1Перед праздником Пасхи Иисус, зная, что пришел час Его перейти от мира сего к Отцу, явил делом, что , возлюбив Своих сущих в мире, до конца возлюбил их.
1ПЕШ аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.
2И во время вечери, когда диавол уже вложил в сердце Иуде Симонову Искариоту предать Его,
2Ва дар вакти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад,
3Иисус, зная, что Отец все отдал в руки Его, и что Он от Бога исшел и к Богу отходит,
3Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад,
4встал с вечери, снял с Себя верхнюю одежду и,взяв полотенце, препоясался.
4Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;
5Потом влил воды в умывальницу и начал умывать ноги ученикам и отирать полотенцем, которым был препоясан.
5Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.
6Подходит к Симону Петру, и тот говорит Ему: Господи! Тебе ли умывать мои ноги?
6Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?»
7Иисус сказал ему в ответ: что Я делаю, теперь ты не знаешь, а уразумеешь после.
7Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонй, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид».
8Петр говорит Ему: не умоешь ног моих вовек. Иисус отвечал ему: если не умою тебя, не имеешь части со Мною.
8Петрус ба Ӯгуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест».
9Симон Петр говорит Ему: Господи! не только ноги мои, но и руки и голову.
9Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯӣ».
10Иисус говорит ему: омытому нужно только ноги умыть, потому что чист весь; и вы чисты, но не все.
10Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама».
11Ибо знал Он предателя Своего, потому и сказал: не все вы чисты.
11Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед».
12Когда же умыл им ноги и надел одежду Свою, то, возлегши опять, сказал им: знаете ли, что Я сделал вам?
12Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?
13Вы называете Меня Учителем и Господом, и правильноговорите, ибо Я точно то.
13«Шумо Маро Ӯстод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам.
14Итак, если Я, Господь и Учитель, умыл ноги вам, то и вы должны умывать ноги друг другу.
14«Пас, агар Ман, ки Ӯстод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед:
15Ибо Я дал вам пример, чтобы и вы делали то же, что Я сделал вам.
15«Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
16Истинно, истинно говорю вам: раб не больше господинасвоего, и посланник не больше пославшего его.
16«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест.
17Если это знаете, блаженны вы, когда исполняете.
17«Ҳар гоҳ инро донистед» хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
18Не о всех вас говорю; Я знаю, которых избрал. Но да сбудется Писание: ядущий со Мною хлеб поднял на Меня пяту свою.
18«Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: "Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст".
19Теперь сказываю вам, прежде нежели то сбылось, дабы, когда сбудется, вы поверили, что это Я.
19«Алҳол, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам.
20Истинно, истинно говорю вам: принимающий того, кого Япошлю, Меня принимает; а принимающий Меня принимает Пославшего Меня.
20«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».
21Сказав это, Иисус возмутился духом, и засвидетельствовал, и сказал: истинно, истинно говорю вам, что один из вас предаст Меня.
21Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард».
22Тогда ученики озирались друг на друга, недоумевая, о ком Он говорит.
22Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда» дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд.
23Один же из учеников Его, которого любил Иисус, возлежал у груди Иисуса.
23Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезац: Исо вайро дӯст медошт;
24Ему Симон Петр сделал знак, чтобы спросил, кто это, о котором говорит.
24Шимъӯни Петрус ба вай кшорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.
25Он, припав к груди Иисуса, сказал Ему: Господи! кто это?
25Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?»
26Иисус отвечал: тот, кому Я, обмакнув кусок хлеба, подам. И, обмакнув кусок, подал Иуде Симонову Искариоту.
26Исо ҷавоб дод: Юн аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод.
27И после сего куска вошел в него сатана. Тогда Иисус сказал ему: что делаешь, делай скорее.
27Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун».
28Но никто из возлежавших не понял, к чему Он это сказал ему.
28Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.
29А как у Иуды был ящик, то некоторые думали, что Иисус говорит ему: купи, что нам нужно к празднику, или чтобы дал что-нибудь нищим.
29Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.
30Он, приняв кусок, тотчас вышел; а была ночь.
30Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.
31Когда он вышел, Иисус сказал: ныне прославился Сын Человеческий, и Бог прославился в Нем.
31Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт;
32Если Бог прославился в Нем, то и Бог прославит Его в Себе, и вскоре прославит Его.
32«Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудй Ӯро ҷалол хоҳад дод.
33Дети! недолго уже быть Мне с вами. Будете искать Меня, и, как сказал Я Иудеям, что, куда Я иду, вы не можете придти, так и вам говорю теперь.
33«Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметовонед биёед.
34Заповедь новую даю вам, да любите другдруга; как Я возлюбил вас, так и вы да любите друг друга.
34«Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.
35По тому узнают все, что вы Мои ученики, если будете иметь любовь между собою.
35«Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».
36Симон Петр сказал Ему: Господи! куда Ты идешь? Иисус отвечал ему: куда Я иду, ты не можешь теперь за Мною идти, а после пойдешьза Мною.
36Щимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз акиби Ман хоҳӣ омад».
37Петр сказал Ему: Господи! почему я не могу идти за Тобою теперь? я душу мою положу за Тебя.
37Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард».
38Иисус отвечал ему: душу твою за Меня положишь? истинно, истинно говорю тебе: не пропоет петух, как отречешься от Меня трижды.
38Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард».