Tajik

Russian 1876

Hebrews

10

1ЗЕРО шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, такдимкунандагонро комил гардонад.
1Закон, имея тень будущих благ, а не самый образ вещей, одними и теми же жертвами, каждый год постоянно приносимыми, никогда не может сделать совершенными приходящих с ними .
2Вагар на, ба тақдим кардани онҳо ҳотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар хеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд.
2Иначе перестали бы приносить их , потому что приносящие жертву, быв очищены однажды, не имели бы уже никакого сознания грехов.
3Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;
3Но жертвами каждогодно напоминается о грехах,
4Зеро аз имкон берун аст, ки ҳуни говҳо ва бузҳогуноҳҳоро нест кунад.
4ибо невозможно, чтобы кровь тельцов и козлов уничтожала грехи.
5Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: "Курбонй ва ҳадияро Ту нахостй,балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;
5Посему Христос , входя в мир, говорит: жертвы и приношения Ты не восхотел, но тело уготовал Мне.
6"Қурбонии сӯҳтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд.
6Всесожжения и жертвы за грех неугодны Тебе.
7"Он гоҳ гуфтам: «Инак, меоям, - чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, - то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам»".
7Тогда Я сказал: вот, иду, как в начале книги написано о Мне, исполнить волю Твою, Боже.
8Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, - ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, - Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;
8Сказав прежде, что „ни жертвы, ни приношения, ни всесожжений, ни жертвы за грех, – которые приносятся по закону, – Ты не восхотел и не благоизволил",
9Баъд, илова намуда, гуфтааст: "Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам". Ӯ якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.
9потом прибавил: „вот, иду исполнить волю Твою, Боже". Отменяет первое, чтобы постановить второе.
10Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.
10По сей-то воле освящены мы единократным принесениемтела Иисуса Христа.
11Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.
11И всякий священник ежедневно стоит в служении, и многократно приносит одни и те же жертвы, которые никогда немогут истребить грехов.
12Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,
12Он же, принеся одну жертву за грехи, навсегда воссел одесную Бога,
13Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд.
13ожидая затем, доколе враги Его будут положены в подножие ног Его.
14Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тавдисшавандагонро то абад комил гардондааст.
14Ибо Он одним приношением навсегда сделал совершенными освящаемых.
15Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шу дааст:
15О сем свидетельствует нам и Дух Святый; ибо сказано:
16"Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт,
16Вот завет, который завещаю им после тех дней, говорит Господь: вложу законы Мои в сердца их, и в мыслях их напишу их,
17"Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард".
17и грехов их и беззаконий их не воспомяну более.
18Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.
18А где прощение грехов, там не нужно приношение за них.
19Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,
19Итак, братия, имея дерзновение входить во святилище посредством Крови Иисуса Христа, путем новым и живым,
20Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,
20который Он вновь открыл нам через завесу, то есть плоть Свою,
21Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,
21и имея великого Священника над домом Божиим,
22Пас бо Дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисмн худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
22да приступаем с искренним сердцем, с полною верою, кроплением очистив сердца от порочной совести, и омыв тело водою чистою,
23Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;
23будем держаться исповедания упования неуклонно, ибо верен Обещавший.
24Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,
24Будем внимательны друг ко другу, поощряя к любви и добрым делам.
25Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.
25Не будем оставлять собрания своего, как есть у некоторых обычай; но будем увещевать друг друга , и тем более, чем более усматриваете приближение дня оного.
26Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани донищи ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, - дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад,
26Ибо если мы, получив познание истины, произвольно грешим, то не остается более жертвы за грехи,
27Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва пшддати оташе ки хасмҳоро ба коми ҳуд хоҳад кашид.
27но некое страшное ожидание суда и ярость огня, готового пожрать противников.
28Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мепгуд,
28Если отвергшийся закона Моисеева, при двух или трех свидетелях, без милосердия наказывается смертью,
29Пас, ба гумонатон, сазовори чй қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он такдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?
29то сколь тягчайшему, думаете, наказанию повинен будет тот, кто попирает Сына Божия и не почитает за святыню Кровь завета, которою освящен, и Духа благодати оскорбляет?
30Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: "Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд". Ва боз: "Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард".
30Мы знаем Того, Кто сказал: у Меня отмщение, Я воздам, говорит Господь. И еще: Господь будет судить народ Свой.
31Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!
31Страшно впасть в руки Бога живаго!
32АЙеми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони укубатҳоро бардоштед,
32Вспомните прежние дни ваши, когда вы, быв просвещены, выдержали великий подвиг страданий,
33Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни ҳориҳо ва андӯҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд;
33то сами среди поношений и скорбей служа зрелищем для других , то принимая участие в других, находившихся в таком же состоянии ;
34Зеро ки шумо ба занчирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.
34ибо вы и моим узам сострадали и расхищение имения вашего приняли с радостью, зная, что есть у вас на небесах имущество лучшее и непреходящее.
35Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.
35Итак не оставляйте упования вашего, которому предстоит великое воздаяние.
36Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;
36Терпение нужно вам, чтобы, исполнив волю Божию,получить обещанное;
37Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.
37ибо еще немного, очень немного, и Грядущий придет и не умедлит.
38Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.
38Праведный верою жив будет; а если кто поколеблется, не благоволит к тому душа Моя.
39Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.
39Мы же не из колеблющихся на погибель, но стоим в вере к спасению души.