и деле благом.
17Бигзор дилҳои шуморо тасаллй диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.