1ПАС, туро ба қузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам,
1انا اناشدك اذا امام الله والرب يسوع المسيح العتيد ان يدين الاحياء والاموات عند ظهوره وملكوته
2Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақги муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорй ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.
2اكرز بالكلمة اعكف على ذلك في وقت مناسب وغير مناسب. وبّخ انتهر عظ بكل اناة وتعليم.
3Зеро замоне фаро Ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;
3لانه سيكون وقت لا يحتملون فيه التعليم الصحيح بل حسب شهواتهم الخاصة يجمعون لهم معلّمين مستحكة مسامعهم
4Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ ҳоҳанд овард.
4فيصرفون مسامعهم عن الحق وينحرفون الى الخرافات.
5Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо.
5واما انت فاصح في كل شيء. احتمل المشقات. اعمل عمل المبشر. تمم خدمتك
6Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.
6فاني انا الآن اسكب سكيبا ووقت انحلالي قد حضر.
7Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
7قد جاهدت الجهاد الحسن اكملت السعي حفظت الايمان
8Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайе гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зухури Ӯро дӯст доштаанд.
8واخيرا قد وضع لي اكليل البر الذي يهبه لي في ذلك اليوم الرب الديان العادل وليس لي فقط بل لجميع الذين يحبون ظهوره ايضا
9Саъю кӯшиш намо, ки ба зудй назди ман биёӣ.
9بادر ان تجيء اليّ سريعا
10Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Қрисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус - ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.
10لان ديماس قد تركني اذ احب العالم الحاضر وذهب الى تسالونيكي وكريسكيس الى غلاطية وتيطس الى دلماطية.
11Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.
11لوقا وحده معي. خذ مرقس واحضره معك لانه نافع لي للخدمة.
12Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам.
12اما تيخيكس فقد ارسلته الى افسس.
13Хднгоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд.
13الرداء الذي تركته في ترواس عند كاربس احضره متى جئت والكتب ايضا ولا سيما الرقوق.
14Искандари мисгар ба ман бисьёр бадй кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ хоҳад дод.
14اسكندر النحّاس اظهر لي شرورا كثيرة. ليجازه الرب حسب اعماله.
15Ту низ аз ӯ эҳтиет шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард.
15فاحتفظ منه انت ايضا لانه قاوم اقوالنا جدا.
16Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!
16في احتجاجي الاول لم يحضر احد معي بل الجميع تركوني. لا يحسب عليهم.
17Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавй кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.
17ولكن الرب وقف معي وقواني لكي تتم بي الكرازة ويسمع جميع الامم فأنقذت من فم الاسد.
18Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
18وسينقذني الرب من كل عمل رديء ويخلّصني لملكوته السماوي. الذي له المجد الى دهر الدهور. آمين
19Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон.
19سلم على فرسكا واكيلا وبيت انيسيفورس.
20Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам.
20اراستس بقي في كورنثوس. واما تروفيمس فتركته في ميليتس مريضا.
21Саъго кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёй. Ӯвулус ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.
21بادر ان تجيء قبل الشتاء. يسلم عليك افبولس وبوديس ولينس وكلافدية والاخوة جميعا.
22Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.
22الرب يسوع المسيح مع روحك. النعمة معكم. آمين