1ВА ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ.
1وانا ايها الاخوة لم استطع ان اكلمكم كروحيين بل كجسديين كاطفال في المسيح.
2Ва шуморо шир хӯрондам, на ғизои саҳт, зеро ки шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,
2سقيتكم لبنا لا طعاما لانكم لم تكونوا بعد تستطيعون بل الآن ايضا لا تستطيعون
3Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?
3لانكم بعد جسديون. فانه اذ فيكم حسد وخصام وانشقاق ألستم جسديين وتسلكون بحسب البشر.
4Зеро, вақте ки яке: "Ман аз они Павлус ҳастам" ва дигаре: "Ман аз они Апӯллӯс" мегӯяд, - оё шумо ҷисмонӣ нестед?
4لانه متى قال واحد انا لبولس وآخر انا لأبلوس أفلستم جسديين
5Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.
5فمن هو بولس ومن هو أبلوس. بل خادمان آمنتم بواسطتهما وكما اعطى الرب لكل واحد.
6Ман кишт кардам, Аиӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид;
6انا غرست وأبلوس سقى لكن الله كان ينمي.
7Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.
7اذا ليس الغارس شيئا ولا الساقي بل الله الذي ينمي.
8Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт.
8والغارس والساقي هما واحد ولكن كل واحد سيأخذ اجرته بحسب تعبه.
9Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.
9فاننا نحن عاملان مع الله وانتم فلاحة الله. بناء الله.
10Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсй ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад.
10حسب نعمة الله المعطاة لي كبنّاء حكيم قد وضعت اساسا وآخر يبني عليه. ولكن فلينظر كل واحد كيف يبني عليه.
11Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.
11فانه لا يستطيع احد ان يضع اساسا آخر غير الذي وضع الذي هو يسوع المسيح.
12Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чӯб, хасбеда, пахол бино кунад, -
12ولكن ان كان احد يبني على هذا الاساس ذهبا فضة حجارة كريمة خشبا عشبا قشا
13Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад Дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.
13فعمل كل واحد سيصير ظاهرا لان اليوم سيبيّنه. لانه بنار يستعلن وستمتحن النار عمل كل واحد ما هو.
14Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт;
14ان بقي عمل احد قد بناه عليه فسيأخذ اجرة.
15Ва агар амали касе бисӯзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад.
15ان احترق عمل احد فسيخسر واما هو فسيخلص ولكن كما بنار.
16Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст?
16أما تعلمون انكم هيكل الله وروح الله يسكن فيكم.
17Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонаваярон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.
17ان كان احد يفسد هيكل الله فسيفسده الله لان هيكل الله مقدس الذي انتم هو.
18Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.
18لا يخدعنّ احد نفسه. ان كان احد يظن انه حكيم بينكم في هذا الدهر فليصر جاهلا لكي يصير حكيما.
19Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: "Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад".
19لان حكمة هذا العالم هي جهالة عند الله لانه مكتوب الآخذ الحكماء بمكرهم.
20Ва боз: "Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст".
20وايضا الرب يعلم افكار الحكماء انها باطلة.
21Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост:
21اذا لا يفتخرنّ احد بالناس. فان كل شيء لكم.
22Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда - ҳамааш аз они шумост;
22أبولس ام أبلوس ام صفا ام العالم ام الحياة ام الموت ام الاشياء الحاضرة ام المستقبلة كل شيء لكم.
23Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ - аз они Худо.
23واما انتم فللمسيح والمسيح لله