Russian 1876

Tajik

John

8

1Иисус же пошел на гору Елеонскую.
1ЛЕКИН Исо ба кӯҳи Зайтун рафт,
2А утром опять пришел в храм, и весь народ шел к Нему. Он сел и учил их.
2Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод.
3Тут книжники и фарисеи привели к Нему женщину, взятую в прелюбодеянии, и, поставив ее посреди,
3Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ииҳода,
4сказали Ему: Учитель! эта женщина взята в прелюбодеянии;
4БаӮгуфтанд: «Ӯстод! Инзандар амали зино дастгир шуд;
5а Моисей в законе заповедал нам побивать таких камнями: Ты что скажешь?
5«Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд: аммо Ту чй мегӯӣ?»
6Говорили же это, искушая Его, чтобы найти что-нибудь к обвинению Его. Но Иисус, наклонившись низко, писал перстом на земле, не обращая на них внимания.
6Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда,бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт.
7Когда же продолжали спрашивать Его, Он, восклонившись,сказал им: кто из вас без греха, первый брось на нее камень.
7Чун дар савол йсрор намуданд, Ӯ рост шуда» ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад».
8И опять, наклонившись низко, писал на земле.
8Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.
9Они же, услышав то и будучи обличаемы совестью, стали уходить один за другим, начиная от старших до последних; и остался один Иисус и женщина, стоящая посреди.
9Чун шуннданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод.
10Иисус, восклонившись и не видя никого, кроме женщины, сказал ей: женщина! где твои обвинители? никто не осудил тебя?
10Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?»
11Она отвечала: никто, Господи. Иисус сказал ей: и Я не осуждаю тебя; иди и впредь не греши.
11Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».
12Опять говорил Иисус к народу и сказал им: Я свет миру; кто последует за Мною, тот не будет ходить во тьме, но будет иметь свет жизни.
12Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро палравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаетро ёбад».
13Тогда фарисеи сказали Ему: Ты Сам о Себе свидетельствуешь, свидетельство Твое не истинно.
13Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳй, шаҳодати Ту рост нест».
14Иисус сказал им в ответ: если Я и Сам о Себе свидетельствую, свидетельство Моеистинно; потому что Я знаю, откуда пришел и куда иду; а вы не знаете, откуда Я и куда иду.
14Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекнн шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам;
15Вы судите по плоти; Я не сужу никого.
15«Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварй намекунам;
16А если и сужу Я, то суд Мой истинен, потому что Я не один, но Я и Отец, пославший Меня.
16«Ва агар Ман доварй кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст;
17А и в законе вашем написано, что двух человек свидетельство истинно.
17«Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст;
18Я Сам свидетельствую о Себе, и свидетельствует о Мне Отец, пославший Меня.
18«Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад».
19Тогда сказали Ему: где Твой Отец? Иисус отвечал: вы не знаете ни Меня, ни Отца Моего; если бы вы знали Меня, то знали бы и Отца Моего.
19Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
20Сии слова говорил Иисус у сокровищницы, когда училв храме; и никто не взял Его, потому что еще не пришел час Его.
20Ин суханонро Исо назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.
21Опять сказал им Иисус: Я отхожу, и будете искать Меня, и умрете во грехевашем. Куда Я иду, туда вы не можете придти.
21Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи ҳуд хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед».
22Тут Иудеи говорили: неужели Он убьет Сам Себя, что говорит: „куда Я иду, вы не можете придти"?
22Яҳудиён гуфтанд: «Наҳод ки Ӯмехоҳад Худро бикушад, ки мегӯяд: "Ба он ҷое ки Мая меравам, шумо наметавонед биёед"?»
23Он сказал им: вы от нижних, Я от вышних; вы от мира сего, Я не от сего мира.
23Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам;
24Потому Я и сказал вам, что вы умрете во грехах ваших; ибо если не уверуете, что это Я, то умрете во грехах ваших.
24«Аз ин сабаб ба щумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои ҳуд хоҳед мурд».
25Тогда сказали Ему: кто же Ты? Иисус сказал им: от начала Сущий, как и говорю вам.
25Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам;
26Много имею говорить и судить о вас; но Пославший Меня есть истинен, и что Я слышал от Него, то и говорю миру.
26«Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳакикист, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям».
27Не поняли, что Он говорил им об Отце.
27Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд.
28Итак Иисус сказал им: когда вознесете Сына Человеческого, тогда узнаете, что это Я и что ничего не делаю от Себя, но как научил Меня Отец Мой, так и говорю.
28Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям;
29Пославший Меня есть со Мною; Отец не оставил Меня одного, ибо Я всегда делаю то, что Емуугодно.
29«Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамешааъмолй писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам».
