1БАЪД аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфтчуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,
1وبعد ذلك عيّن الرب سبعين آخرين ايضا وارسلهم اثنين اثنين امام وجهه الى كل مدينة وموضع حيث كان هو مزمعا ان يأتي.
2Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад.
2فقال لهم ان الحصاد كثير ولكن الفعلة قليلون. فاطلبوا من رب الحصاد ان يرسل فعلة الى حصاده.
3«Биравед! Инак, пгуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам.
3اذهبوا. ها انا ارسلكم مثل حملان بين ذئاب.
4«Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед.
4لا تحملوا كيسا ولا مزودا ولا احذية ولا تسلموا على احد في الطريق.
5«Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: "Салом бар ин хона бод!"
5واي بيت دخلتموه فقولوا اولا سلام لهذا البيت.
6«Агар дар он ҷо писари осоиштагй бошад, саломи пхумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад;
6فان كان هناك ابن السلام يحل سلامكم عليه وإلا فيرجع اليكم.
7«Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.
7واقيموا في ذلك البيت آكلين وشاربين مما عندهم. لان الفاعل مستحق اجرته. لا تنتقلوا من بيت الى بيت.
8«Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред;
8واية مدينة دخلتموها وقبلوكم فكلوا مما يقدّم لكم.
9«Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: "Малакути Худо ба шумо наздик шудааст".
9واشفوا المرضى الذين فيها وقولوا لهم قد اقترب منكم ملكوت الله.
10«Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед:
10واية مدينة دخلتموها ولم يقبلوكم فاخرجوا الى شوارعها وقولوا
11«"Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст".
11حتى الغبار الذي لصق بنا من مدينتكم ننفضه لكم. ولكن اعلموا هذا انه قد اقترب منكم ملكوت الله.
12«Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
12واقول لكم انه يكون لسدوم في ذلك اليوم حالة اكثر احتمالا مما لتلك المدينة
13«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
13ويل لك يا كورزين. ويل لك يا بيت صيدا. لانه لو صنعت في صور وصيدا القوات المصنوعة فيكما لتابتا قديما جالستين في المسوح والرماد.
14«Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд.
14ولكن صور وصيدا يكون لهما في الدين حالة اكثر احتمالا مما لكما.
15«Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд.
15وانت يا كفرناحوم المرتفعة الى السماء ستهبطين الى الهاوية.
16«Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кй шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад».
16الذي يسمع منكم يسمع مني. والذي يرذلكم يرذلني. والذي يرذلني يرذل الذي ارسلني
17Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд».
17فرجع السبعون بفرح قائلين يا رب حتى الشياطين تخضع لنا باسمك.
18Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам;
18فقال لهم رأيت الشيطان ساقطا مثل البرق من السماء.
19«Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;
19ها انا اعطيكم سلطانا لتدوسوا الحيّات والعقارب وكل قوة العدو ولا يضركم شيء.
20«Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст».
20ولكن لا تفرحوا بهذا ان الارواح تخضع لكم بل افرحوا بالحري ان اسماءكم كتبت في السموات
21Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд».
21وفي تلك الساعة تهلل يسوع بالروح وقال احمدك ايها الآب رب السماء والارض لانك اخفيت هذه عن الحكماء والفهماء واعلنتها للاطفال. نعم ايها الآب لان هكذا صارت المسرة امامك.
22Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Хдма чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад».
22والتفت الى تلاميذه وقال كل شيء قد دفع اليّ من ابي. وليس احد يعرف من هو الابن الا الآب ولا من هو الآب الا الابن ومن اراد الابن ان يعلن له.
23Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад!
23والتفت الى تلاميذه على انفراد وقال طوبى للعيون التي تنظر ما تنظرونه.
24«Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мепгунавед, бишнаванд, ва нашуниданд».
24لاني اقول لكم ان انبياء كثيرين وملوكا ارادوا ان ينظروا ما انتم تنظرون ولم ينظروا وان يسمعوا ما انتم تسمعون ولم يسمعوا
25Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданй шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?»
25واذا ناموسي قام يجربه قائلا يا معلّم ماذا اعمل لارث الحياة الابدية.
26Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта щудааст? Ва ту чй тавр меҳонй?»
26فقال له ما هو مكتوب في الناموس. كيف تقرأ.
27Дар ҷавоб гуфт: «Худовағд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».
27فاجاب وقال تحب الرب الهك من كل قلبك ومن كل نفسك ومن كل قدرتك ومن كل فكرك وقريبك مثل نفسك.
28Ба вай гуфг: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳй зист».
28فقال له بالصواب اجبت. افعل هذا فتحيا.
29Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»
29واما هو فاذ اراد ان يبرر نفسه قال ليسوع ومن هو قريبي.
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
30فاجاب يسوع وقال. انسان كان نازلا من اورشليم الى اريحا فوقع بين لصوص فعروه وجرحوه ومضوا وتركوه بين حيّ وميت.
31«Тасодуфан коҳине аз он рох равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт.
31فعرض ان كاهنا نزل في تلك الطريق فرآه وجاز مقابله.
32«Ҳамчунин марде аз сибти Левй, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт.
32وكذلك لاوي ايضا اذ صار عند المكان جاء ونظر وجاز مقابله.
33«Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт
33ولكن سامريا مسافرا جاء اليه ولما رآه تحنن
34«Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехгу ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби ҳуд савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд;
34فتقدم وضمد جراحاته وصب عليها زيتا وخمرا واركبه على دابته وأتى به الى فندق واعتنى به
35«Ва фардоӣ он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: "Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунй, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод".
35وفي الغد لما مضى اخرج دينارين واعطاهما لصاحب الفندق وقال له اعتن به ومهما انفقت اكثر فعند رجوعي اوفيك.
36«Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?»
36فاي هؤلاء الثلاثة ترى صار قريبا للذي وقع بين اللصوص.
37Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун»,
37فقال الذي صنع معه الرحمة. فقال له يسوع اذهب انت ايضا واصنع هكذا
38Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва занеки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд;
38وفيما هم سائرون دخل قرية فقبلته امرأة اسمها مرثا في بيتها.
39Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард,
39وكانت لهذه اخت تدعى مريم التي جلست عند قدمي يسوع وكانت تسمع كلامه.
40Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки ҳоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Бавай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад».
40واما مرثا فكانت مرتبكة في خدمة كثيرة. فوقفت وقالت يا رب أما تبالي بان اختي قد تركتني اخدم وحدي. فقل لها ان تعينني.
41Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар ҳусуси чизҳои бисьёр ғамхорй ва давутоз мекунӣ,
41فاجاب يسوع وقال لها مرثا مرثا انت تهتمين وتضطربين لاجل امور كثيرة.
42«Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям кисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».
42ولكن الحاجة الى واحد. فاختارت مريم النصيب الصالح الذي لن ينزع منها