1ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:
1بولس رسول يسوع المسيح بمشيئة الله الى القديسين الذين في افسس والمؤمنون في المسيح يسوع
2Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
2نعمة لكم وسلام من الله ابينا والرب يسوع المسيح
3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,
3مبارك الله ابو ربنا يسوع المسيح الذي باركنا بكل بركة روحية في السماويات في المسيح
4Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббаг муқаддас ва беайб бошем.
4كما اختارنا فيه قبل تأسيس العالم لنكون قديسين وبلا لوم قدامه في المحبة
5Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,
5اذ سبق فعيّننا للتبني بيسوع المسيح لنفسه حسب مسرة مشيئته
6Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандй бахшидааст.
6لمدح مجد نعمته التي انعم بها علينا في المحبوب
7Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
7الذي فيه لنا الفداء بدمه غفران الخطايا حسب غنى نعمته
8Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ,
8التي اجزلها لنا بكل حكمة وفطنة
9Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд.
9اذ عرّفنا بسر مشيئته حسب مسرته التي قصدها في نفسه
10Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард.
10لتدبير ملء الازمنة ليجمع كل شيء في المسيح ما في السموات وما على الارض في ذاك
11Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакй муайян шуда будем,
11الذي فيه ايضا نلنا نصيبا معيّنين سابقا حسب قصد الذي يعمل كل شيء حسب رأي مشيئته
12То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.
12لنكون لمدح مجده نحن الذين قد سبق رجاؤنا في المسيح.
13Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед,
13الذي فيه ايضا انتم اذ سمعتم كلمة الحق انجيل خلاصكم الذي فيه ايضا اذ آمنتم ختمتم بروح الموعد القدوس
14Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.
14الذي هو عربون ميراثنا لفداء المقتنى لمدح مجده
15Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,
15لذلك انا ايضا اذ قد سمعت بايمانكم بالرب يسوع ومحبتكم نحو جميع القديسين
16Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва пгуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам,
16لا ازال شاكرا لاجلكم ذاكرا اياكم في صلواتي
17То ки Худои Исои Масеҳи Худовағди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд,
17كي يعطيكم اله ربنا يسوع المسيح ابو المجد روح الحكمة والاعلان في معرفته
18Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,
18مستنيرة عيون اذهانكم لتعلموا ما هو رجاء دعوته وما هو غنى مجد ميراثه في القديسين
19Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст,
19وما هي عظمة قدرته الفائقة نحونا نحن المؤمنين حسب عمل شدة قوته
20Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд,
20الذي عمله في المسيح اذ اقامه من الاموات واجلسه عن يمينه في السماويات
21Болотар аз ҳар сарварй, ва ҳукуматдорй, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад,
21فوق كل رياسة وسلطان وقوة وسيادة وكل اسم يسمى ليس في هذا الدهر فقط بل في المستقبل ايضا
22Ва ҳама чизро|зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,
22واخضع كل شيء تحت قدميه واياه جعل راسا فوق كل شيء للكنيسة
23Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
23التي هي جسده ملء الذي يملأ الكل في الكل