Tajik

Russian 1876

1 John

3

1БӮБИНЕД, ки Падар ба мо чй гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст.
1Смотрите, какую любовь дал нам Отец, чтобы нам называться и быть детьми Божиими. Мир потому незнает нас, что не познал Его.
2Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.
2Возлюбленные! мы теперь дети Божии; но еще не открылось, что будем. Знаем только, что, когда откроется, будем подобны Ему, потому что увидим Его, как Он есть.
3Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.
3И всякий, имеющий сию надежду на Него, очищает себя так, как Он чист.
4Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.
4Всякий, делающий грех, делает и беззаконие; и грех есть беззаконие.
5Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.
5И вы знаете, что Он явился для того, чтобы взять грехи наши, и что в Нем нет греха.
6Ҳар кй дар Ӯ бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кй гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст.
6Всякий, пребывающий в Нем, не согрешает; всякий согрешающий не видел Его и не позналЕго.
7Эй фарзандон! Бигзор шуморо ҳеҷ кас фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ӯ одил аст.
7Дети! да не обольщает вас никто. Кто делает правду,тот праведен, подобно как Он праведен.
8Касе ки гуноҳмекунад, вай аз иблис аст, чункииблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.
8Кто делает грех, тот от диавола, потому что сначала диавол согрешил. Для сего-то и явился Сын Божий, чтобы разрушить дела диавола.
9Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.
9Всякий, рожденный от Бога, не делает греха, потому что семя Его пребывает в нем; и он не можетгрешить, потому что рожден от Бога.
10Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.
10Дети Божии и дети диавола узнаются так: всякий, не делающий правды, не есть от Бога, равно и не любящий брата своего.
11Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдитарро дӯст дорем,
11Ибо таково благовествование, которое вы слышали от начала, чтобы мы любили друг друга,
12На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худащ бад буд, вале аъмоли бародараш - одилона.
12не так, как Каин, который был от лукавого и убил брата своего. А за что убил его? За то, что дела его были злы, а дела брата его праведны.
13Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.
13Не дивитесь, братия мои, если мир ненавидит вас.
14Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем; касе ки бародарашро дӯст намедорад, ҳанӯз дар марг сокин аст.
14Мы знаем, что мы перешли из смерти в жизнь, потому что любим братьев; не любящий брата пребывает в смерти.
15Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.
15Всякий, ненавидящий брата своего, есть человекоубийца; а вы знаете, что никакой человекоубийца не имеет жизни вечной, в нем пребывающей.
16Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
16Любовь познали мы в том, что Он положил за нас душу Свою: и мы должны полагать души свои за братьев.
17Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷй дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, - чй гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?
17А кто имеет достаток в мире, но, видя брата своего в нужде, затворяет от него сердце свое, – как пребывает в том любовь Божия?
18Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.
18Дети мои! станем любить не словом или языком, но делом и истиною.
19Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард,
19И вот по чему узнаем, что мы от истины, и успокаиваем пред Ним сердца наши;
20Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
20ибо если сердце наше осуждает нас, то кольми паче Бог , потому что Бог больше сердца нашего и знает все.
21Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад,мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,
21Возлюбленные! если сердце наше не осуждает нас, то мы имеем дерзновение к Богу,
22Ба ҳар чӣ талаб кунем, азӮмеёбем,чунки аҳкомиӮро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
22и, чего ни попросим, получим от Него, потому что соблюдаем заповеди Его и делаем благоугодное пред Ним.
23Ва ҳукми Ӯ ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ ба мо ҳукм кардааст.
23А заповедь Его та, чтобы мы веровали во имя Сына Его Иисуса Христа и любили друг друга, как Он заповедал нам.
24Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.
24И кто сохраняет заповеди Его, тот пребывает в Нем, и Он в том. А что Он пребывает в нас,узнаем по духу, который Он дал нам.