1ЭЙ фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст.
1Дети, повинуйтесь своим родителям в Господе, ибо сего требует справедливость.
2"Падар ва модари худро иззат намо", ин аст.ҳукми аввалин бо чунин ваъда:
2Почитай отца твоего и мать, это первая заповедь с обетованием:
3"То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинй".
3да будет тебе благо, и будешь долголетен на земле.
4Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.
4И вы, отцы, не раздражайте детей ваших, но воспитывайте их в учении и наставлении Господнем.
5Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,
5Рабы, повинуйтесь господам своим по плоти со страхом и трепетом, в простоте сердца вашего, как Христу,
6На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон^ балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба чо меоваранд.
6не с видимою только услужливостью, как человекоугодники, нокак рабы Христовы, исполняя волю Божию от души,
7Ғаӣратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,
7служа с усердием, как Господу, а не как человекам,
8Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт.
8зная, что каждый получит от Господа по мере добра, которое он сделал, раб ли, или свободный.
9Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.
9И вы, господа, поступайте с ними так же,умеряя строгость, зная, что и над вами самими и над ними есть на небесах Господь, у Которого нетлицеприятия.
10Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.
10Наконец, братия мои, укрепляйтесь Господом и могуществом силы Его.
11Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.
11Облекитесь во всеоружие Божие, чтобы вам можно было стать против козней диавольских,
12Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст.
12потому что наша брань не против крови и плоти, но против начальств, против властей, против мироправителей тьмы века сего, против духов злобы поднебесной.
13Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.
13Для сего приимите всеоружие Божие, дабы вы моглипротивостать в день злый и, все преодолев, устоять.
14Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед,
14Итак станьте, препоясав чресла ваши истиною и облекшись в броню праведности,
15Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед,
15и обув ноги в готовность благовествовать мир;
16Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед;
16а паче всего возьмите щит веры, которым возможете угасить все раскаленные стрелы лукавого;
17Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;
17и шлем спасения возьмите, и меч духовный, которыйесть Слово Божие.
18Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илгимос кунед,
18Всякою молитвою и прошением молитесь во всякое время духом, и старайтесь о сем самом со всяким постоянством и молением о всех святых
19Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,
19и о мне, дабы мне дано было слово – устами моими открыто с дерзновением возвещать тайну благовествования,
20Ки барои 0н ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гӯям.
20для которого я исполняю посольство в узах, дабы я смело проповедывал, как мне должно.
21Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,
21А дабы и вы знали о моих обстоятельствах и делах, обо всем известит вас Тихик, возлюбленный брат и верный в Господе служитель,
22Ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.
22которого я и послал к вам для того самого, чтобы выузнали о нас и чтобы он утешил сердца ваши.
23Бародаронро осоиштаги ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Пддар ва Исои Масеҳи Худованд бод.
23Мир братиям и любовь с верою от Бога Отца и Господа Иисуса Христа.
24Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.
24Благодать со всеми, неизменно любящими Господа нашегоИисуса Христа. Аминь.