Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

2 Corinthians

3

1НАХОД ки мо боз худро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем?
1أفنبتدئ نمدح انفسنا ام لعلنا نحتاج كقوم رسائل توصية اليكم او رسائل توصية منكم.
2Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд;
2انتم رسالتنا مكتوبة في قلوبنا معروفة ومقروءة من جميع الناس
3Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиехӣ, балки бо Рӯҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст.
3ظاهرين انكم رسالة المسيح مخدومة منا مكتوبة لا بحبر بل بروح الله الحي . لا في الواح حجرية بل في الواح قلب لحمية
4Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ,
4ولكن لنا ثقة مثل هذه بالمسيح لدى الله.
5На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,
5ليس اننا كفاة من انفسنا ان نفتكر شيئا كانه من انفسنا بل كفايتنا من الله
6Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Чадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.
6الذي جعلنا كفاة لان نكون خدام عهد جديد. لا الحرف بل الروح. لان الحرف يقتل ولكن الروح يحيي.
7Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣИсроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки фонӣ буд, -
7ثم ان كانت خدمة الموت المنقوشة باحرف في حجارة قد حصلت في مجد حتى لم يقدر بنو اسرائيل ان ينظروا الى وجه موسى لسبب مجد وجهه الزائل
8Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?
8فكيف لا تكون بالأولى خدمة الروح في مجد.
9Зеро, агар хизмати маҳкумкунй ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад.
9لانه ان كانت خدمة الدينونة مجدا فبالأولى كثيرا تزيد خدمة البر في مجد.
10Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт.
10فان الممجد ايضا لم يمجد من هذا القبيل لسبب المجد الفائق.
11Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад.
11لانه ان كان الزائل في مجد فبالأولى كثيرا يكون الدائم في مجد
12Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем,
12فاذ لنا رجاء مثل هذا نستعمل مجاهرة كثيرة.
13Ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то ки банӣИсроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд.
13وليس كما كان موسى يضع برقعا على وجهه لكي لا ينظر بنو اسرائيل الى نهاية الزائل.
14Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад.
14بل أغلظت اذهانهم لانه حتى اليوم ذلك البرقع نفسه عند قراءة العهد العتيق باق غير منكشف الذي يبطل في المسيح.
15То имрӯз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст;
15لكن حتى اليوم حين يقرأ موسى البرقع موضوع على قلبهم.
16Аммо вакте ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад.
16ولكن عندما يرجع الى الرب يرفع البرقع.
17Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист.
17واما الرب فهو الروح وحيث روح الرب هناك حرية.
18Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.
18ونحن جميعا ناظرين مجد الرب بوجه مكشوف كما في مرآة نتغيّر الى تلك الصورة عينها من مجد الى مجد كما من الرب الروح