30Когда Он говорил это, многие уверовали в Него.
30Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ӯ имон оварданд.
31Тогда сказал Иисус к уверовавшим в Него Иудеям: если пребудете в слове Моем, то вы истинно Мои ученики,
31Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд,
32и познаете истину, и истина сделает вас свободными.
32«Ва ростиро хоҳеД шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард».
33Ему отвечали: мы семя Авраамово и не были рабами никому никогда; как же Ты говоришь: сделаетесь свободными?
33Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чй сон Ту мегӯй, ки "озод хоҳед шуд"?»
34Иисус отвечал им: истинно, истинно говорю вам: всякий, делающий грех, есть раб греха.
34Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;
35Но раб не пребывает в доме вечно; сын пребывает вечно.
35«Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад: писар ҳамеша мемонад!;
36Итак, если Сын освободит вас, то истинно свободны будете.
36«Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;
37Знаю, что вы семя Авраамово; однако ищете убить Меня, потому что слово Мое не вмещается в вас.
37«Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад;
38Я говорю то, что видел у Отца Моего; а вы делаете то, что видели у отца вашего.
38«Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед».
39Сказали Ему в ответ: отец наш есть Авраам. Иисус сказал им: если бы вы былидети Авраама, то дела Авраамовы делали бы.
39Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;
40А теперь ищете убить Меня, Человека, сказавшего вам истину, которую слышал от Бога: Авраам этого не делал.
40«Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям: Иброҳим чунин коре накардааст.
41Вы делаете дела отца вашего. На этосказали Ему: мы не от любодеяния рождены; одного Отца имеем, Бога.
41«Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад».
42Иисус сказал им: если бы Бог был Отец ваш, то вы любили бы Меня, потому что Я от Бога исшел и пришел; ибо Я не Сам от Себя пришел, но Он послал Меня.
42Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо Падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам» балки Ӯ Маро фиристод.
43Почему вы не понимаете речи Моей? Потому что не можете слышать слова Моего.
43«Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед.
44Ваш отец диавол; и вы хотите исполнять похоти отца вашего. Он был человекоубийца от начала и не устоял в истине, ибо нет в нем истины. Когда говорит он ложь, говорит свое, ибо он лжец иотец лжи.
44«Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростй собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд» зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.
45А как Я истину говорю, то не верите Мне.
45«Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям» ба Ман имон намеоваред,
46Кто из вас обличит Меня в неправде? Если же Я говорю истину, почему вы не верите Мне?
46«Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред?
47Кто от Бога, тот слушает слова Божии. Вы потому не слушаете, что вы не от Бога.
47«Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
48На это Иудеи отвечали и сказали Ему: не правду ли мы говорим, что Ты Самарянин и что бес в Тебе?
48Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
49Иисус отвечал: во Мне беса нет; но Я чту Отца Моего, а вы бесчестите Меня.
49Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;
50Впрочем Я не ищу Моей славы: есть Ищущий и Судящий.
50«Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад;
51Истинно, истинно говорю вам: кто соблюдет слово Мое, тот не увидит смерти вовек.
51«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид».
52Иудеи сказали Ему: теперь узнали мы, что бес в Тебе. Авраам умер и пророки, а Ты говоришь: кто соблюдет слово Мое, тот не вкусит смерти вовек.
52Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегӯй: "Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад зоиқаи маргро нахоҳад чашид"».
53Неужели Ты больше отца нашего Авраама, который умер? и пророки умерли: чем Ты Себя делаешь?
53«Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонй?»
54Иисус отвечал: если Я Сам Себя славлю, то слава Моя ничто. Меня прославляет Отец Мой, о Котором вы говорите, что Он Бог ваш.
54Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол мебахшад, ки дар ҳаққи Ӯ шумо мегӯед: Ӯ Худои мост";
55И вы не познали Его, а Я знаю Его;и если скажу, что не знаю Его, то будуподобный вам лжец. Но Я знаю Его и соблюдаю слово Его.
55«Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигуям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам;
56Авраам, отец ваш, рад был увидеть день Мой; и увидел и возрадовался.
56«Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид».
57На это сказали Ему Иудеи: Тебе нет еще пятидесяти лет, – и Ты видел Авраама?
57Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?»
58Иисус сказал им: истинно, истинно говорю вам: прежде нежели был Авраам, Я есмь.
58Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам».
59Тогда взяли каменья, чтобы бросить на Него; но Иисус скрылся и вышел из храма, пройдя посреди них, и пошел далее.
59Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.