1ИМОН эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.
1واما الايمان فهو الثقة بما يرجى والايقان بامور لا ترى.
2Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.
2فانه في هذه شهد للقدماء.
3Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.
3بالايمان نفهم ان العالمين أتقنت بكلمة الله حتى لم يتكون ما يرى مما هو ظاهر.
4Бо имон Ҳобил ба Худо, назар оа Қобил, курбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.
4بالايمان قدم هابيل للّه ذبيحة افضل من قايين. فبه شهد له انه بار اذ شهد الله لقرابينه. وبه وان مات يتكلم بعد.
5Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид; ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.
5بالايمان نقل اخنوخ لكي لا يرى الموت ولم يوجد لان الله نقله. اذ قبل نقله شهد له بانه قد ارضى الله.
6Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
6ولكن بدون ايمان لا يمكن ارضاؤه لانه يجب ان الذي يأتي الى الله يؤمن بانه موجود وانه يجازي الذين يطلبونه.
7Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳЙ ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.
7بالايمان نوح لما أوحي اليه عن امور لم ترى بعد خاف فبنى فلكا لخلاص بيته فبه دان العالم وصار وارثا للبر الذي حسب الايمان.
8Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
8بالايمان ابراهيم لما دعي اطاع ان يخرج الى المكان الذي كان عتيدا ان يأخذه ميراثا فخرج وهو لا يعلم الى اين يأتي.
9Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагй кард;
9بالايمان تغرب في ارض الموعد كانها غريبة ساكنا في خيام مع اسحق ويعقوب الوارثين معه لهذا الموعد عينه.
10Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.
10لانه كان ينتظر المدينة التي لها الاساسات التي صانعها وبارئها الله.
11Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.
11بالايمان سارة نفسها ايضا اخذت قدرة على انشاء نسل وبعد وقت السن ولدت اذ حسبت الذي وعد صادقا.
12Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.
12لذلك ولد ايضا من واحد وذلك من ممات مثل نجوم السماء في الكثرة وكالرمل الذي على شاطئ البحر الذي لا يعد
13Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд;
13في الايمان مات هؤلاء اجمعون وهم لم ينالوا المواعيد بل من بعيد نظروها وصدقوها وحيوها واقروا بانهم غرباء ونزلاء على الارض.
14Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.
14فان الذين يقولون مثل هذا يظهرون انهم يطلبون وطنا.
15Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд;
15فلو ذكروا ذلك الذي خرجوا منه لكان لهم فرصة للرجوع.
16Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
16ولكن الآن يبتغون وطنا افضل اي سماويا. لذلك لا يستحي بهم الله ان يدعى الههم لانه اعدّ لهم مدينة
17Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,
17بالايمان قدم ابراهيم اسحق وهو مجرب. قدم الذي قبل المواعيد وحيده
18Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: "Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд";
18الذي قيل له انه باسحق يدعى لك نسل.
19Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд.
19اذ حسب ان الله قادر على الاقامة من الاموات ايضا الذين منهم اخذه ايضا في مثال.
20Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод.
20بالايمان اسحق بارك يعقوب وعيسو من جهة امور عتيدة.
21Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард.
21بالايمان يعقوب عند موته بارك كل واحد من ابني يوسف وسجد على راس عصاه.
22Бо имон Юсуф, дар вакти вафоташ, хуруҷи банӣИсроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.
22بالايمان يوسف عند موته ذكر خروج بني اسرائيل واوصى من جهة عظامه.
23Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.
23بالايمان موسى بعد ما ولد اخفاه ابواه ثلاثة اشهر لانهما رأيا الصبي جميلا ولم يخشيا امر الملك.
24Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки гшсари духгари фиръавн хонда шавад,
24بالايمان موسى لما كبر ابى ان يدعى ابن ابنة فرعون
25Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донкст аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,
25مفضلا بالاحرى ان يذل مع شعب الله على ان يكون له تمتع وقتي بالخطية
26Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.
26حاسبا عار المسيح غنى اعظم من خزائن مصر لانه كان ينظر الى المجازاة.
27Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд.
27بالايمان ترك مصر غير خائف من غضب الملك لانه تشدد كانه يرى من لا يرى.
28Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.
28بالايمان صنع الفصح ورشّ الدم لئلا يمسهم الذي اهلك الابكار.
29Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хупгкй, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд.
29بالايمان اجتازوا في البحر الاحمر كما في اليابسة الامر الذي لما شرع فيه المصريون غرقوا.
30Бо имон деворҳои Ериҳӯ пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтид.
30بالايمان سقطت اسوار اريحا بعد ما طيف حولها سبعة ايام.
31Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.
31بالايمان راحاب الزانية لم تهلك مع العصاة اذ قبلت الجاسوسين بسلام
32Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя камекуиад барои он ки дар бораи "Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,
32وماذا اقول ايضا لانه يعوزني الوقت ان اخبرت عن جدعون وباراق وشمشون ويفتاح وداود وصموئيل والانبياء
33Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,
33الذين بالايمان قهروا ممالك صنعوا برا نالوا مواعيد سدوا افواه اسود
34Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд,аз заъф бокувват шуданд,дар ҷанг кавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
34اطفأوا قوة النار نجوا من حد السيف تقووا من ضعف صاروا اشداء في الحرب هزموا جيوش غرباء.
35Занон мурдаҳои худро эҳьешуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шудағд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд;
35اخذت نساء امواتهن بقيامة. وآخرون عذبوا ولم يقبلوا النجاة لكي ينالوا قيامة افضل.
36Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.
36وآخرون تجربوا في هزء وجلد ثم في قيود ايضا وحبس.
37Сангсор шудаид, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфағду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳточӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд;
37رجموا نشروا جربوا ماتوا قتلا بالسيف طافوا في جلود غنم وجلود معزى معتازين مكروبين مذلين.
38Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гапгтанд.
38وهم لم يكن العالم مستحقا لهم. تائهين في براري وجبال ومغاير وشقوق الارض.
39Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро сохиб нашуданд,
39فهؤلاء كلهم مشهودا لهم بالايمان لم ينالوا الموعد
40Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.
40اذ سبق الله فنظر لنا شيئا افضل لكي لا يكملوا بدوننا