1БАЪД аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар барои дидани қабр омаданд.
1وبعد السبت عند فجر اول الاسبوع جاءت مريم المجدلية ومريم الاخرى لتنظرا القبر.
2Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он биншаст;
2واذا زلزلة عظيمة حدثت. لان ملاك الرب نزل من السماء وجاء ودحرج الحجر عن الباب وجلس عليه.
3Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.
3وكان منظره كالبرق ولباسه ابيض كالثلج.
4Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд.
4فمن خوفه ارتعد الحراس وصاروا كاموات.
5Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед;
5فاجاب الملاك وقال للمرأتين لا تخافا انتما. فاني اعلم انكما تطلبان يسوع المصلوب.
6«Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳьё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед,
6ليس هو ههنا لانه قام كما قال. هلم انظرا الموضع الذي كان الرب مضطجعا فيه.
7«Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам».
7واذهبا سريعا قولا لتلاميذه انه قد قام من الاموات. ها هو يسبقكم الى الجليل. هناك ترونه. ها انا قد قلت لكما.
8Ва онҳо пщтобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯхабар диҳанд.
8فخرجتا سريعا من القبر بخوف وفرح عظيم راكضتين لتخبرا تلاميذه.
9Вақте ки барои огоҳкардани шогирдони Ӯмерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.
9وفيما هما منطلقتان لتخبرا تلاميذه اذا يسوع لاقاهما وقال سلام لكما. فتقدمتا وامسكتا بقدميه وسجدتا له.
10Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро ҳоҳанд дид».
10فقال لهما يسوع لا تخافا. اذهبا قولا لاخوتي ان يذهبوا الى الجليل وهناك يرونني
11Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.
11وفيما هما ذاهبتان اذا قوم من الحراس جاءوا الى المدينة واخبروا رؤساء الكهنة بكل ما كان.
12Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисьёре доданд
12فاجتمعوا مع الشيوخ وتشاوروا واعطوا العسكر فضة كثيرة
13Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд;
13قائلين. قولوا ان تلاميذه أتوا ليلا وسرقوه ونحن نيام.
14«Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем».
14واذا سمع ذلك عند الوالي فنحن نستعطفه ونجعلكم مطمئنين.
15Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.
15فاخذوا الفضة وفعلوا كما علّموهم. فشاع هذا القول عند اليهود الى هذا اليوم
16Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд,
16واما الاحد عشر تلميذا فانطلقوا الى الجليل الى الجبل حيث امرهم يسوع.
17Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.
17ولما رأوه سجدوا له ولكن بعضهم شكّوا.
18Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст:
18فتقدم يسوع وكلمهم قائلا. دفع اليّ كل سلطان في السماء وعلى الارض.
19«Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,
19فاذهبوا وتلمذوا جميع الامم وعمدوهم باسم الآب والابن والروح القدس.
20«Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯзато охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
20وعلموهم ان يحفظوا جميع ما اوصيتكم به. وها انا معكم كل الايام الى انقضاء الدهر. آمين