1ПАС, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;
1فان كنتم قد قمتم مع المسيح فاطلبوا ما فوق حيث المسيح جالس عن يمين الله.
2Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
2اهتموا بما فوق لا بما على الارض.
3Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаети шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:
3لانكم قد متم وحياتكم مستترة مع المسيح في الله.
4Вакте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.
4متى اظهر المسيح حياتنا فحينئذ تظهرون انتم ايضا معه في المجد
5Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед,
5فاميتوا اعضاءكم التي على الارض الزنى النجاسة الهوى الشهوة الرديّة الطمع الذي هو عبادة الاوثان
6Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд,
6الامور التي من اجلها يأتي غضب الله على ابناء المعصية
7Ки шумо низ як вакте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед.
7الذين بينهم انتم ايضا سلكتم قبلا حين كنتم تعيشون فيها.
8Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, газаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;
8واما الآن فاطرحوا عنكم انتم ايضا الكل الغضب السخط الخبث التجديف الكلام القبيح من افواهكم.
9Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед
9لا تكذبوا بعضكم على بعض اذ خلعتم الانسان العتيق مع اعماله
10Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад,
10ولبستم الجديد الذي يتجدد للمعرفة حسب صورة خالقه
11Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудй, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.
11حيث ليس يوناني ويهودي ختان وغرلة بربري وسكيثي عبد حر بل المسيح الكل وفي الكل
12Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанй ва пурсабриро дар бар кунед,
12فالبسوا كمختاري الله القديسين المحبوبين احشاء رأفات ولطفا وتواضعا ووداعة وطول اناة
13Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
13محتملين بعضكم بعضا ومسامحين بعضكم بعضا ان كان لاحد على احد شكوى. كما غفر لكم المسيح هكذا انتم ايضا.
14Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст;
14وعلى جميع هذه البسوا المحبة التي هي رباط الكمال
15Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.
15وليملك في قلوبكم سلام الله الذي اليه دعيتم في جسد واحد. وكونوا شاكرين
16Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.
16لتسكن فيكم كلمة المسيح بغنى وانتم بكل حكمة معلّمون ومنذرون بعضكم بعضا بمزامير وتسابيح واغاني روحية بنعمة مترنمين في قلوبكم للرب
17Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.
17وكل ما عملتم بقول او فعل فاعملوا الكل باسم الرب يسوع شاكرين الله والآب به
18Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.
18ايتها النساء اخضعن لرجالكنّ كما يليق في الرب.
19Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед.
19ايها الرجال احبوا نساءكم ولا تكونوا قساة عليهنّ
20Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст.
20ايها الاولاد اطيعوا والديكم في كل شيء لان هذا مرضي في الرب
21Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд.
21ايها الآباء لا تغيضوا اولادكم لئلا يفشلوا.
22Эй ғуломон, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилй ва бо тарси Худо.
22ايها العبيد اطيعوا في كل شيء سادتكم حسب الجسد لا بخدمة العين كمن يرضي الناس بل ببساطة القلب خائفين الرب.
23Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,
23وكل ما فعلتم فاعملوا من القلب كما للرب ليس للناس
24Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд хизмат мекунед.
24عالمين انكم من الرب ستأخذون جزاء الميراث. لانكم تخدمون الرب المسيح.
25Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош ҳоҳад гирифт: Ӯ рӯйбинӣ надорад.
25واما الظالم فسينال ما ظلم به وليس محاباة