Russian 1876

Tajik

Acts

7

1Тогда сказал первосвященник: так ли это?
1ОН гоҳ саркоҳин пурснд: «Оё инҳо рост мегӯянд?»
2Но он сказал: мужи братия и отцы! послушайте. Бог славы явился отцу нашему Аврааму в Месопотамии, прежде переселения его в Харран,
2Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вакте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пещ аз он ки ба Хоррон муҳоҷират кунад» зоҳир шуд
3и сказал ему: выйди из земли твоей и из родства твоего и из дома отца твоего, и пойди в землю, которую покажу тебе.
3«Ва ба ӯ гуфт: "Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сӯи замине ки бату нишон медиҳам, равона шав".
4Тогда он вышел из земли Халдейской и поселился вХарране; а оттуда, по смерти отца его, переселил его Бог в сию землю, в которой вы ныне живете.
4«Аз замини калдониен берун омада, дар Хрррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид
5И не дал ему на ней наследства ни на стопу ноги, а обещал дать ее во владение ему и потомству его по нем, когда еще был он бездетен.
5«Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад.
6И сказал ему Бог, что потомки его будут переселенцами в чужой земле и будут впорабощении и притеснении лет четыреста.
6«Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ хоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб хоҳанд дод.
7Но Я, сказал Бог, произведу суд над тем народом, у которого они будут в порабощении; и после того они выйдут и будут служить Мне на сем месте.
7«Аммо Ман", гуфт Худо, "бар он ҳалқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад» доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард".
8И дал ему завет обрезания. По сем родил он Исаака и обрезал его в восьмой день; а Исаак родил Иакова, Иаков же двенадцать патриархов.
8«Ва ахди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳащтум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид.
9Патриархи, по зависти, продали Иосифа в Египет; но Бог был с ним,
9«Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯҳтанд; Лекин Худо бо ӯ буд
10и избавил его от всех скорбей его, и даровал мудрость ему и благоволение царя Египетского фараона, который и поставил его начальником над Египтом и над всем домом своим.
10«Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср бахшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард.
11И пришел голод и великая скорбь на всю землю Египетскую и Ханаанскую, и отцы наши не находили пропитания.
11«Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.
12Иаков же, услышав, что есть хлеб в Египте, послал туда отцов наших в первый раз.
12«Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;
13А когда они пришли во второй раз, Иосиф открылся братьям своим, и известен стал фараону род Иосифов.
13«Дар сафари дуюм Юсуф ҳудро ба бародаронаш шиносонид, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.
14Иосиф, послав, призвал отца своего Иакова и все родство свое, душ семьдесят пять.
14«Юсуф кас фиристода, падари ҳуд Яъкуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд.
15Иаков перешел в Египет, и скончался сам и отцы наши;
15«Яъқуб ба Миср омад, ва ҳудаш ва падарони мо вафот ёфтанд;
16и перенесены были в Сихем и положены во гробе, который купил Авраам ценою серебра у сынов Еммора Сихемова.
16«Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банйҲамӯри шакемй ба нукраи худ харида буд, дафн карданд.
17А по мере, как приближалось время исполниться обетованию, о котором клялся Бог Аврааму, народ возрастал и умножался в Египте,
17«Баробари наздик омадани вақги ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд,
18до тех пор, как восстал иной царь, который не знал Иосифа.
18«То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт;
19Сей, ухищряясь против рода нашего, притеснял отцов наших, принуждая их бросать детей своих, чтобы неоставались в живых.
19«Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.
20В это время родился Моисей, и был прекрасен пред Богом. Три месяца он был питаем в доме отца своего.
20«Дар он вакт Мусо таваллуд шуд, ки дар наздч Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар ҳонаи падари ҳуд парвариш ёфт;
21А когда был брошен, взяла его дочь фараонова и воспитала его у себя, как сына.
21«Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, дуҳтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард;
22И научен был Моисей всей мудростиЕгипетской, и был силен в словах и делах.
22«Мусо тамоми хикмати Мисрро таълим гирифга, дар сухан ва амал қавӣ шуд.
23Когда же исполнилось ему сорок лет, пришло ему на сердце посетить братьев своих, сынов Израилевых.
23«Вақте ки ӯ чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣИсроилро тафаққуди ҳол кунад;
24И, увидев одного из них обижаемого, вступился и отмстил за оскорбленного, поразив Египтянина.
24«Чун якеро мазлум дид, ӯро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт.
25Он думал, поймут братья его, что Бог рукою его дает им спасение; но они не поняли.
25«Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмнданд.
26На следующий день, когда некоторые из них дрались, он явился и склонял их к миру, говоря: вы братья; зачемобижаете друг друга?
26«Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки мунокиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: "Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро якдигарро меранҷонед?"
27Но обижающий ближнего оттолкнул его, сказав: кто тебя поставил начальником и судьею над нами?
27«Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: "Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?
28Не хочешь ли ты убить и меня, как вчера убил Египтянина?
28"Оё меҳоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?"
29От сих слов Моисей убежал и сделался пришельцем в земле Мадиамской, где родились от него два сына.
29«Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидьён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуд.
30По исполнении сорока лет явился ему в пустыне горы Синая Ангел Господень в пламени горящеготернового куста.
30«Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар шӯълаи буттаи фурӯзон ба ӯ зоҳир шуд.
31Моисей, увидев, дивился видению; а когда подходилрассмотреть, был к нему глас Господень:
