Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

Revelation

21

1ВА осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дитар набуд.
1ثم رأيت سماء جديدة وارضا جديدة لان السماء الاولى والارض الاولى مضتا والبحر لا يوجد فيما بعد.
2Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас - Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.
2وانا يوحنا رأيت المدينة المقدسة اورشليم الجديدة نازلة من السماء من عند الله مهيأة كعروس مزينة لرجلها.
3Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ваӮ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;
3وسمعت صوتا عظيما من السماء قائلا هوذا مسكن الله مع الناس وهو سيسكن معهم وهم يكونون له شعبا والله نفسه يكون معهم الها لهم.
4Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.
4وسيمسح الله كل دمعة من عيونهم والموت لا يكون فيما بعد ولا يكون حزن ولا صراخ ولا وجع فيما بعد لان الامور الاولى قد مضت.
5Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».
5وقال الجالس على العرش ها انا اصنع كل شيء جديدا. وقال لي اكتب فان هذه الاقوال صادقة وامينة.
6Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;
6ثم قال لي قد تم. انا هو الالف والياء البداية والنهاية. انا اعطى العطشان من ينبوع ماء الحياة مجانا.
7«Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;
7من يغلب يرث كل شيء واكون له الها وهو يكون لي ابنا.
8«Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро - насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».
8واما الخائفون وغير المؤمنين والرجسون والقاتلون والزناة والسحرة وعبدة الاوثان وجميع الكذبة فنصيبهم في البحيرة المتقدة بنار وكبريت الذي هو الموت الثاني
9Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам»,
9ثم جاء اليّ واحد من السبعة الملائكة الذين معهم السبع الجامات المملوءة من السبع الضربات الاخيرة وتكلم معي قائلا هلم فأريك العروس امرأة الخروف.
10Ва маро Дар Рӯҳ ба кӯҳи бузурғ ва баланде бурд ва шаҳри бузург - Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,
10وذهب بي بالروح الى جبل عظيم عال وأراني المدينة العظيمة اورشليم المقدسة نازلة من السماء من عند الله
11Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад;
11لها مجد الله ولمعانها شبه اكرم حجر كحجر يشب بلوري.
12Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо - дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣИсроил навишта шудааст:
12وكان لها سور عظيم وعال وكان لها اثنا عشر بابا وعلى الابواب اثنا عشر ملاكا واسماء مكتوبة هي اسماء اسباط بني اسرائيل الاثني عشر.
13Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.
13من الشرق ثلاثة ابواب ومن الشمال ثلاثة ابواب ومن الجنوب ثلاثة ابواب ومن الغرب ثلاثة ابواب.
14Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо - номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.
14وسور المدينة كان له اثنا عشر اساسا وعليها اسماء رسل الخروف الاثني عشر.
15Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати андоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.
15والذي كان يتكلم معي كان معه قصبة من ذهب لكي يقيس المدينة وابوابها وسورها.
16Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозӣ ва фароҳӣ ва баландии он баробар аст.
16والمدينة كانت موضوعة مربعة طولها بقدر العرض. فقاس المدينة بالقصبة مسافة اثني عشر الف غلوة. الطول والعرض والارتفاع متساوية.
17Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.
17وقاس سورها مئة واربعا واربعين ذراعا ذراع انسان اي الملاك.
18Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза дюнандӣ дорад.
18وكان بناء سورها من يشب والمدينة ذهب نقي شبه زجاج نقي.
19Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум - яшм, дуюм - ёқути кабуд, сеюм - ақики сӯхта, чорум - зумуррад,
19واساسات سور المدينة مزينة بكل حجر كريم. الاساس الاول يشب. الثاني ياقوت ازرق. الثالث عقيق ابيض. الرابع زمرد ذبابي.
20Панҷум - ақиқи гулобӣ, шашум - ақиқ, ҳафтум - забарҷад, ҳащтум - берил, нӯҳум - ёқути зард, даҳум - ақиқи сабз, ёздаҳум - гиацинт, дувоздаҳум - нилум.
20الخامس جزع عقيقي. السادس عقيق احمر. السابع زبرجد. الثامن زمرد سلقي. التاسع ياقوت اصفر. العاشر عقيق اخضر. الحادي عشر اسمانجوني. الثاني عشر جمشت.
21Ва дувоздаҳ дарвоза - дувоздаҳ марворид: ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр - зари ҳолис, монанди шишаи шаффоф.
21والاثنا عشر بابا اثنتا عشرة لؤلؤة كل واحد من الابواب كان من لؤلؤة واحدة وسوق المدينة ذهب نقي كزجاج شفاف.
22Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.
22ولم أر فيها هيكلا لان الرب الله القادر على كل شيء هو والخروف هيكلها.
23Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
23والمدينة لا تحتاج الى الشمس ولا الى القمر ليضيئا فيها لان مجد الله قد انارها والخروف سراجها.
24Ва халқҳои ҷаҳон дар рӯшноӣи вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард.
24وتمشي شعوب المخلّصين بنورها وملوك الارض يجيئون بمجدهم وكرامتهم اليها.
25Ва дарвозаҳои шаҳр рӯзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб наҳоҳад буд;
25وابوابها لن تغلق نهارا لان ليلا لا يكون هناك.
26Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай ҳоҳанд овард;
26ويجيئون بمجد الامم وكرامتهم اليها.
27Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғғӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.
27ولن يدخلها شيء دنس ولا ما يصنع رجسا وكذبا الا المكتوبين في سفر حياة الخروف