1ВА яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёр нишастааст, ба ту нишон диҳам,
1ثم جاء واحد من السبعة الملائكة الذين معهم السبعة الجامات وتكلم معي قائلا لي هلم فأريك دينونة الزانية العظيمة الجالسة على المياه الكثيرة
2«Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд».
2التي زنى معها ملوك الارض وسكر سكان الارض من خمر زناها.
3Ва маро дар Рӯҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт калла ва даҳ шоҳ дошт, нишаста буд.
3فمضى بي بالروح الى برية فرأيت امرأة جالسة على وحش قرمزي مملوء اسماء تجديف له سبعة رؤوس وعشرة قرون.
4Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, бо тилло, ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд;
4والمرأة كانت متسربلة بارجوان وقرمز ومتحلية بذهب وحجارة كريمة ولؤلؤ ومعها كاس من ذهب في يدها مملوءة رجاسات ونجاسات زناها
5Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин».
5وعلى جبهتها اسم مكتوب. سرّ. بابل العظيمة ام الزواني ورجاسات الارض.
6Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исо маст аст, ва аз дидани вай ниҳоятдараҷа ҳайрон шудам.
6ورأيت المرأة سكرى من دم القديسين ومن دم شهداء يسوع. فتعجبت لما رأيتها تعجبا عظيما
7Ва фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт калла ва даҳ щох дорад, ба ту мегӯям.
7ثم قال لي الملاك لماذا تعجبت. انا اقول لك سرّ المرأة والوحش الحامل لها الذي له السبعة الرؤوس والعشرة القرون.
8«Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.
8الوحش الذي رأيت كان وليس الآن وهو عتيد ان يصعد من الهاوية ويمضي الى الهلاك. وسيتعجب الساكنون على الارض الذين ليست اسماؤهم مكتوبة في سفر الحياة منذ تأسيس العالم حينما يرون الوحش انه كان وليس الآن مع انه كائن.
9«Дар ин ҷост ақле ки ҳикмат дорад. Ҳафт калла ҳафт кӯҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст,
9هنا الذهن الذي له حكمة. السبعة الرؤوس هي سبعة جبال عليها المرأة جالسة.
10«Ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанӯз наомадааст, ва ҳангоме ки ояд, муддати каме бояд бимонад.
10وسبعة ملوك خمسة سقطوا وواحد موجود والآخر لم يأت بعد ومتى أتى ينبغي ان يبقى قليلا.
11«Ва он ҳаивони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳащтум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт.
11والوحش الذي كان وليس الآن فهو ثامن وهو من السبعة ويمضي الى الهلاك.
12«Ва он даҳ шоҳ, ки ту дидӣ, даҳ подщоҳ ҳастанд, ки ҳанӯз малакут ба даст наовардаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ, ҳамчун подшоҳон, салтанат пайдо хоҳанд кард;
12والعشرة القرون التي رأيت هي عشرة ملوك لم يأخذوا ملكا بعد لكنهم يأخذون سلطانا كملوك ساعة واحدة مع الوحش.
13«Онҳо як ният доранд, ва куввату салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод;
13هؤلاء لهم رأي واحد ويعطون الوحش قدرتهم وسلطانهم.
14«Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст, ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд».
14هؤلاء سيحاربون الخروف والخروف يغلبهم لانه رب الارباب وملك الملوك والذين معه مدعوون ومختارون ومؤمنون.
15Ва он фаришта ба ман гуфт: «Обҳое ки ту дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо мебошанд.
15ثم قال لي المياه التي رأيت حيث الزانية جالسة هي شعوب وجموع وامم وألسنة.
16«Ва он даҳ щох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳища нафрат хоҳанд дошт, ва ӯро хонавайрон ва урьён хоҳанд кард, ва ҷисми ӯро хоҳанд хӯрд, ва ӯро дар оташ хоҳанд сӯзонд;
16واما العشرة القرون التي رأيت على الوحش فهؤلاء سيبغضون الزانية وسيجعلونها خربة وعريانة ويأكلون لحمها ويحرقونها بالنار.
17«Чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки иродаи Ӯро ба ҷо оваранд, ба тавре ки ҳама якдилона салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то ки суханони Худо иҷро шавад.
17لان الله وضع في قلوبهم ان يصنعوا رأيه وان يصنعوا رأيا واحدا ويعطوا الوحش ملكهم حتى تكمل اقوال الله.
18«Ва он зане ки Дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад».
18والمرأة التي رأيت هي المدينة العظيمة التي لها ملك على ملوك الارض