Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

Revelation

19

1ПАС аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад,
1وبعد هذا سمعت صوتا عظيما من جمع كثير في السماء قائلا هللويا. الخلاص والمجد والكرامة والقدرة للرب الهنا
2«Зеро ки аҳкоми Ӯ ҳақ асту рост! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои ҳуд фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид».
2لان احكامه حق وعادلة اذ قد دان الزانية العظيمة التي افسدت الارض بزناها وانتقم لدم عبيده من يدها.
3Ва дубора гуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад».
3وقالوا ثانية هللويا. ودخانها يصعد الى ابد الآبدين.
4Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуеҳ!»
4وخرّ الاربعة والعشرون شيخا والاربعة الحيوانات وسجدوا للّه الجالس على العرش قائلين آمين. هللويا.
5Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Эй ҳамаи бандагони Ӯ ва тарсгорони Ӯ, ҳурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!»
5وخرج من العرش صوت قائلا سبحوا لالهنا يا جميع عبيده الخائفيه الصغار والكبار.
6Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст.
6وسمعت كصوت جمع كثير وكصوت مياه كثيرة وكصوت رعود شديدة قائلة هللويا فانه قد ملك الرب الاله القادر على كل شيء.
7«Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст».
7لنفرح ونتهلل ونعطيه المجد لان عرس الخروف قد جاء وامرأته هيأت نفسها.
8Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.
8وأعطيت ان تلبس بزا نقيا بهيا لان البزّ هو تبررات القديسين
9Ва ба ман гуфт: «Бинавис: "Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд"». Ва ба ман гуфт:"Инҳо суханони ҳақикии Худост".
9وقال لي اكتب طوبى للمدعوين الى عشاء عرس الخروف. وقال هذه هي اقوال الله الصادقة
10Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рӯҳи нубувват аст».
10فخررت امام رجليه لاسجد له. فقال لي انظر لا تفعل. انا عبد معك ومع اخوتك الذين عندهم شهادة يسوع. اسجد للّه. فان شهادة يسوع هي روح النبوة
11Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.
11ثم رأيت السماء مفتوحة واذا فرس ابيض والجالس عليه يدعى امينا وصادقا وبالعدل يحكم ويحارب.
12Чашмони Ӯ мисли пгӯълаи оташ аст, ва бар сари Ӯ афсарҳои бисьёр; Ӯ исми навиштае дорад, ки онро, гайр аз Худи Ӯ, ҳеҷ кас намедонад;
12وعيناه كلهيب نار وعلى راسه تيجان كثيرة وله اسم مكتوب ليس احد يعرفه الا هو.
13Ва Ӯ либоси хунолуде дорад, ва исми Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо.
13وهو متسربل بثوب مغموس بدم ويدعى اسمه كلمة الله.
14Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд.
14والاجناد الذين في السماء كانوا يتبعونه على خيل بيض لابسين بزا ابيض ونقيا
15Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонй мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Кодири Мутлақро пойкӯб мекунад.
15ومن فمه يخرج سيف ماض لكي يضرب به الامم وهو سيرعاهم بعصا من حديد وهو يدوس معصرة خمر سخط وغضب الله القادر على كل شيء.
16Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».
16وله على ثوبه وعلى فخذه اسم مكتوب ملك الملوك ورب الارباب
17Ва як фариштаро Дидам, ки бар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,
17ورأيت ملاكا واحدا واقفا في الشمس فصرخ بصوت عظيم قائلا لجميع الطيور الطائرة في وسط السماء هلم اجتمعي الى عشاء الاله العظيم
18«То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зӯроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашонро, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихуред».
18لكي تأكلي لحوم ملوك ولحوم قواد ولحوم اقوياء ولحوم خيل والجالسين عليها ولحوم الكل حرا وعبدا صغيرا وكبيرا
19Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд.
19ورأيت الوحش وملوك الارض واجنادهم مجتمعين ليصنعوا حربا مع الجالس على الفرس ومع جنده.
20Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;
20فقبض على الوحش والنبي الكذاب معه الصانع قدامه الآيات التي بها اضل الذين قبلوا سمة الوحش والذين سجدوا لصورته وطرح الاثنان حيّين الى بحيرة النار المتقدة بالكبريت.
21Ва касони бокӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ӯберун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер пгуданд.
21والباقون قتلوا بسيف الجالس على الفرس الخارج من فمه وجميع الطيور شبعت من لحومهم