1БА ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,
1اخيرا ايها الاخوة صّلوا لاجلنا لكي تجري كلمة الرب وتتمجد كما عندكم ايضا.
2Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.
2ولكي ننقذ من الناس الاردياء الاشرار. لان الايمان ليس للجميع.
3Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.
3امين هو الرب الذي سيثبتكم ويحفظكم من الشرير.
4Ва мо ба шумо дар Худованд зътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.
4ونثق بالرب من جهتكم انكم تفعلون ما نوصيكم به وستفعلون ايضا.
5Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худр ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.
5والرب يهدي قلوبكم الى محبة الله والى صبر المسيح
6Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,
6ثم نوصيكم ايها الاخوة باسم ربنا يسوع المسيح ان تتجنبوا كل اخ يسلك بلا ترتيب وليس حسب التعليم الذي اخذه منا.
7Зеро худи шумо медонед, ки чй гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем:
7اذ انتم تعرفون كيف يجب ان يتمثل بنا لاننا لم نسلك بلا ترتيب بينكم
8Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, -
8ولا اكلنا خبزا مجانا من احد بل كنا نشتغل بتعب وكد ليلا ونهارا لكي لا نثقل على احد منكم.
9На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.
9ليس ان لا سلطان لنا بل لكي نعطيكم انفسنا قدوة حتى تتمثلوا بنا.
10Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад.
10فاننا ايضا حين كنا عندكم اوصيناكم بهذا انه ان كان احد لا يريد ان يشتغل فلا ياكل ايضا.
11Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд |мекунанд;
11لاننا نسمع ان قوما يسلكون بينكم بلا ترتيب لا يشتغلون شيئا بل هم فضوليون.
12Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд.
12فمثل هؤلاء نوصيهم ونعظهم بربنا يسوع المسيح ان يشتغلوا بهدوء ويأكلوا خبز انفسهم.
13Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.
13اما انتم ايها الاخوة فلا تفشلوا في عمل الخير.
14Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, - ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад;
14وان كان احد لا يطيع كلامنا بالرسالة فسموا هذا ولا تخالطوه لكي يخجل.
15Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.
15ولكن لا تحسبوه كعدو بل انذروه كأخ.
16Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагй ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!
16ورب السلام نفسه يعطيكم السلام دائما من كل وجه. الرب مع جميعكم
17Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:
17السلام بيدي انا بولس الذي هو علامة في كل رسالة. هكذا انا اكتب.
18Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.
18نعمة ربنا يسوع المسيح مع جميعكم. آمين