1ПАС бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
1وابتدأ يقول لهم بامثال انسان غرس كرما واحاطه بسياج وحفر حوض معصرة وبنى برجا وسلمه الى كرامين وسافر.
2«Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,
2ثم ارسل الى الكرامين في الوقت عبدا ليأخذ من الكرامين من ثمر الكرم.
3«Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.
3فاخذوه وجلدوه وارسلوه فارغا.
4«Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд.
4ثم ارسل اليهم ايضا عبدا آخر. فرجموه وشجوه وارسلوه مهانا.
5«Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро - баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
5ثم ارسل ايضا آخر. فقتلوه. ثم آخرين كثيرين فجلدوا منهم بعضا وقتلوا بعضا.
6«Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: "Аз писарам шарм хоҳанд дошт".
6فاذ كان له ايضا ابن واحد حبيب اليه ارسله ايضا اليهم اخيرا قائلا انهم يهابون ابني.
7«Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад".
7ولكن اولئك الكرامين قالوا فيما بينهم هذا هو الوارث. هلموا نقتله فيكون لنا الميراث.
8«Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
8فأخذوه وقتلوه واخرجوه خارج الكرم.
9«Пас соҳиби токзор чй хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.
9فماذا يفعل صاحب الكرم. يأتي ويهلك الكرامين ويعطي الكرم الى آخرين.
10«Магар ин Навиштаро нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:
10أما قرأتم هذا المكتوب. الحجر الذي رفضه البناؤون هو قد صار راس الزاوية.
11"Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст"?»
11من قبل الرب كان هذا وهو عجيب في اعيننا.
12Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.
12فطلبوا ان يمسكوه ولكنهم خافوا من الجمع. لانهم عرفوا انه قال المثل عليهم. فتركوه ومضوا
13Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.
13ثم ارسلوا اليه قوما من الفريسيين والهيرودسيين لكي يصطادوه بكلمة.
14Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунй, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?»
14فلما جاءوا قالوا له يا معلّم نعلم انك صادق ولا تبالي باحد لانك لا تنظر الى وجوه الناس بل بالحق تعلّم طريق الله. أيجوز ان تعطى جزية لقيصر ام لا. نعطي ام لا نعطي.
15Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам».
15فعلم رياءهم وقال لهم لماذا تجربونني. ايتوني بدينار لانظره.
16Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».
16فأتوا به. فقال لهم لمن هذه الصورة والكتابة. فقالوا له لقيصر.
17Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: <Юн чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.
17فاجاب يسوع وقال لهم اعطوا ما لقيصر لقيصر وما للّه للّه. فتعجبوا منه
18Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
18وجاء اليه قوم من الصدوقيين الذين يقولون ليس قيامة وسألوه قائلين
19«Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст: "Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад".
19يا معلّم كتب لنا موسى ان مات لاحد اخ وترك امرأة ولم يخلّف اولادا ان ياخذ اخوه امرأته ويقيم نسلا لاخيه.
20«Хдфт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;
20فكان سبعة اخوة. اخذ الاول امرأة ومات ولم يترك نسلا.
21«Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин.
21فاخذها الثاني ومات ولم يترك هو ايضا نسلا. وهكذا الثالث.
22«Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
22فاخذها السبعة ولم يتركوا نسلا. وآخر الكل ماتت المرأة ايضا.
23«Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
23ففي القيامة متى قاموا لمن منهم تكون زوجة. لانها كانت زوجة للسبعة.
24Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?
24فاجاب يسوع وقال لهم أليس لهذا تضلون اذ لا تعرفون الكتب ولا قوة الله.
25«Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.
25لانهم متى قاموا من الاموات لا يزوجون ولا يزوجون بل يكونون كملائكة في السموات.
26«Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: "Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"?
26واما من جهة الاموات انهم يقومون أفما قرأتم في كتاب موسى في أمر العلّيقة كيف كلمه الله قائلا انا اله ابراهيم واله اسحق واله يعقوب.
27«Ваи на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».
27ليس هو اله اموات بل اله احياء. فانتم اذا تضلون كثيرا
28Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?»
28فجاء واحد من الكتبة وسمعهم يتحاورون فلما رأى انه اجابهم حسنا سأله اية وصية هي اول الكل.
29Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: "Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
29فاجابه يسوع ان اول كل الوصايا هي اسمع يا اسرائيل. الرب الهنا رب واحد.
30"Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамолш ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор"; аввалин аҳком ҳамин аст!
30وتحب الرب الهك من كل قلبك ومن كل نفسك ومن كل فكرك ومن كل قدرتك. هذه هي الوصية الاولى.
31«Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор"; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест».
31وثانية مثلها هي تحب قريبك كنفسك. ليس وصية اخرى اعظم من هاتين.
32Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Ӯстод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;
32فقال له الكاتب جيدا يا معلّم. بالحق قلت لانه الله واحد وليس آخر سواه.
33«Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».
33ومحبته من كل القلب ومن كل الفهم ومن كل النفس ومن كل القدرة ومحبة القريب كالنفس هي افضل من جميع المحرقات والذبائح.
34Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
34فلما رآه يسوع انه اجاب بعقل قال له لست بعيدا عن ملكوت الله. ولم يجسر احد بعد ذلك ان يسأله
35Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
35ثم اجاب يسوع وقال وهو يعلّم في الهيكل كيف يقول الكتبة ان المسيح ابن داود.
36«Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»".
36لان داود نفسه قال بالروح القدس قال الرب لربي اجلس عن يميني حتى اضع اعداءك موطئا لقدميك.
37«Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.
37فداود نفسه يدعوه ربا. فمن اين هو ابنه. وكان الجمع الكثير يسمعه بسرور
38Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,
38وقال لهم في تعليمه تحرزوا من الكتبة الذين يرغبون المشي بالطيالسة والتحيات في الاسواق.
39«Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
39والمجالس الاولى في المجامع والمتكآت الأولى في الولائم.
40«Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».
40الذين ياكلون بيوت الارامل ولعلة يطيلون الصلوات. هؤلاء يأخذون دينونة اعظم
41Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чй сон мардум ба ганҷнна пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.
41وجلس يسوع تجاه الخزانة ونظر كيف يلقي الجمع نحاسا في الخزانة. كان اغنياء كثيرون يلقون كثيرا.
42Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.
42فجاءت ارملة فقيرة والقت فلسين قيمتهما ربع.
43Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
43فدعا تلاميذه وقال لهم الحق اقول لكم ان هذه الارملة الفقيرة قد القت اكثر من جميع الذين القوا في الخزانة.
44«Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».
44لان الجميع من فضلتهم ألقوا. واما هذه فمن اعوازها القت كل ما عندها كل معيشتها