1ПАС, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм укубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм укубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,
1Итак, как Христос пострадал за нас плотию, то и вывооружитесь тою же мыслью; ибо страдающий плотию перестает грешить,
2То ки бокии умри ҷисмониро на аз руи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофики иродаи Худо ба сар барад.
2чтобы остальное во плоти время жить уже не по человеческим похотям, но по воле Божией.
3Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.
3Ибо довольно, что вы в прошедшее время жизни поступали по воле языческой, предаваясь нечистотам, похотям(мужеложству, скотоложству, помыслам), пьянству, излишеству в пище и питии и нелепому идолослужению;
4Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;
4почему они и дивятся, что вы не участвуете с ними втом же распутстве, и злословят вас.
5Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод.
5Они дадут ответ Имеющему вскоре судить живых и мертвых.
6Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тарики одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагй кунанд.
6Ибо для того и мертвым было благовествуемо, чтобы они, подвергшись суду по человеку плотию, жили по Богу духом.
7Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.
7Впрочем близок всему конец. Итак будьте благоразумны и бодрствуйте в молитвах.
8Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиедро рӯпӯш мекунад;
8Более же всего имейте усердную любовь друг ко другу, потому что любовь покрывает множество грехов.
9Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;
9Будьте страннолюбивы друг ко другу без ропота.
10Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
10Служите друг другу, каждый тем даром, какой получил, как добрые домостроители многоразличной благодати Божией.
11Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи куввате ки Худо ба вай медиҳад, ҳизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
11Говорит ли кто, говори как слова Божии; служит ли кто, служи по силе, какую дает Бог, дабы вовсем прославлялся Бог через Иисуса Христа, Которому слава и держава во веки веков. Аминь.
12Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,
12Возлюбленные! огненного искушения, для испытания вам посылаемого, не чуждайтесь, как приключения для вас странного,
13Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
13но как вы участвуете в Христовых страданиях, радуйтесь, да и в явление славы Его возрадуетесь и восторжествуете.
14Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорй медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
14Если злословят вас за имя Христово, то вы блаженны, ибо Дух Славы, Дух Божий почивает на вас. Теми Он хулится, а вами прославляется.
15Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, е дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад;
15Только бы не пострадал кто из вас, как убийца, иливор, или злодей, или как посягающий на чужое;
16Аммо агар касе ҳамчун масеҳй уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
16а если как Христианин, то не стыдись, но прославляй Бога за такую участь.
17Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?
17Ибо время начаться суду с дома Божия; если же прежде с нас начнется , то какой конец непокоряющимся Евангелию Божию?
18Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?
18И если праведник едва спасается, то нечестивый и грешный где явится?
19Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
19Итак страждущие по воле Божией да предадут Ему, как верному Создателю, души свои, делая добро.