1ДАР он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.
1في ذلك الوقت ذهب يسوع في السبت بين الزروع. فجاع تلاميذه وابتدأوا يقطفون سنابل ويأكلون.
2Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».
2فالفريسيون لما نظروا قالوا له هوذا تلاميذك يفعلون ما لا يحل فعله في السبت.
3Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
3فقال لهم أما قرأتم ما فعله داود حين جاع هو والذين معه.
4«Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?
4كيف دخل بيت الله واكل خبز التقدمة الذي لم يحل اكله له ولا للذين معه بل للكهنة فقط.
5«Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоят намекунанд ва бо вучуди он бегуноҳанд?
5او ما قرأتم في التوراة ان الكهنة في السبت في الهيكل يدنسون السبت وهم ابرياء.
6«Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст;
6ولكن اقول لكم ان ههنا اعظم من الهيكل.
7«Ва агар медонистед, ки "марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ" чӣ маъно дорад, бегуноҳонро мазаммат намекардед;
7فلو علمتم ما هو. اني اريد رحمة لا ذبيحة. لما حكمتم على الابرياء.
8«Зеро ки Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».
8فان ابن الانسان هو رب السبت ايضا
9Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.
9ثم انصرف من هناك وجاء الى مجمعهم.
10Ва инак, дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.
10واذا انسان يده يابسة. فسألوه قائلين هل يحل الابراء في السبوت. لكي يشتكوا عليه.
11Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад?
11فقال لهم اي انسان منكم يكون له خروف واحد فان سقط هذا في السبت في حفرة أفما يمسكه ويقيمه.
12«Пас чй қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некй кардан ҷоиз аст».
12فالانسان كم هو افضل من الخروف. اذا يحل فعل الخير في السبوت.
13Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вал дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
13ثم قال للانسان مدّ يدك. فمدها. فعادت صحيحة كالاخرى
14Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
14فلما خرج الفريسيون تشاوروا عليه لكي يهلكوه.
15Лекин Исо инро дарьёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид,
15فعلم يسوع وانصرف من هناك. وتبعته جموع كثيرة فشفاهم جميعا.
16Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,
16واوصاهم ان لا يظهروه.
17То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст:
17لكي يتم ما قيل باشعياء النبي القائل.
18"Инак Бандак Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳ буби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод, то ки довариро ба халққо эълон кунад;
18هوذا فتاي الذي اخترته حبيبي الذي سرّت به نفسي. اضع روحي عليه فيخبر الامم بالحق.
19"Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард, ва касе дар кӯчаҳо овозиӮро нахоҳад шунид;
19لا يخاصم ولا يصيح ولا يسمع احد في الشوارع صوته.
20"Наи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯх таро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад;
20قصبة مرضوضة لا يقصف. وفتيلة مدخنة لا يطفئ. حتى يخرج الحق الى النصرة.
21"Ва халқҳо ба исми Ӯ умед хоҳанд баст".
21وعلى اسمه يكون رجاء الامم
22Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.
22حينئذ أحضر اليه مجنون اعمى واخرس. فشفاه حتى ان الاعمى الاخرس تكلم وابصر.
23Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»
23فبهت كل الجموع وقالوا ألعل هذا هو ابن داود.
24Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат бавоситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад».
24اما الفريسيون فلما سمعوا قالوا هذا لا يخرج الشياطين الا ببعلزبول رئيس الشياطين.
25Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.
25فعلم يسوع افكارهم وقال لهم كل مملكة منقسمة على ذاتها تخرب. وكل مدينة او بيت منقسم على ذاته لا يثبت.
26«Ва агар шайтон шайтонро берункунад, вайбар зидди ҳуд аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад?
26فان كان الشيطان يخرج الشيطان فقد انقسم على ذاته. فكيف تثبت مملكته.
27«Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кй берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
27وان كنت انا ببعلزبول اخرج الشياطين فابناؤكم بمن يخرجون. لذلك هم يكونون قضاتكم.
28«Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
28ولكن ان كنت انا بروح الله اخرج الشياطين فقد اقبل عليكم ملكوت الله.
29«Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?
29ام كيف يستطيع احد ان يدخل بيت القوي وينهب امتعته ان لم يربط القوي اولا. وحينئذ ينهب بيته.
30«Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.
30من ليس معي فهو علي ومن لا يجمع معي فهو يفرق.
31«Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.
31لذلك اقول لكم كل خطية وتجديف يغفر للناس. واما التجديف على الروح فلن يغفر للناس.
32«Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидци Рӯҳулкудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд? на дар ин олам, на дар олами оянда.
32ومن قال كلمة على ابن الانسان يغفر له. واما من قال على الروح القدس فلن يغفر له لا في هذا العالم ولا في الآتي.
33«Ё дараҳтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад.
33اجعلوا الشجرة جيدة وثمرها جيدا. او اجعلوا الشجرة رديّة وثمرها رديّا. لان من الثمر تعرف الشجرة.
34«Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд.
34يا اولاد الافاعي كيف تقدرون ان تتكلموا بالصالحات وانتم اشرار. فانه من فضلة القلب يتكلم الفم.
35«Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
35الانسان الصالح من الكنز الصالح في القلب يخرج الصالحات. والانسان الشرير من الكنز الشرير يخرج الشرور.
36«Лекия ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб ҳоҳанд дод:
36ولكن اقول لكم ان كل كلمة بطالة يتكلم بها الناس سوف يعطون عنها حساب يوم الدين.
37«Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд».
37لانك بكلامك تتبرر وبكلامك تدان
38Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Ӯстод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем».
38حينئذ اجاب قوم من الكتبة والفريسيين قائلين يا معلّم نريد ان نرى منك آية.
39Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
39فاجاب وقال لهم جيل شرير وفاسق يطلب آية ولا تعطى له آية الا آية يونان النبي.
40«Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.
40لانه كما كان يونان في بطن الحوت ثلاثة ايام وثلاث ليال هكذا يكون ابن الانسان في قلب الارض ثلاثة ايام وثلاث ليال
41«Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.
41رجال نينوى سيقومون في الدين مع هذا الجيل ويدينونه لانهم تابوا بمناداة يونان. وهوذا اعظم من يونان ههنا.
42«Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварй бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.
42ملكة التيمن ستقوم في الدين مع هذا الجيل وتدينه. لانها اتت من اقاصي الارض لتسمع حكمة سليمان. وهوذا اعظم من سليمان ههنا.
43«Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;
43اذا خرج الروح النجس من الانسان يجتاز في اماكن ليس فيها ماء يطلب راحة ولا يجد.
44«Он гоҳ мегӯяд: "Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам". Ва гапгта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад;
44ثم يقول ارجع الى بيتي الذي خرجت منه. فيأتي ويجده فارغا مكنوسا مزينا.
45«Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».
45ثم يذهب وياخذ معه سبعة ارواح أخر اشر منه فتدخل وتسكن هناك. فتصير اواخر ذلك الانسان اشر من اوائله. هكذا يكون ايضا لهذا الجيل الشرير
46Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.
46وفيما هو يكلم الجموع اذا امه واخوته قد وقفوا خارجا طالبين ان يكلموه.
47Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».
47فقال له واحد هوذا امك واخوتك واقفون خارجا طالبين ان يكلموك.
48Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?»
48فاجاب وقال للقائل له. من هي امي ومن هم اخوتي.
49Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
49ثم مدّ يده نحو تلاميذه وقال ها امي واخوتي.
50«Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».
50لان من يصنع مشيئة ابي الذي في السموات هو اخي واختي وامي