1Тогда Пилат взял Иисуса и велел бить Его.
1ОН ГОҲ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад.
2И воины, сплетши венец из терна, возложили Ему на голову, и одели Его в багряницу,
2Ва сарбоаон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд,
3и говорили: радуйся, Царь Иудейский! и били Его по ланитам.
3Ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд.
4Пилат опять вышел и сказал им: вот, я вывожу Его к вам, чтобы вы знали, что я не нахожу в Нем никакой вины.
4Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам».
5Тогда вышел Иисус в терновом венце и в багрянице. И сказал им Пилат : се, Человек!
5Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт: «Инак Он Одам!»
6Когда же увидели Его первосвященники и служители, то закричали: распни, распни Его! Пилат говорит им: возьмите Его вы, и распните; ибо я не нахожу в Нем вины.
6Чун саркоҳинон ва мулозимон Ӯро диданд, фарьед зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, маслуб кунед, зеро ки ман дар Ӯ айбе намеебам».
7Иудеи отвечали ему: мы имеем закон, и по закону нашему Он должен умереть, потому что сделал СебяСыном Божиим.
7Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст».
8Пилат, услышав это слово, больше убоялся.
8Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.
9И опять вошел в преторию и сказал Иисусу: откуда Ты? Но Иисус не дал ему ответа.
9Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт: «ТӮ аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.
10Пилат говорит Ему: мне ли не отвечаешь? не знаешь ли, что я имею власть распять Тебя и власть имею отпустить Тебя?
10Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?»
11Иисус отвечал: ты не имел бы надо Мною никакой власти, если бы не было дано тебе свыше; посему более греха на том, кто предал Меня тебе.
11Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».
12С этого времени Пилат искал отпустить Его. Иудеи же кричали: если отпустишь Его, ты не друг кесарю; всякий, делающий себя царем, противник кесарю.
12Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ӯро озод кунад, лекин яҳудиен фарьйд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунй, дӯсти қайеар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст».
13Пилат, услышав это слово, вывел вон Иисуса и сел на судилище, на месте, называемом Лифостротон, а по-еврейски Гаввафа.
13Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Чабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.
14Тогда была пятница перед Пасхою, и час шестый. Исказал Пилат Иудеям: се, Царь ваш!
14Рӯзи чумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт: «Инак» Подшоҳи щумо!»
15Но они закричали: возьми, возьми, распни Его! Пилат говорит им: Царя ли вашего распну? Первосвященники отвечали: нет у нас царя, кроме кесаря.
15Лекин онҳо фарьёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?» Саркоҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем».
16Тогда наконец он предал Его им на распятие. И взяли Иисуса и повели.
16Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
17И, неся крест Свой, Он вышел на место, называемое Лобное, по-еврейски Голгофа;
17ВаӮ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки "Ҷои косахонаи сар" ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;
18там распяли Его и с Ним двух других, по ту и по другую сторону, а посреди Иисуса.
18Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна.
19Пилат же написал и надпись, и поставил на кресте. Написано было: Иисус Назорей, Царь Иудейский.
19Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшохи Яхудиёт.
20Эту надпись читали многие из Иудеев, потому что место, где был распят Иисус, было недалеко от города,и написано было по-еврейски, по-гречески, по-римски.
20Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро ҳонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.
21Первосвященники же Иудейские сказали Пилату: не пиши: Царь Иудейский, но что Он говорил: Я Царь Иудейский.
21Саркоҳинони яҳудй ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: "Подшоҳи Яҳудиён", балки он чи Ӯ мегуфт: "Манам Подшоҳи Яҳудиён"».
22Пилат отвечал: что я написал, то написал.
22Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам».
23Воины же, когда распяли Иисуса, взяли одежды Его и разделили на четыре части, каждому воину по части, ихитон; хитон же был не сшитый, а весь тканый сверху.
23Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.
24Итак сказали друг другу: не станем раздирать его, а бросим о нем жребий, чей будет, – да сбудется реченное в Писании: разделили ризы Мои между собою и об одежде Моей бросали жребий. Так поступили воины.
24Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кй мешавад», то ки Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд". Ва сарбозон чунин карданд.
25При кресте Иисуса стояли Матерь Его и сестра Матери Его, Мария Клеопова, и Мария Магдалина.
25Дар назди салиби Исо модари Ӯ ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлӯпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд.
26Иисус, увидев Матерь и ученика тут стоящего, которого любил, говорит Матери Своей: Жено! се, сын Твой.
26Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт; «Эй зан! инак писари ту».
27Потом говорит ученику: се, Матерь твоя! И с этого времени ученик сей взял Ее к себе.
27Ва баъд ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
28После того Иисус, зная, что уже все совершилось, да сбудется Писание, говорит: жажду.
28Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам».
29Тут стоял сосуд, полный уксуса. Воины , напоив уксусом губку и наложив на иссоп, поднесли к устам Его.
29Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ӯ бурданд.
30Когда же Иисус вкусил уксуса, сказал: совершилось! И, преклонив главу, предал дух.
30Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.
31Но так как тогда была пятница, то Иудеи, дабы не оставить тел на кресте в субботу, – ибо та суббота была день великий, – просили Пилата, чтобы перебить у них голени и снять их.
31Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва посн фуроваранд.
32Итак пришли воины, и у первого перебили голени, и у другого, распятого с Ним.
32Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ӯ маслуб шуда будашт, шикастанд;
33Но, придя к Иисусу, как увидели Его уже умершим, не перебили у Него голеней,
33Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд,
34но один из воинов копьем пронзил Ему ребра, и тотчас истекла кровь и вода.
34Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
35И видевший засвидетельствовал, и истинно свидетельство его; он знает, что говорит истину, дабы вы поверили.
35Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то ки шумо низ имон оваред.
36Ибо сие произошло, да сбудется Писание: кость Его да не сокрушится.
36Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд".
37Также и в другом месте Писание говорит: воззрят на Того, Которого пронзили.
37Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегуяд: "Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт".
38После сего Иосиф из Аримафеи – ученик Иисуса, но тайный из страха от Иудеев, - просил Пилата, чтобы снять тело Иисуса; и Пилат позволил. Он пошел и снял тело Иисуса.
38Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Часади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт.
39Пришел также и Никодим, – приходивший прежде к Иисусу ночью, – и принес состав из смирны и алоя, литр около ста.
39Ва Ниқудимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард.
40Итак они взяли тело Иисуса и обвили его пеленами с благовониями, как обыкновенно погребают Иудеи.
40Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.
41На том месте, где Он распят, был сад, и в саду гроб новый, в котором еще никто не был положен.
41Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн напгуда буд:
42Там положили Иисуса ради пятницы Иудейской, потому что гроб был близко.
42Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.