1ВА боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
1وابتدأ ايضا يعلم عند البحر. فاجتمع اليه جمع كثير حتى انه دخل السفينة وجلس على البحر والجمع كله كان عند البحر على الارض
2Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
2فكان يعلّمهم كثيرا بامثال وقال لهم في تعليمه
3«Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
3اسمعوا. هوذا الزارع قد خرج ليزرع.
4«Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд;
4وفيما هو يزرع سقط بعض على الطريق فجاءت طيور السماء واكلته.
5«Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
5وسقط آخر على مكان محجر حيث لم تكن له تربة كثيرة. فنبت حالا اذ لم يكن له عمق ارض.
6«Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд;
6ولكن لما اشرقت الشمس احترق. واذ لم يكن له اصل جف.
7«Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод;
7وسقط آخر في الشوك. فطلع الشوك وخنقه فلم يعطي ثمرا.
8«Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сй баробар, баъ^е шаст ва баъзе сад».
8وسقط آخر في الارض الجيدة. فاعطى ثمرا يصعد وينمو. فأتى واحد بثلاثين وآخر بستين وآخر بمئة.
9Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
9ثم قال لهم من له اذنان للسمع فليسمع
10Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
10ولما كان وحده سأله الذين حوله مع الاثني عشر عن المثل.
11Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
11فقال لهم قد أعطي لكم ان تعرفوا سرّ ملكوت الله. واما الذين هم من خارج فبالامثال يكون لهم كل شيء.
12«Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омур^ида шавад».
12لكي يبصروا مبصرين ولا ينظروا ويسمعوا سامعين ولا يفهموا لئلا يرجعوا فتغفر لهم خطاياهم.
13Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?
13ثم قال لهم أما تعلمون هذا المثل. فكيف تعرفون جميع الامثال.
14«Коранда каломро мекорад.
14الزارع يزرع الكلمة.
15«Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
15وهؤلاء هم الذين على الطريق. حيث تزرع الكلمة وحينما يسمعون يأتي الشيطان للوقت وينزع الكلمة المزروعة في قلوبهم.
16«Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд,
16وهؤلاء كذلك هم الذين زرعوا على الاماكن المحجرة. الذين حينما يسمعون الكلمة يقبلونها للوقت بفرح.
17«Лекин дар худ реша надорагд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқкботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
17ولكن ليس لهم اصل في ذواتهم بل هم الى حين. فبعد ذلك اذا حدث ضيق او اضطهاد من اجل الكلمة فللوقت يعثرون.
18«Кошташудагон дар миёни хорҳо касоке мебошанд, ки чун каломро бишанаванд,
18وهؤلاء هم الذين زرعوا بين الشوك. هؤلاء هم الذين يسمعون الكلمة
19«Андешаҳои дуньёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
19وهموم هذا العالم وغرور الغنى وشهوات سائر الاشياء تدخل وتخنق الكلمة فتصير بلا ثمر.
20«Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
20وهؤلاء هم الذين زرعوا على الارض الجيدة. الذين يسمعون الكلمة ويقبلونها ويثمرون واحد ثلاثين وآخر ستين وآخر مئة
21Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?
21ثم قال لهم هل يؤتى بسراج ليوضع تحت المكيال او تحت السرير. أليس ليوضع على المنارة.
22«Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд.
22لانه ليس شيء خفي لا يظهر ولا صار مكتوما الا ليعلن.
23«Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
23ان كان لاحد اذنان للسمع فليسمع.
24Ва ба онҳо гуфт: «Лайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.
24وقال لهم انظروا ما تسمعون. بالكيل الذي به تكيلون يكال لكم ويزاد لكم ايها السامعون.
25«Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад».
25لان من له سيعطى. واما من ليس له فالذي عنده سيؤخذ منه
26Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,
26وقال. هكذا ملكوت الله كأن انسانا يلقي البذار على الارض
27«Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;
27وينام ويقوم ليلا ونهارا والبذار يطلع وينمو وهو لا يعلم كيف.
28«Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша;
28لان الارض من ذاتها تأتي بثمر. اولا نباتا ثم سنبلا ثم قمحا ملآن في السنبل.
29«Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст».
29واما متى ادرك الثمر فللوقت يرسل المنجل لان الحصاد قد حضر
30Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чй монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?
30وقال بماذا نشبّه ملكوت الله او باي مثل نمثله.
31«Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.
31مثل حبة خردل متى زرعت في الارض فهي اصغر جميع البزور التي على الارض.
32«Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд».
32ولكن متى زرعت تطلع وتصير اكبر جميع البقول وتصنع اغصانا كبيرة حتى تستطيع طيور السماء ان تتآوى تحت ظلها.
33Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард;
33وبامثال كثيرة مثل هذه كان يكلمهم حسبما كانوا يستطيعون ان يسمعوا.
34Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдониХуд мефаҳмонд.
34وبدون مثل لم يكن يكلمهم. واما على انفراد فكان يفسر لتلاميذه كل شيء
35Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем».
35وقال لهم في ذلك اليوم لما كان المساء. لنجتز الى العبر.
36Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
36فصرفوا الجمع واخذوه كما كان في السفينة. وكانت معه ايضا سفن اخرى صغيرة.
37Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
37فحدث نوء ريح عظيم فكانت الامواج تضرب الى السفينة حتى صارت تمتلئ.
38Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Ӯстод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?»
38وكان هو في المؤخر على وسادة نائما. فأيقظوه وقالوا له يا معلّم أما يهمك اننا نهلك.
39Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
39فقام وانتهر الريح وقال للبحر اسكت. ابكم. فسكنت الريح وصار هدوء عظيم.
40Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?»
40وقال لهم ما بالكم خائفين هكذا. كيف لا ايمان لكم.
41Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?»
41فخافوا خوفا عظيما وقالوا بعضهم لبعض من هو هذا. فان الريح ايضا والبحر يطيعانه