1АММО дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимоки козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.
1ولكن كان ايضا في الشعب انبياء كذبة كما سيكون فيكم ايضا معلّمون كذبة الذين يدسّون بدع هلاك واذ هم ينكرون الرب الذي اشتراهم يجلبون على انفسهم هلاكا سريعا.
2Ва бисьёр касон фиску фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир ҳоҳад шуд.
2وسيتبع كثيرون تهلكاتهم. الذين بسببهم يجدف على طريق الحق.
3Ва аз рӯи тамаъкорй бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.
3وهم في الطمع يتّجرون بكم باقوال مصنعة الذين دينونتهم منذ القديم لا تتوانى وهلاكهم لا ينعس.
4Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки оиҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд;
4لانه ان كان الله لم يشفق على ملائكة قد اخطأوا بل في سلاسل الظلام طرحهم في جهنم وسلمهم محروسين للقضاء
5Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолаг буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард;
5ولم يشفق على العالم القديم بل انما حفظ نوحا ثامنا كارزا للبر اذ جلب طوفانا على عالم الفجار.
6Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,
6واذ رمّد مدينتي سدوم وعمورة حكم عليهما بالانقلاب واضعا عبرة للعتيدين ان يفجروا
7Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, -
7وانقذ لوطا البار مغلوبا من سيرة الاردياء في الدعارة.
8Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корхои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд, -
8اذ كان البار بالنظر والسمع وهو ساكن بينهم يعذب يوما فيوما نفسه البارة بالافعال الاثيمة.
9Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад,
9يعلم الرب ان ينقذ الاتقياء من التجربة ويحفظ الاثمة الى يوم الدين معاقبين
10Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои кабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохй ва худсарй мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,
10ولا سيما الذين يذهبون وراء الجسد في شهوة النجاسة ويستهينون بالسيادة. جسورون معجبون بانفسهم لا يرتعبون ان يفتروا على ذوي الامجاد
11Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд.
11حيث ملائكة وهم اعظم قوة وقدرة لا يقدمون عليهم لدى الرب حكم افتراء.
12Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф гаваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд,
12اما هؤلاء فكحيوانات غير ناطقة طبيعية مولودة للصيد والهلاك يفترون على ما يجهلون فسيهلكون في فسادهم
13Ва подонш шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои ҳуд лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд.
13آخذين اجرة الاثم. الذين يحسبون تنعم يوم. لذة ادناس وعيوب يتنعمون في غرورهم صانعين ولائم معكم.
14Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.
14لهم عيون مملوءة فسقا لا تكف عن الخطية خادعون النفوس غير الثابتة. لهم قلب متدرب في الطمع. اولاد اللعنة.
15Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд ва аз паи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт.
15قد تركوا الطريق المستقيم فضلّوا تابعين طريق بلعام بن بصور الذي احب اجرة الاثم.
16Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан ронда, девонагии набиро боздошт.
16ولكنه حصل على توبيخ تعديه اذ منع حماقة النبي حمار اعجم ناطقا بصوت انسان.
17Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онхо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст.
17هؤلاء هم آبار بلا ماء غيوم يسوقها النوء. الذين قد حفظ لهم قتام الظلام الى الابد.
18Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;
18لانهم اذ ينطقون بعظائم البطل يخدعون بشهوات الجسد في الدعارة من هرب قليلا من الذين يسيرون في الضلال
19Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст.
19واعدين اياهم بالحرية وهم انفسهم عبيد الفساد. لان ما انغلب منه احد فهو له مستعبد ايضا.
20Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад.
20لانه اذا كانوا بعدما هربوا من نجاسات العالم بمعرفة الرب والمخلّص يسوع المسيح يرتبكون ايضا فيها فينغلبون فقد صارت لهم الاواخر اشر من الاوائل.
21Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба оиҳо супурда шулааст, рӯй гардонанд.
21لانه كان خيرا لهم لو لم يعرفوا طريق البر من انهم بعدما عرفوا يرتدّون عن الوصية المقدسة المسلمة لهم.
22Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: "Саг ба қаи худ баргашт", ва: "Хук баъд аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад".
22قد اصابهم ما في المثل الصادق كلب قد عاد الى قيئه وخنزيرة مغتسلة الى مراغة الحمأة