1ПАС, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,
1Итак прежде всего прошу совершать молитвы, прошения, моления, благодарения за всех человеков,
2Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;
2за царей и за всех начальствующих, дабы проводить нам жизнь тихую и безмятежную во всяком благочестии и чистоте,
3Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,
3ибо это хорошо и угодно Спасителю нашему Богу,
4Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.
4Который хочет, чтобы все люди спаслись и достигли познания истины.
5Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,
5Ибо един Бог, един и посредник между Богом и человеками, человек Христос Иисус,
6Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,
6предавший Себя для искупления всех. Таково было в свое времясвидетельство,
7Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, - дар Масеҳ рост мегуям, дурӯғ не.
7для которого я поставлен проповедником и Апостолом, – истину говорю во Христе, не лгу, – учителем язычников в вере и истине.
8Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;
8Итак желаю, чтобы на всяком месте произносили молитвы мужи, воздевая чистые руки без гнева исомнения;
9Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофй, на бо тилло, на бо марворид ва на бо Либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,
9чтобы также и жены, в приличном одеянии, со стыдливостью и целомудрием, украшали себя не плетением волос , не золотом, не жемчугом, не многоценною одеждою,
10Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.
10но добрыми делами, как прилично женам, посвящающим себя благочестию.
11Бигзор зан дар хомӯшй бо камоли итоат таълим гирад;
11Жена да учится в безмолвии, со всякою покорностью;
12Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.
12а учить жене не позволяю, ни властвовать над мужем, но быть в безмолвии.
13Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво;
13Ибо прежде создан Адам, а потом Ева;
14Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор щудааст;
14и не Адам прельщен; но жена, прельстившись, впала в преступление;
15Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.
15впрочем спасется через чадородие, если пребудет ввере и любви и в святости с целомудрием.