31«Мусо, чун дид, аз ин рӯъё дар ҳайрат афтод, ваҳангоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гӯшаш расид:
32Я Бог отцов твоих, Бог Авраама и Бог Исаака и Бог Иакова. Моисей, объятый трепетом, не смел смотреть.
32«"Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам". Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.
33И сказал ему Господь: сними обувь с ног твоих, ибо место, на котором ты стоишь, есть земля святая.
33«Худованд ба ӯ гуфт: "Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст;
34Я вижу притеснение народа Моего в Египте, и слышу стенание его, и нисшел избавить его: итак пойди, Я пошлю тебя в Египет.
34"Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашанд, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фуромадаам; акнун биё, то китуроба Миср бифиристам".
35Сего Моисея, которого они отвергли, сказав: кто тебяпоставил начальником и судьею? сего Бог чрез Ангела, явившегося ему в терновом кусте, послал начальником и избавителем.
35«Ҳамон Мусоро, ки рад карда,гуфта буданд: "Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?", Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод;
36Сей вывел их, сотворив чудеса и знамения в земле Египетской, и в Чермном море, и в пустыне в продолжениесорока лет.
36«Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард.
37Это тот Моисей, который сказал сынамИзраилевым: Пророка воздвигнет вам Господь Бог ваш из братьев ваших, как меня; Его слушайте.
37«Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣИсроил гуфт: "Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён ҳоҳад овард; ба суҳанони Ӯ гӯш диҳед".
38Это тот, который был в собрании в пустыне с Ангелом, говорившим ему на горе Синае, и с отцами нашими, и который принял живые слова, чтобы передать нам,
38«Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ сухан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,
39которому отцы наши не хотели быть послушными, но отринули его и обратились сердцами своими к Египту,
39«Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд
40сказав Аарону: сделай нам богов, которые предшествовали бы нам; ибо с Моисеем, который вывел нас из земли Египетской, не знаем, что случилось.
40«Ва ба Ҳорун гуфтанд: "Барои мо худоене бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст".
41И сделали в те дни тельца, и принесли жертву идолу, и веселились перед делом рук своих.
41«Дар он айём гӯсолае сохтанд ва ба он бут курбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ хеле шод гаштанд.
42Бог же отвратился и оставил их служить воинству небесному, как написано в книге пророков: дом Израилев! приносили ли вы Мне заколения и жертвы в продолжение сорока лет в пустыне?
42«Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст: "Эй ҳонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед?
43Вы приняли скинию Молохову и звезду бога вашего Ремфана, изображения, которые вы сделали, чтобы поклоняться им: и Я переселю вас далее Вавилона.
43"Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард".
44Скиния свидетельства была у отцов наших в пустыне,как повелел Говоривший Моисею сделать ее по образцу, им виденному.
44«Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофики намунае ки дидааст, бисозад.
45Отцы наши с Иисусом, взяв ее, внесли во владения народов, изгнанных Богом от лица отцов наших. Так было до дней Давида.
45«Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вакте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва ҳайма то замони Довуд дар он ҷо монд,
46Сей обрел благодать пред Богом и молил, чтобы найти жилище Богу Иакова.
46«Ки ӯ дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дарҳост намуд, ки маскане барои Худои Яъкуб омода кунад.
47Соломон же построил Ему дом.
47«Вале Сулаймон барои Ӯ хонае сохт.
48Но Всевышний не в рукотворенных храмах живет, какговорит пророк:
48«Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст:
49Небо - престол Мой, и земля - подножие ног Моих. Какой дом созиждете Мне, говорит Господь, или какое место дляпокоя Моего?
49"Осмон", мегӯяд Худованд, "курсии Ман аст, ва замин пойаидози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?
50Не Моя ли рука сотворила все сие?
50"Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?"
51Жестоковыйные! люди с необрезанным сердцем и ушами! вы всегда противитесь Духу Святому, как отцы ваши, так и вы.
51«Эй гарданкашон I Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номаҳтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулкудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:
52Кого из пророков не гнали отцы ваши? Они убилипредвозвестивших пришествие Праведника, Которого предателями и убийцами сделались ныне вы, -
52«Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадаки Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед,
53вы, которые приняли закон при служении Ангелов и несохранили.
53«Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояи он гардан тофтед».
54Слушая сие, они рвались сердцами своими и скрежетали на него зубами.
54Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.
55Стефан же, будучи исполнен Духа Святаго, воззрев на небо, увидел славу Божию и Иисуса, стоящего одесную Бога,
55Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулкудс буд, суи осмон нигариста, ҷалоли Худр ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид
56и сказал: вот, я вижу небеса отверстые и Сына Человеческого, стоящего одесную Бога.
56Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам».
57Но они, закричав громким голосом, затыкали уши свои,и единодушно устремились на него,
57Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд
58и, выведя за город, стали побивать его камнями. Свидетели же положили свои одежды у ног юноши, именем Савла,
58Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои ҳудро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.
59и побивали камнями Стефана, который молился и говорил: Господи Иисусе! приимидух мой.
59Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ дуо мехонду мегуфт: «Эй Исои Худованд! Рӯҳи маро қабул кун».
60И, преклонив колени, воскликнул громким голосом: Господи! не вмени им греха сего. И, сказав сие, почил.
60Сонй зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро баҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ҷон дод.