Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

John

18

1ЧӮН Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.
1قال يسوع هذا وخرج مع تلاميذه الى عبر وادي قدرون حيث كان بستان دخله هو وتلاميذه.
2Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.
2وكان يهوذا مسلمه يعرف الموضع. لان يسوع اجتمع هناك كثيرا مع تلاميذه.
3Пас Яҳудо як даста сарбозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.
3فأخذ يهوذا الجند وخداما من عند رؤساء الكهنة والفريسيين وجاء الى هناك بمشاعل ومصابيح وسلاح.
4Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?»
4فخرج يسوع وهو عالم بكل ما يأتي عليه وقال لهم من تطلبون.
5Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд.
5اجابوه يسوع الناصري. قال لهم يسوع انا هو. وكان يهوذا مسلمه ايضا واقفا معهم.
6Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», - онҳо акибақиб рафта, ба замин афтоданд.
6فلما قال لهم اني انا هو رجعوا الى الوراء وسقطوا على الارض.
7Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро».
7فسألهم ايضا من تطلبون. فقالوا يسوع الناصري.
8Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд», -
8اجاب يسوع قد قلت لكم اني انا هو. فان كنتم تطلبونني فدعوا هؤلاء يذهبون.
9То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам».
9ليتم القول الذي قاله ان الذين اعطيتني لم اهلك منهم احدا
10Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт.
10ثم ان سمعان بطرس كان معه سيف فاستله وضرب عبد رئيس الكهنة فقطع اذنه اليمنى. وكان اسم العبد ملخس.
11Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»
11فقال يسوع لبطرس اجعل سيفك في الغمد. الكاس التي اعطاني الآب ألا اشربها
12Он гоҳ дастаи сарбозон ва мнриҳазор ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,
12ثم ان الجند والقائد وخدام اليهود قبضوا على يسوع واوثقوه
13Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, пацарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд;
13ومضوا به الى حنان اولا لانه كان حما قيافا الذي كان رئيسا للكهنة في تلك السنة.
14Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст як кас барои қавм бимирад.
14وكان قيافا هو الذي اشار على اليهود انه خير ان يموت انسان واحد عن الشعب
15Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз акиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;
15وكان سمعان بطرس والتلميذ الآخر يتبعان يسوع. وكان ذلك التلميذ معروفا عند رئيس الكهنة فدخل مع يسوع الى دار رئيس الكهنة.
16Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.
16واما بطرس فكان واقفا عند الباب خارجا. فخرج التلميذ الآخر الذي كان معروفا عند رئيس الكهنة وكلم البوابة فادخل بطرس.
17Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам».
17فقالت الجارية البوابة لبطرس ألست انت ايضا من تلاميذ هذا الانسان. قال ذاك لست انا.
18Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.
18وكان العبيد والخدام واقفين وهم قد اضرموا جمرا. لانه كان برد وكانوا يصطلون وكان بطرس واقفا معهم يصطلي
19Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.
19فسأل رئيس الكهنة يسوع عن تلاميذه وعن تعليمه.
20Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яхудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонй чизе нагуфтаам;
20اجابه يسوع انا كلمت العالم علانية. انا علّمت كل حين في المجمع وفي الهيكل حيث يجتمع اليهود دائما. وفي الخفاء لم اتكلم بشيء.
21«Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».
21لماذا تسألني انا. اسأل الذين قد سمعوا ماذا كلمتهم. هوذا هؤلاء يعرفون ماذا قلت انا.
22Вақте ки инро гуфг, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ эада, гуфт: «Ба саркоҳин ин Тавр ҷавоб медиҳӣ?»
22ولما قال هذا لطم يسوع واحد من الخدام كان واقفا قائلا أهكذا تجاوب رئيس الكهنة.
23Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадй шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанй?»
23اجابه يسوع ان كنت قد تكلمت رديّا فاشهد على الردي وان حسنا فلماذا تضربني.
24Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.
24وكان حنان قد ارسله موثقا الى قيافا رئيس الكهنة
25Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам».
25وسمعان بطرس كان واقفا يصطلي. فقالوا له ألست انت ايضا من تلاميذه. فانكر ذاك وقال لست انا.
26Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?»
26قال واحد من عبيد رئيس الكهنة وهو نسيب الذي قطع بطرس اذنه أما رأيتك انا معه في البستان.
27Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.
27فانكر بطرس ايضا. وللوقت صاح الديك
28Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозҳона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.
28ثم جاءوا بيسوع من عند قيافا الى دار الولاية. وكان صبح. ولم يدخلوا هم الى دار الولاية لكي لا يتنجسوا فيأكلون الفصح.
29Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар Ин Шахс доред?»
29فخرج بيلاطس اليهم وقال اية شكاية تقدمون على هذا الانسان.
30Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем».
30اجابوا وقالوا له لو لم يكن فاعل شر لما كنا قد سلمناه اليك.
31Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро бигиред вамувофики шариати худ бар Ӯ доварй кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем»,
31فقال لهم بيلاطس خذوه انتم واحكموا عليه حسب ناموسكم. فقال له اليهود لا يجوز لنا ان نقتل احدا.
32То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.
32ليتمّ قول يسوع الذي قاله مشيرا الى اية ميتة كان مزمعا ان يموت
33Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиен ҳастй?»
33ثم دخل بيلاطس ايضا الى دار الولاية ودعا يسوع وقال له انت ملك اليهود.
34Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯй, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?»
34اجابه يسوع امن ذاتك تقول هذا ام آخرون قالوا لك عني.
35Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?»
35اجابه بيلاطس ألعلي انا يهودي. امّتك ورؤساء الكهنة اسلموك اليّ. ماذا فعلت.
36Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавэм; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест».
36اجاب يسوع مملكتي لسيت من هذا العالم. لو كانت مملكتي من هذا العالم لكان خدامي يجاهدون لكي لا أسلّم الى اليهود. ولكن الآن ليست مملكتي من هنا.
37Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯй, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростй шаҳодат диҳам; ва ҳар кй аз ростист, овози Маро мешунавад».
37فقال له بيلاطس أفانت اذا ملك. اجاب يسوع انت تقول اني ملك. لهذا قد ولدت انا ولهذا قد أتيت الى العالم لاشهد للحق. كل من هو من الحق يسمع صوتي.
38Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростй чист?» Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромад ва ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам;
38قال له بيلاطس ما هو الحق. ولما قال هذا خرج ايضا الى اليهود وقال لهم انا لست اجد فيه علة واحدة.
39«Лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо.озод кунам; оё меҳоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»
39ولكم عادة ان اطلق لكم واحدا في الفصح. أفتريدون ان اطلق لكم ملك اليهود.
40Онҳо боз фарьед зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Бараббосро». Бараббос як роҳзан буд.
40فصرخوا ايضا جميعهم قائلين ليس هذا بل باراباس. وكان باراباس لصا