Tajik

Russian 1876

3 John

1

1ПИР - ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростй дӯст медорам.
1Старец – возлюбленному Гаию, которого я люблю по истине.
2Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст.
2Возлюбленный! молюсь, чтобы ты здравствовал и преуспевал во всем, как преуспевает душа твоя.
3Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ.
3Ибо я весьма обрадовался, когда пришли братия и засвидетельствовали о твоей верности, как ты ходишь в истине.
4Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.
4Для меня нет большей радости, как слышать, что дети мои ходят в истине.
5Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои гарибон мекунй, рафтори ту амин аст.
5Возлюбленный! ты как верный поступаешь в том, что делаешь для братьев и для странников.
6Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст,
6Они засвидетельствовали перед церковью о твоей любви. Ты хорошо поступишь, если отпустишь их, как должно ради Бога,
7Зеро ки онҳо ба ҳотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд.
7ибо они ради имени Его пошли, не взяв ничего от язычников.
8Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростй шарик шавем.
8Итак мы должны принимать таковых, чтобы сделаться споспешниками истине.
9Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад.
9Я писал церкви; но любящий первенствовать у них Диотреф не принимает нас.
10Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон хоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад.
10Посему, если я приду, то напомню о делах, которые он делает, понося нас злыми словами, и не довольствуясь тем, и сам не принимает братьев, и запрещает желающим, и изгоняет из церкви.
11Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун,балки ба некӣ. Касе ки некй мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
11Возлюбленный! не подражай злу, но добру. Кто делает добро, тот от Бога; а делающий зло не видел Бога.
12Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст.
12О Димитрии засвидетельствовано всеми и самою истиною; свидетельствуем также и мы, и вы знаете, что свидетельство наше истинно.
13Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам,
13Многое имел я писать; но не хочу писать к тебе чернилами и тростью,
14Балки умедворам, ки ба қарибй туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем.
14а надеюсь скоро увидеть тебя и поговорить устами к устам. (1:15) Мир тебе. Приветствуют тебя друзья; приветствуй друзей поименно. Аминь.
15Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.