Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

Jude

1

1ЯҲӮДО, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъкуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд:
1يهوذا عبد يسوع المسيح واخو يعقوب الى المدعوين المقدسين في الله الآب والمحفوظين ليسوع المسيح
2Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод.
2لتكثر لكم الرحمة والسلام والمحبة
3Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.
3ايها الاحباء اذ كنت اصنع كل الجهد لاكتب اليكم عن الخلاص المشترك اضطررت ان اكتب اليكم واعظا ان تجتهدوا لاجل الايمان المسلّم مرة للقديسين.
4Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.
4لانه دخل خلسة اناس قد كتبوا منذ القديم لهذه الدينونة فجار يحوّلون نعمة الهنا الى الدعارة وينكرون السيد الوحيد الله وربنا يسوع المسيح
5Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд,
5فاريد ان اذكّركم ولو علمتم هذا مرة ان الرب بعدما خلّص الشعب من ارض مصر اهلك ايضا الذين لم يؤمنوا.
6Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадй, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт;
6والملائكة الذين لم يحفظوا رياستهم بل تركوا مسكنهم حفظهم الى دينونة اليوم العظيم بقيود ابدية تحت الظلام.
7Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.
7كما ان سدوم وعمورة والمدن التي حولهما اذ زنت على طريق مثلهما ومضت وراء جسد آخر جعلت عبرة مكابدة عقاب نار ابدية.
8Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд.
8ولكن كذلك هؤلاء ايضا المحتلمون ينجسون الجسد ويتهاونون بالسيادة ويفترون على ذوي الامجاد.
9Вакте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми маэамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: "Худованд туро ҷазо диҳад",
9واما ميخائيل رئيس الملائكة فلما خاصم ابليس محاجا عن جسد موسى لم يجسر ان يورد حكم افتراء بل قال لينتهرك الرب.
10Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳаивоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд.
10ولكن هؤلاء يفترون على ما لا يعلمون. واما ما يفهمونه بالطبيعة كالحيوانات غير الناطقة ففي ذلك يفسدون.
11Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.
11ويل لهم لانهم سلكوا طريق قايين وانصبوا الى ضلالة بلعام لاجل اجرة وهلكوا في مشاجرة قورح.
12Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками худро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо щамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд;
12هؤلاء صخور في ولائمكم المحبية صانعين ولائم معا بلا خوف راعين انفسهم. غيوم بلا ماء تحملها الرياح اشجار خريفية بلا ثمر ميتة مضاعفا مقتلعة.
13Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст.
13امواج بحر هائجة مزبدة بخزيهم. نجوم تائهة محفوظ لها قتام الظلام الى الابد.
14Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: "Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад,
14وتنبأ عن هؤلاء ايضا اخنوخ السابع من آدم قائلا هوذا قد جاء الرب في ربوات قديسيه
15"То ки бар ҳама доварй кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густо Хонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осй ба забон рондаанд".
15ليصنع دينونة على الجميع ويعاقب جميع فجارهم على جميع اعمال فجورهم التي فجروا بها وعلى جميع الكلمات الصعبة التي تكلم بها عليه خطاة فجار.
16Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.
16هؤلاء هم مدمدمون متشكون سالكون بحسب شهواتهم وفمهم يتكلم بعظائم يحابون بالوجوه من اجل المنفعة.
17Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба хотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд:
17واما انتم ايها الاحباء فاذكروا الاقوال التي قالها سابقا رسل ربنا يسوع المسيح.
18Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.
18فانهم قالوا لكم انه في الزمان الاخير سيكون قوم مستهزئون سالكين بحسب شهوات فجورهم.
19Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд.
19هؤلاء هم المعتزلون بانفسهم نفسانيون لا روح لهم
20Валекин щумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта,
20واما انتم ايها الاحباء فابنوا انفسكم على ايمانكم الاقدس مصلّين في الروح القدس
21Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонй меоварад, мунтазир бошед.
21واحفظوا انفسكم في محبة الله منتظرين رحمة ربنا يسوع المسيح للحياة الابدية.
22Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед;
22وارحموا البعض مميّزين
23Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед.
23وخلّصوا البعض بالخوف مختطفين من النار مبغضين حتى الثوب المدنس من الجسد
24Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад,
24والقادر ان يحفظكم غير عاثرين ويوقفكم امام مجده بلا عيب في الابتهاج
25Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, кудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.
25الاله الحكيم الوحيد مخلّصنا له المجد والعظمة والقدرة والسلطان الآن والى كل الدهور. آمين