1Господа, оказывайте рабам должное и справедливое, зная, что и вы имеете Господа на небесах.
1ЭЙ оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Огое дар осмон дореД.
2Будьте постоянны в молитве, бодрствуя в ней с благодарением.
2Доимо бо дуо машгул буда, дар он бо шукргузорй бедор бошед;
3Молитесь также и о нас, чтобы Бог отверз нам дверь для слова, возвещать тайну Христову, за которую я и в узах,
3Дар ҳакки мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандй ҳастам, баён намоем,
4дабы я открыл ее, как должно мне возвещать.
4То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чукон ки баён карданам лозим аст.
5Со внешними обходитесь благоразумно, пользуясь временем.
5Фурсатро ганимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.
6Слово ваше да будет всегда с благодатию, приправлено солью, дабывы знали, как отвечать каждому.
6Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чй гуна ҷавоб диҳед.
7О мне все скажет вам Тихик, возлюбленный брат и верный служитель и сотрудник в Господе,
7Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
8которого я для того послал к вам, чтобы он узнал о ваших обстоятельствах и утешил сердца ваши,
8Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллй диҳад,
9с Онисимом, верным и возлюбленным братом нашим, который от вас. Они расскажут вам о всем здешнем.
9Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.
10Приветствует вас Аристарх, заключенный вместе со мною, и Марк, племянник Варнавы – о котором вы получили приказания: если придет к вам, примите его, –
10Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқӯс, ҷияни Барнаббо, - ки шумо дар бораи ӯ фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазирой кунед, -
11также Иисус, прозываемый Иустом, оба из обрезанных.Они – единственные сотрудники для Царствия Божия, бывшие мне отрадою.
11Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.
12Приветствует вас Епафрас ваш, раб Иисуса Христа, всегда подвизающийся за вас в молитвах, чтобы вы пребыли совершенны и исполнены всем, что угодно Богу.
12Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бакдаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷахд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.
13Свидетельствую о нем, что он имеет великую ревность и заботу о вас и о находящихся в Лаодикии и Иераполе.
13Ва ман дар бораи ӯ шаҳодат медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Хирапӯлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.
14Приветствует вас Лука, врач возлюбленный, и Димас.
14Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
15Приветствуйте братьев в Лаодикии, и Нимфана, и домашнюю церковь его.
15Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед.
16Когда это послание прочитано будет у вас, то распорядитесь, чтобы оно было прочитано ив Лаодикийской церкви; а то, которое из Лаодикии, прочитайте и вы.
16Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.
17Скажите Архиппу: смотри, чтобы тебе исполнить служение, которое ты принял в Господе.
17Ба Архипус бигӯед: "Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ".
18Приветствие моею рукою, Павловою. Помните мои узы. Благодать со всеми вами. Аминь.
18Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар ҳотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.