1ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,
1بولس رسول يسوع المسيح بمشيئة الله لاجل وعد الحياة التي في يسوع المسيح
2Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
2الى تيموثاوس الابن الحبيب. نعمة ورحمة وسلام من الله الآب والمسيح يسوع ربنا
3Шукргузорй менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.
3اني اشكر الله الذي اعبده من اجدادي بضمير طاهر كما اذكرك بلا انقطاع في طلباتي ليلا ونهارا
4Шавқманди дидори ту ҳастам, - дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, - то аз шодӣ пур шавам,
4مشتاقا ان اراك ذاكرا دموعك لكي امتلئ فرحا
5Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст.
5اذ اتذكر الايمان العديم الرياء الذي فيك الذي سكن اولا في جدتك لوئيس وامك افنيكي ولكني موقن انه فيك ايضا.
6Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоинш Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;
6فلهذا السبب اذكّرك ان تضرم ايضا موهبة الله التي فيك بوضع يديّ.
7Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.
7لان الله لم يعطنا روح الفشل بل روح القوة والمحبة والنصح
8Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, ор дор,балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,
8فلا تخجل بشهادة ربنا ولا بي انا اسيره بل اشترك في احتمال المشقات لاجل الانجيل بحسب قوة الله
9Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз ааал дар Исои Масеҳ ато шудааст,
9الذي خلّصنا ودعانا دعوة مقدسة لا بمقتضى اعمالنا بل بمقتضى القصد والنعمة التي أعطيت لنا في المسيح يسوع قبل الازمنة الازلية
10Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард,
10وانما أظهرت الآن بظهور مخلّصنا يسوع المسيح الذي ابطل الموت وانار الحياة والخلود بواسطة الانجيل
11Ки барои он ман воиз ва ҳавворй ва муаллими халқҳо таъин шудаам.
11الذي جعلت انا له كارزا ورسولا ومعلّما للامم.
12Ба ин сабаб ман чунин укубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.
12لهذا السبب احتمل هذه الامور ايضا لكنني لست اخجل لانني عالم بمن آمنت وموقن انه قادر ان يحفظ وديعتي الى ذلك اليوم
13Намунаи суҳанони солимро, ки аз ман шунидай, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравй намо.
13تمسك بصورة الكلام الصحيح الذي سمعته مني في الايمان والمحبة التي في المسيح يسوع.
14Он амонати некро ба воситаи Руҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.
14احفظ الوديعة الصالحة بالروح القدس الساكن فينا
15Ту медонй, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк карданд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.
15انت تعلم هذا ان جميع الذين في اسيا ارتدّوا عني الذين منهم فيجلّس وهرموجانس.
16Худованд ба аҳли хонаи Анисифӯрус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро дилдорй дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,
16ليعط الرب رحمة لبيت انيسيفورس لانه مرارا كثيرة اراحني ولم يخجل بسلسلتي
17Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро чустуҷӯ намуда, ёфт.
17بل لما كان في رومية طلبني باوفر اجتهاد فوجدني.
18Худованд ба ӯ ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рӯз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки у дар Эфсӯс барои ман кардааст, ту хубтар медонй.
18ليعطه الرب ان يجد رحمة من الرب في ذلك اليوم. وكل ما كان يخدم في افسس انت تعرفه جيدا