1АЗ он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд.
1وخرج من هناك وجاء الى وطنه وتبعه تلاميذه.
2Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад?
2ولما كان السبت ابتدأ يعلم في المجمع. وكثيرون اذ سمعوا بهتوا قائلين من اين لهذا هذه. وما هذه الحكمة التي أعطيت له حتى تجري على يديه قوات مثل هذه.
3«Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд.
3أليس هذا هو النجار ابن مريم واخو يعقوب ويوسي ويهوذا وسمعان. أوليست اخواته ههنا عندنا. فكانوا يعثرون به.
4Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, чуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ».
4فقال لهم يسوع ليس نبي بلا كرامة الا في وطنه وبين اقربائه وفي بيته.
5Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.
5ولم يقدر ان يصنع هناك ولا قوة واحدة غير انه وضع يديه على مرضى قليلين فشفاهم.
6Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.
6وتعجب من عدم ايمانهم. وصار يطوف القرى المحيطة يعلم
7Пас он дувоздаҳро назди Ҳуд хонда, ба чуфтҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод.
7ودعا الاثني عشر وابتدأ يرسلهم اثنين اثنين. واعطاهم سلطانا على الارواح النجسة.
8Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на турбае, на ноне, на пуле дар камарбанд,
8واوصاهم ان لا يحملوا شيئا للطريق غير عصا فقط. لا مزودا ولا خبزا ولا نحاسا في المنطقة.
9Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.
9بل يكونوا مشدودين بنعال ولا يلبسوا ثوبين.
10Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед,то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.
10وقال لهم حيثما دخلتم بيتا فاقيموا فيه حتى تخرجوا من هناك.
11«Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба сухани шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд».
11وكل من لا يقبلكم ولا يسمع لكم فاخرجوا من هناك وانفضوا التراب الذي تحت ارجلكم شهادة عليهم. الحق اقول لكم ستكون لارض سدوم وعمورة يوم الدين حالة اكثر احتمالا مما لتلك المدينة.
12Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;
12فخرجوا وصاروا يكرزون ان يتوبوا.
13Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.
13واخرجوا شياطين كثيرة ودهنوا بزيت مرضى كثيرين فشفوهم
14Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, - зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, - гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.
14فسمع هيرودس الملك. لان اسمه صار مشهورا. وقال ان يوحنا المعمدان قام من الاموات ولذلك تعمل به القوات.
15Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст ё чун яке аз пайғамбарон.
15قال آخرون انه ايليا. وقال آخرون انه نبي او كأحد الانبياء.
16Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт. «Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз тан чудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст».
16ولكن لما سمع هيرودس قال هذا هو يوحنا الذي قطعت انا راسه. انه قام من الاموات
17Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филигатус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.
17لان هيرودس نفسه كان قد ارسل وامسك يوحنا واوثقه في السجن من اجل هيروديا امرأة فيلبس اخيه اذ كان قد تزوج بها.
18Зеро Яҳьё' ба Ҳиродус гуфта буд: «3ани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест».
18لان يوحنا كان يقول لهيرودس لا يحل ان تكون لك امرأة اخيك.
19Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист.
19فحنقت هيروديا عليه وارادت ان تقتله ولم تقدر.
20Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушй мешунид.
20لان هيرودس كان يهاب يوحنا عالما انه رجل بار وقديس وكان يحفظه. واذ سمعه فعل كثيرا وسمعه بسرور.
21Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, -
21واذ كان يوم موافق لما صنع هيرودس في مولده عشاء لعظمائه وقواد الالوف ووجوه الجليل
22Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам».
22دخلت ابنة هيروديا ورقصت فسرّت هيرودس والمتكئين معه. فقال الملك للصبية مهما اردت اطلبي مني فاعطيك.
23Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».
23واقسم لها ان مهما طلبت مني لأعطينّك حتى نصف مملكتي.
24Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чй талаб кунам?» Модараш чавоб дод: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро».
24فخرجت وقالت لامها ماذا اطلب. فقالت راس يوحنا المعمدان.
25Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: «Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунй».
25فدخلت للوقت بسرعة الى الملك وطلبت قائلة اريد ان تعطيني حالا راس يوحنا المعمدان على طبق.
26Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.
26فحزن الملك جدا. ولاجل الاقسام والمتكئين لم يرد ان يردها.
27Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;
27فللوقت ارسل الملك سيافا وامر ان يؤتى براسه.
28Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.
