1ДАР Икуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
1В Иконии они вошли вместе в Иудейскую синагогу и говорили так, что уверовало великое множество Иудеев и Еллинов.
2Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои гайрияҳудиёнро шӯронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.
2А неверующие Иудеи возбудили и раздражили против братьев сердца язычников.
3Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи фаизи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъчизот ато мекард.
3Впрочем они пробыли здесь довольно времени, смело действуя о Господе, Который, во свидетельствослову благодати Своей, творил руками их знамения и чудеса.
4Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.
4Между тем народ в городе разделился: и одни были на стороне Иудеев, а другие на стороне Апостолов.
5Вақте ки гайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,
5Когда же язычники и Иудеи со своими начальниками устремились на них, чтобы посрамить и побить их камнями,
6Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,
6они, узнав о сем , удалились в Ликаонские города Листру и Дервию и в окрестности их,
7Ва дар он чо башорат медоданд.
7и там благовествовали.
8Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
8В Листре некоторый муж, не владевший ногами, сидел, будучи хром от чрева матери своей, и никогда не ходил.
9Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,
9Он слушал говорившего Павла, который, взглянув на него и увидев, что он имеет веру для получения исцеления,
10Бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойхои худ рост биист». Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.
10сказал громким голосом: тебе говорю во имя Господа Иисуса Христа: стань на ноги твои прямо. И он тотчас вскочил и стал ходить.
11Вакте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, ба забони Леконй гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд».
11Народ же, увидев, что сделал Павел, возвысил свой голос, говоря по-ликаонски: боги в образе человеческом сошли к нам.
12Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ӯ сарвари нотиқон буд.
12И называли Варнаву Зевсом, а Павла Ермием, потому что он начальствовал в слове.
13Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонй кунад.
13Жрец же идола Зевса, находившегося перед их городом, приведя к воротам волов и принеся венки, хотел вместе с народом совершить жертвоприношение.
14Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро дарронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:
14Но Апостолы Варнава и Павел, услышав о сем , разодрали свои одежды и, бросившись в народ, громогласно говорили:
15«Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои ҳуд гашта, ба Худои Ҳай руҷӯъ намоед, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
15мужи! что вы это делаете? И мы - подобные вам человеки, и благовествуем вам, чтобы вы обратились от сих ложных кБогу Живому, Который сотворил небо и землю, и море, и все, что в них,
16«Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,
16Который в прошедших родах попустил всем народам ходить своими путями,
17«Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонй пур мекунад».
17хотя и не переставал свидетельствовать о Себе благодеяниями, подавая нам с неба дожди и времена плодоносные и исполняя пищею и веселием сердца наши.
18Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд.
18И, говоря сие, они едва убедили народ не приносить им жертвы и идти каждому домой. Между тем, как они, оставаясь там, учили,
19Дар ин миён аз Антиёҳия ва Иқуния яхудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.
19из Антиохии и Иконии пришли некоторые Иудеи и, когда Апостолы смело проповедывали,убедили народ отстать от них, говоря: они не говорят ничего истинного, а все лгут. И, возбудив народ, побили Павла камнями и вытащили за город, почитая егоумершим.
20Вакте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд.
20Когда же ученики собрались около него, он встал и пошел в город, а на другой день удалился с Варнавою в Дервию.
21Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.
21Проповедав Евангелие сему городу и приобретя довольно учеников, они обратно проходили Листру, Иконию и Антиохию,
22Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки "дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисъёр дохили Малакути Худо гардем".
22утверждая души учеников, увещевая пребывать в вереи поучая , что многими скорбями надлежит нам войти в Царствие Божие.
23Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд.
23Рукоположив же им пресвитеров к каждой церкви, они помолились с постом и предали их Господу, в Которого уверовали.
24Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд
24Потом, пройдя через Писидию, пришли в Памфилию,
25Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;
25и, проповедав слово Господне в Пергии, сошли в Атталию;
26Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
26а оттуда отплыли в Антиохию, откуда были преданы благодати Божией на дело, которое и исполнили.
27Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чй гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;
27Прибыв туда и собрав церковь, они рассказали все, чтосотворил Бог с ними и как Он отверз дверь веры язычникам.
28Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.
28И пребывали там немалое время с учениками.