1ВА инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид.
1Знай же, что в последние дни наступят времена тяжкие.
2Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,
2Ибо люди будут самолюбивы, сребролюбивы, горды, надменны, злоречивы, родителям непокорны, неблагодарны, нечестивы, недружелюбны,
3Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,
3непримирительны, клеветники, невоздержны, жестоки, не любящие добра,
4Ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодй, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд,
4предатели, наглы, напыщенны, более сластолюбивы, нежели боголюбивы,
5Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирй намо.
5имеющие вид благочестия, силы же его отрекшиеся. Таковых удаляйся.
6Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.
6К сим принадлежат те, которые вкрадываются в домы и обольщают женщин, утопающих во грехах, водимых различными похотями,
7Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба донидш ростӣ расида наметавонанд.
7всегда учащихся и никогда не могущих дойти до познания истины.
8Чунон ки Янис ва Ямбрис ба мукрбили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ киём мекунанд.
8Как Ианний и Иамврий противились Моисею, так и сии противятся истине, люди, развращенные умом, невежды в вере.
9Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор ҳоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.
9Но они не много успеют; ибо их безумие обнаружится перед всеми, как и с теми случилось.
10Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,
10А ты последовал мне в учении, житии, расположении, вере, великодушии, любви, терпении,
11Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод.
11в гонениях, страданиях, постигших меня в Антиохии, Иконии, Листрах; каковые гонения я перенес, и от всех избавилменя Господь.
12Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунапд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;
12Да и все, желающие жить благочестиво во Христе Иисусе, будут гонимы.
13Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.
13Злые же люди и обманщики будут преуспевать во зле, вводя в заблуждение и заблуждаясь.
14Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст;
14А ты пребывай в том, чему научен и что тебе вверено, зная, кем ты научен.
15Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонй, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.
15Притом же ты из детства знаешь священные писания, которые могут умудрить тебя во спасение верою во Христа Иисуса.
16Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,
16Все Писание богодухновенно и полезно для научения, для обличения, для исправления, для наставления в праведности,
17То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.
17да будет совершен Божий человек, ко всякому доброму делу приготовлен.