1ВА дар дасти рости Нишинандаи тахт китобе дидам, ки аз дарун ва аз берун навишта ва бо ҳафт мӯҳр баста шуда буд.
1ورأيت على يمين الجالس على العرش سفرا مكتوبا من داخل ومن وراء مختوما بسبعة ختوم
2Ва фариштаи қавие дидам, ки бо овози баланд нидо мекунад:«Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мӯҳрҳои онро бардорад?»
2ورأيت ملاكا قويا ينادي بصوت عظيم من هو مستحق ان يفتح السفر ويفك ختومه.
3Ва ҳеҷ кас на дар осмон, на бар замин, на дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он назар андозад.
3فلم يستطع احد في السماء ولا على الارض ولا تحت الارض ان يفتح السفر ولا ان ينظر اليه.
4Ва ман бисьёр гиристам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ё лоақал ба он назар андозад.
4فصرت انا ابكي كثيرا لانه لم يوجد احد مستحقا ان يفتح السفر ويقرأه ولا ان ينطر اليه.
5Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мӯҳри онро бардорад».
5فقال لي واحد من الشيوخ لا تبك. هوذا قد غلب الاسد الذي من سبط يهوذا اصل داود ليفتح السفر ويفك ختومه السبعة
6Ва назар андохтам, ва инак, дар миёнаи тахт ва он чор ҳайвон ва дар миенаи он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.
6ورأيت فاذا في وسط العرش والحيوانات الاربعة وفي وسط الشيوخ خروف قائم كانه مذبوح له سبعة قرون وسبع اعين هي سبعة ارواح الله المرسلة الى كل الارض.
7Ва Ӯ омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт.
7فأتى واخذ السفر من يمين الجالس على العرش.
8Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд;
8ولما اخذ السفر خرّت الاربعة الحيوانات والاربعة والعشرون شيخا امام الخروف ولهم كل واحد قيثارات وجامات من ذهب مملوءة بخورا هي صلوات القديسين.
9Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастй, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорй; зеро ки Ту забҳ шудй ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,
9وهم يترنمون ترنيمة جديدة قائلين مستحق انت ان تأخذ السفر وتفتح ختومه لانك ذبحت واشتريتنا للّه بدمك من كل قبيلة ولسان وشعب وامّة
10«Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».
10وجعلتنا لالهنا ملوكا وكهنة فسنملك على الارض
11Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳобевар ва ҳазорҳоҳазор буд,
11ونظرت وسمعت صوت ملائكة كثيرين حول العرش والحيوانات والشيوخ وكان عددهم ربوات ربوات والوف الوف
12Ки бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад».
12قائلين بصوت عظيم مستحق هو الخروف المذبوح ان يأخذ القدرة والغنى والحكمة والقوة والكرامة والمجد والبركة.
13Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад».
13وكل خليقة مما في السماء وعلى الارض وتحت الارض وما على البحر كل ما فيها سمعتها قائلة. للجالس على العرش وللخروف البركة والكرامة والمجد والسلطان الى ابد الآبدين.
14Ва он чор ҳайвон гуфтанд: «Омин». Ва он бисту чор пир афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда карданд.
14وكانت الحيوانات الاربعة تقول آمين. والشيوخ الاربعة والعشرون خرّوا وسجدوا للحي الى ابد الآبدين