28فمضى وقطع راسه في السجن. وأتى برأسه على طبق واعطاه للصبية والصبية اعطته لامها.
29Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд.
29ولما سمع تلاميذه جاءوا ورفعوا جثته ووضعوها في قبر
30Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.
30واجتمع الرسل الى يسوع واخبروه بكل شيء كل ما فعلوا وكل ما علّموا.
31Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.
31فقال لهم تعالوا انتم منفردين الى موضع خلاء واستريحوا قليلا. لان القادمين والذاهبين كانوا كثيرين. ولم تتيسر لهم فرصة للاكل.
32Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.
32فمضوا في السفينة الى موضع خلاء منفردين.
33Чун мардум онҳоро равона диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд; аз ҳамаи шаҳрҳо гшёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд.
33فرآهم الجموع منطلقين وعرفه كثيرون فتراكضوا الى هناك من جميع المدن مشاة وسبقوهم واجتمعوا اليه.
34Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт.
34فلما خرج يسوع رأى جمعا كثيرا فتحنن عليهم اذ كانوا كخراف لا راعي لها فابتدأ يعلّمهم كثيرا.
35Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;
35وبعد ساعات كثيرة تقدم اليه تلاميذه قائلين الموضع خلاء والوقت مضى.
36«Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю деҳоти ин музофот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки хеҷ хӯроке надоранд».
36اصرفهم لكي يمضوا الى الضياع والقرى حوالينا ويبتاعوا لهم خبزا. لان ليس عندهم ما ياكلون.
37Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?»
37فاجاب وقال لهم اعطوهم انتم ليأكلوا. فقالوا له أنمضي ونبتاع خبزا بمئتي دينار ونعطيهم ليأكلوا.
38Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Онхо дарьёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ».
38فقال لهم كم رغيفا عندكم. اذهبوا وانظروا. ولما علموا قالوا خمسة وسمكتان.
39Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро дастадаста бар сабза шинонанд.
39فأمرهم ان يجعلوا الجميع يتكئون رفاقا رفاقا على العشب الاخضر.
40Пас қаторқатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.
40فاتكأوا صفوفا صفوفا مئة مئة وخمسين خمسين.
41Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифт ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.
41فاخذ الارغفة الخمسة والسمكتين ورفع نظره نحو السماء وبارك ثم كسر الارغفة واعطى تلاميذه ليقدموا اليهم. وقسم السمكتين للجميع.
42Ҳама хӯрданду сер шуданд;
42فاكل الجميع وشبعوا.
43Ва аз пораҳои нон ва моҳи дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
43ثم رفعوا من الكسر اثنتي عشرة قفة مملوءة ومن السمك.
44Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.
44وكان الذين اكلوا من الارغفة نحو خمسة آلاف رجل
45Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.
45وللوقت ألزم تلاميذه ان يدخلوا السفينة ويسبقوا الى العبر الى بيت صيدا حتى يكون قد صرف الجمع.
46Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан бар фарози кӯҳе баромад.
46وبعدما ودعهم مضى الى الجبل ليصلّي.
47Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд.
47ولما صار المساء كانت السفينة في وسط البحر وهو على البر وحده.
48Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наэдики поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.
48ورآهم معذبين في الجذف. لان الريح كانت ضدهم. ونحو الهزيع الرابع من الليل اتاهم ماشيا على البحر واراد ان يتجاوزهم.
49Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр кадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд.
49فلما رأوه ماشيا على البحر ظنوه خيالا فصرخوا.
50Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
50لان الجميع رأوه واضطربوا. فللوقت كلمهم وقال لهم ثقوا. انا هو. لا تخافوا.
51Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.
51فصعد اليهم الى السفينة فسكنت الريح. فبهتوا وتعجبوا في انفسهم جدا الى الغاية.
52Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.
52لانهم لم يفهموا بالارغفة اذ كانت قلوبهم غليظة.
53Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Чинесор омаданд ва лангар андохтанд.
53فلما عبروا جاءوا الى ارض جنيسارت وارسوا
54Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд.
54ولما خرجوا من السفينة للوقت عرفوه.
55Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд.
55فطافوا جميع تلك الكورة المحيطة وابتدأوا يحملون المرضى على اسرّة الى حيث سمعوا انه هناك.
56Ва ба ҳар чо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.
56وحيثما دخل الى قرى او مدن او ضياع وضعوا المرضى في الاسواق وطلبوا اليه ان يلمسوا ولو هدب ثوبه. وكل من لمسه شفي