1ЭЙ бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинй имон дошта бошед.
1يا اخوتي لا يكن لكم ايمان ربنا يسوع المسيح رب المجد في المحاباة.
2Зеро, агар ба ҷамъомади щумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,
2فانه ان دخل الى مجمعكم رجل بخواتم ذهب في لباس بهي ودخل ايضا فقير بلباس وسخ
3Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: "Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед", ва ба камбағал гӯед: "Ту он ҷо биист" ёки: "Ин ҷо, поини пои ман бинишин", -
3فنظرتم الى اللابس اللباس البهي وقلتم له اجلس انت هنا حسنا وقلتم للفقير قف انت هناك او اجلس هنا تحت موطئ قدميّ
4Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?
4فهل لا ترتابون في انفسكم وتصيرون قضاة افكار شريرة.
5Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?
5اسمعوا يا اخوتي الاحباء أما اختار الله فقراء هذا العالم اغنياء في الايمان وورثة الملكوت الذي وعد به الذين يحبونه.
6Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?
6واما انتم فاهنتم الفقير. أليس الاغنياء يتسلطون عليكم وهم يجرّونكم الى المحاكم.
7Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?
7أما هم يجدّفون على الاسم الحسن الذي دعي به عليكم.
8Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор" ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;
8فان كنتم تكملون الناموس الملوكي حسب الكتاب. تحب قريبك كنفسك. فحسنا تفعلون.
9Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.
9ولكن ان كنتم تحابون تفعلون خطية موبّخين من الناموس كمتعدّين.
10Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.
10لان من حفظ كل الناموس وانما عثر في واحدة فقد صار مجرما في الكل
11Зеро Он ки "зино накун" гуфтааст, "қатл накун" ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, - ба шариат хато кардаӣ.
11لان الذي قال لا تزن قال ايضا لا تقتل. فان لم تزن ولكن قتلت فقد صرت متعديا الناموس.
12Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,
12هكذا تكلموا وهكذا افعلوا كعتيدين ان تحاكموا بناموس الحرية.
13Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.
13لان الحكم هو بلا رحمة لمن لم يعمل رحمة. والرحمة تفتخر على الحكم
14Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?
14ما المنفعة يا اخوتي ان قال احد ان له ايمانا ولكن ليس له اعمال. هل يقدر الايمان ان يخلّصه.
15Агар бародаре ё ҳоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд,
15ان كان اخ واخت عريانين ومعتازين للقوت اليومي
16Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: "Ба саломатй рафта, гарм ва сер шавед", валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, - чи фоидае ҳаст?
16فقال لهما احدكم امضيا بسلام استدفيا واشبعا ولكن لم تعطوهما حاجات الجسد فما المنفعة .
17Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст.
17هكذا الايمان ايضا ان لم يكن له اعمال ميت في ذاته.
18Балки касе хоҳад гуфт: "Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, - имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам".
18لكن يقول قائل انت لك ايمان وانا لي اعمال. أرني ايمانك بدون اعمالك وانا اريك باعمالي ايماني.
19Ту имон дорй, ки Худо ягона аст? Хубмекунӣ, девҳо низ имон доранд ва меларзанд.
19انت تؤمن ان الله واحد. حسنا تفعل. والشياطين يؤمنون ويقشعرون
20Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?
20ولكن هل تريد ان تعلم ايها الانسان الباطل ان الايمان بدون اعمال ميت.
21Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд?
21ألم يتبرر ابراهيم ابونا بالاعمال اذ قدم اسحق ابنه على المذبح
22Оё ту мебинй, ки имон ба аъмоли. ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?
22فترى ان الايمان عمل مع اعماله وبالاعمال اكمل الايمان
23Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: "Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд".
23وتم الكتاب القائل فآمن ابراهيم بالله فحسب له برا ودعي خليل الله.
24Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?
24ترون اذا انه بالاعمال يتبرر الانسان لا بالايمان وحده.
25Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?
25كذلك راحاب الزانية ايضا أما تبررت بالاعمال اذ قبلت الرسل واخرجتهم في طريق آخر.
26Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.
26لانه كما ان الجسد بدون روح ميت هكذا الايمان ايضا بدون اعمال ميت