Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

Matthew

10

1ВА дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморй ва бетобиро шифо диҳанд.
1ثم دعا تلاميذه الاثني عشر واعطاهم سلطانا على ارواح نجسة حتى يخرجوها ويشفوا كل مرض وكل ضعف.
2Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъкуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,
2واما اسماء الاثني عشر رسولا فهي هذه. الاول سمعان الذي يقال له بطرس واندراوس اخوه. يعقوب بن زبدي ويوحنا اخوه.
3Фшгиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъкуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,
3فيلبس وبرثولماوس. توما ومتى العشار. يعقوب بن حلفى ولباوس الملقب تداوس.
4Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард.
4سمعان القانوي ويهوذا الاسخريوطي الذي اسلمه
5Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;
5هؤلاء الاثنا عشر ارسلهم يسوع واوصاهم قائلا. الى طريق امم لا تمضوا والى مدينة للسامريين لا تدخلوا.
6«Балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед;
6بل اذهبوا بالحري الى خراف بيت اسرائيل الضالة.
7«Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;
7وفيما انتم ذاهبون اكرزوا قائلين انه قد اقترب ملكوت السموات.
8«Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
8اشفوا مرضى. طهروا برصا. اقيموا موتى. اخرجوا شياطين. مجانا اخذتم مجانا اعطوا.
9«Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,
9لا تقتنوا ذهبا ولا فضة ولا نحاسا في مناطقكم.
10«Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад.
10ولا مزودا للطريق ولا ثوبين ولا احذية ولا عصا. لان الفاعل مستحق طعامه
11«Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шаҳси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед;
11واية مدينة او قرية دخلتموها فافحصوا من فيها مستحق. واقيموا هناك حتى تخرجوا.
12«Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед;
12وحين تدخلون البيت سلموا عليه.
13«Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.
13فان كان البيت مستحقا فليات سلامكم عليه. ولكن ان لم يكن مستحقا فليرجع سلامكم اليكم.
14«Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед;
14ومن لا يقبلكم ولا يسمع كلامكم فاخرجوا خارجا من ذلك البيت او من تلك المدينة وانفضوا غبار ارجلكم.
15«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварй аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.
15الحق اقول لكم ستكون لارض سدوم وعمورة يوم الدين حالة اكثر احتمالا مما لتلك المدينة
16«Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.
16ها انا ارسلكم كغنم في وسط ذئاب. فكونوا حكماء كالحيّات وبسطاء كالحمام.
17«Лекин аз мардум хазар кунед: зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорй хоҳанд кард,
17ولكن احذروا من الناس. لانهم سيسلمونكم الى مجالس وفي مجامعهم يجلدونكم.
18«Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.
18وتساقون امام ولاة وملوك من اجلي شهادة لهم وللامم.
19«Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чй бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба щумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт;
19فمتى اسلموكم فلا تهتموا كيف او بما تتكلمون. لانكم تعطون في تلك الساعة ما تتكلمون به.
20«Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.
20لان لستم انتم المتكلمين بل روح ابيكم الذي يتكلم فيكم.
21«Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;
21وسيسلم الاخ اخاه الى الموت والاب ولده. ويقوم الاولاد على والديهم ويقتلونهم.
22«Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
22وتكونون مبغضين من الجميع من اجل اسمي. ولكن الذي يصبر الى المنتهى فهذا يخلص.
23«Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад.
23ومتى طردوكم في هذه المدينة فاهربوا الى الاخرى. فاني الحق اقول لكم لا تكملون مدن اسرائيل حتى يأتي ابن الانسان
24«Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз оғои худ авло нест:
24ليس التلميذ افضل من المعلم ولا العبد افضل من سيده.
25«Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳибихонароБаал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чй қадар зиёдтар хоҳанд номид.
25يكفي التلميذ ان يكون كمعلمه والعبد كسيده. ان كانوا قد لقبوا رب البيت بعلزبول فكم بالحري اهل بيته.
26«Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи маҳфие нест, ки маълум нашавад.
26فلا تخافوهم. لان ليس مكتوم لن يستعلن ولا خفي لن يعرف.
27«Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.
27الذي اقوله لكم في الظلمة قولوه في النور. والذي تسمعونه في الاذن نادوا به على السطوح.
28«Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.
28ولا تخافوا من الذين يقتلون الجسد ولكن النفس لا يقدرون ان يقتلوها. بل خافوا بالحري من الذي يقدر ان يهلك النفس والجسد كليهما في جهنم.
29«Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;
29أليس عصفوران يباعان بفلس. وواحد منهما لا يسقط على الارض بدون ابيكم.
30«Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;
30واما انتم فحتى شعور رؤوسكم جميعها محصاة.
31«Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
31فلا تخافوا. انتم افضل من عصافير كثيرة.
32«Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;
32فكل من يعترف بي قدام الناس اعترف انا ايضا به قدام ابي الذي في السموات.
33«Лекин ҳар кй Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.
33ولكن من ينكرني قدام الناس انكره انا ايضا قدام ابي الذي في السموات
34«Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер;
34لا تظنوا اني جئت لألقي سلاما على الارض. ما جئت لألقي سلاما بل سيفا.
35«Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам.
35فاني جئت لأفرّق الانسان ضد ابيه والابنة ضد امها والكنة ضد حماتها.
36«Ва душмани одам ахди хонаи ӯ хоҳанд буд.
36واعداء الانسان اهل بيته.
37«Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё дуҳтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;
37من احب ابا او اما اكثر مني فلا يستحقني. ومن احب ابنا او ابنة اكثر مني فلا يستحقني.
38«Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.
38ومن لا ياخذ صليبه ويتبعني فلا يستحقني.
39«Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
39من وجد حياته يضيعها. ومن اضاع حياته من اجلي يجدها.
40«Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад;
40من يقبلكم يقبلني ومن يقبلني يقبل الذي ارسلني.
41«Ҳар кӣ пайғамбарро ба исми пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар кӣ одилро ба исми одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт.
41من يقبل نبيا باسم نبي فأجر نبي ياخذ. ومن يقبل بارا باسم بار فأجر بار ياخذ.
42«Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».
42ومن سقى احد هؤلاء الصغار كاس ماء بارد فقط باسم تلميذ فالحق اقول لكم انه لا يضيع اجره