1БА Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонй буд,
1ثم وصل الى دربة ولسترة واذا تلميذ كان هناك اسمه تيموثاوس ابن امرأة يهودية مؤمنة ولكن اباه يوناني.
2Ва бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд.
2وكان مشهودا له من الاخوة الذين في لسترة وايقونية.
3Павлус майл дошт ӯро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба ҳотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатиа кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонй буд.
3فاراد بولس ان يخرج هذا معه فاخذه وختنه من اجل اليهود الذين في تلك الاماكن لان الجميع كانوا يعرفون اباه انه يوناني.
4Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд.
4واذ كانوا يجتازون في المدن كانوا يسلمونهم القضايا التي حكم بها الرسل والمشايخ الذين في اورشليم ليحفظوها.
5Калисоҳо дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд.
5فكانت الكنائس تتشدد في الايمان وتزداد في العدد كل يوم.
6Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулкудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд.
6وبعدما اجتازوا في فريجية وكورة غلاطية منعهم الروح القدس ان يتكلموا بالكلمة في اسيا.
7Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанй шуданд, Лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод.
7فلما أتوا الى ميسيا حاولوا ان يذهبوا الى بيثينية فلم يدعهم الروح.
8Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд.
8فمروا على ميسيا وانحدروا الى ترواس.
9Ҳамон шаб ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак шаҳсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон».
9وظهرت لبولس رؤيا في الليل رجل مكدوني قائم يطلب اليه ويقول اعبر الى مكدونية وأعنا.
10Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанй шудем, зеро яқин донистем,ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем.
10فلما رأى الرؤيا للوقت طلبنا ان نخرج الى مكدونية متحققين ان الرب قد دعانا لنبشرهم
11Аз Трӯос бо киштй рафта, рост ба Сомӯтрокй расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпӯлис равона шудем;
11فاقلعنا من ترواس وتوجهنا بالاستقامة الى ساموثراكي وفي الغد الى نيابوليس.
12Аз он ҷо ба Филиппй рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнищин буд; дар он шаҳр якчанд рӯз истодем.
12ومن هناك الى فيلبي التي هي اول مدينة من مقاطعة مكدونية وهي كولونية. فاقمنا في هذه المدينة اياما.
13Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугӯ кардем.
13وفي يوم السبت خرجنا الى خارج المدينة عند نهر حيث جرت العادة ان تكون صلاة فجلسنا وكنا نكلم النساء اللواتي اجتمعن.
14Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад.
14فكانت تسمع امرأة اسمها ليدية بياعة ارجوان من مدينة ثياتيرا متعبدة لله ففتح الرب قلبها لتصغي الى ما كان يقوله بولس.
15Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо якин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.
15فلما اعتمدت هي واهل بيتها طلبت قائلة ان كنتم قد حكمتم اني مؤمنة بالرب فادخلوا بيتي وامكثوا. فالزمتنا
16Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯй ба оғоёни худ даромади калоне меовард.
16وحدث بينما كنا ذاهبين الى الصلاة ان جارية بها روح عرافة استقبلتنا. وكانت تكسب مواليها مكسبا كثيرا بعرافتها.
17Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо ҳабар медиҳанд.
17هذه اتبعت بولس وإيانا وصرخت قائلة هؤلاء الناس هم عبيد الله العلي الذين ينادون لكم بطريق الخلاص.
18Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад.
18وكانت تفعل هذا اياما كثيرة. فضجر بولس والتفت الى الروح وقال انا آمرك باسم يسوع المسيح ان تخرج منها. فخرج في تلك الساعة
19Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;
19فلما رأى مواليها انه قد خرج رجاء مكسبهم امسكوا بولس وسيلا وجروهما الى السوق الى الحكام.
20Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд
20واذ أتوا بهما الى الولاة قالوا هذان الرجلان يبلبلان مدينتنا وهما يهوديان
21«Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, чоиз нест».
21ويناديان بعوائد لا يجوز لنا ان نقبلها ولا نعمل بها اذ نحن رومانيون.
22Мардум низ бар онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд;
22فقام الجمع معا عليهما ومزق الولاة ثيابهما وامروا ان يضربا بالعصي.
23Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигаҳбонӣ кунад;
23فوضعوا عليهما ضربات كثيرة والقوهما في السجن واوصوا حافظ السجن ان يحرسهما بضبط.
24Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндони дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.
24وهو اذ اخذ وصية مثل هذه القاهما في السجن الداخلي وضبط ارجلهما في المقطرة
25Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.
25ونحو نصف الليل كان بولس وسيلا يصلّيان ويسبحان الله والمسجونون يسمعونهما.
26Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.
26فحدث بغتة زلزلة عظيمة حتى تزعزعت اساسات السجن. فانفتحت في الحال الابواب كلها وانفكت قيود الجميع.
27Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гуреҳта рафтаанд.
27ولما استيقظ حافظ السجن ورأى ابواب السجن مفتوحة استل سيفه وكان مزمعا ان يقتل نفسه ظانا ان المسجونين قد هربوا.
28Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем».
28فنادى بولس بصوت عظيم قائلا لا تفعل بنفسك شيئا رديّا لان جميعنا ههنا.
29Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод;
29فطلب ضوءا واندفع الى داخل وخرّ لبولس وسيلا وهو مرتعد.
30Сонй онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?»
30ثم اخرجهما وقال يا سيدي ماذا ينبغي ان افعل لكي اخلص.
31Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт».
31فقالا آمن بالرب يسوع المسيح فتخلص انت واهل بيتك.
32Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд.
32وكلماه وجميع من في بيته بكلمة الرب.
33Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд,
33فاخذهما في تلك الساعة من الليل وغسلهما من الجراحات واعتمد في الحال هو والذين له اجمعون.
34Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.
34ولما اصعدهما الى بيته قدم لهما مائدة وتهلل مع جميع بيته اذ كان قد آمن بالله
35Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигӯянд: «Он шахсонро ҷавоб деҳ».
35ولما صار النهار ارسل الولاة الجلادين قائلين اطلق ذينك الرجلين.
36Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед».
36فاخبر حافظ السجن بولس بهذا الكلام ان الولاة قد ارسلوا ان تطلقا فاخرجا الآن واذهبا بسلام.
37Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонй ҷавоб диҳанд? Не, бигзор ҳудашон омада, моро берун оваранд».
37فقال لهم بولس ضربونا جهرا غير مقضي علينا ونحن رجلان رومانيان وألقونا في السجن. أفالآن يطردوننا سرّا. كلا. بل ليأتوا هم انفسهم ويخرجونا.
38Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румй ҳастанд, ба ҳарос афтоданд
38فاخبر الجلادون الولاة بهذا الكلام فاختشوا لما سمعوا انهما رومانيان.
39Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд.
39فجاءوا وتضرعوا اليهما واخرجوهما وسألوهما ان يخرجا من المدينة.
40Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.
40فخرجا من السجن ودخلا عند ليدية فابصرا الاخوة وعزياهم ثم خرجا