Tajik

Russian 1876

John

21

1БАЪД аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:
1После того опять явился Иисус ученикам Своим при море Тивериадском. Явился же так:
2Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.
2были вместе Симон Петр, и Фома, называемый Близнец, и Нафанаил из Каны Галилейской, и сыновья Зеведеевы, идвое других из учеников Его.
3Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳй биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
3Симон Петр говорит им: иду ловить рыбу. Говорят ему: идем и мы с тобою. Пошли и тотчас вошли в лодку, и не поймали в ту ночь ничего.
4Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.
4А когда уже настало утро, Иисус стоял на берегу; но ученики не узнали, что это Иисус.
5Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».
5Иисус говорит им: дети! есть ли у вас какая пища? Ониотвечали Ему: нет.
6Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кащида натавонистанд.
6Он же сказал им: закиньте сеть по правую сторону лодки, и поймаете. Они закинули, и уже не могли вытащить сети от множества рыбы.
7Он шогйрде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;
7Тогда ученик, которого любил Иисус, говорит Петру: это Господь. Симон же Петр, услышав, что это Господь, опоясался одеждою, – ибо он был наг, – и бросился в море.
8Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, - зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, - ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд.
8А другие ученики приплыли в лодке, – ибо недалеко были от земли, локтей около двухсот, – таща сеть с рыбою.
9Ва чун ба ҳушкй баромаданд, оташи афрӯҳта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд.
9Когда же вышли на землю, видят разложенный огонь и на нем лежащую рыбу и хлеб.
10Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред».
10Иисус говорит им: принесите рыбы, которую вы теперьпоймали.
11Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кащид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид.
11Симон Петр пошел и вытащил на землю сеть, наполненную большими рыбами, которых было сто пятьдесят три; и при таком множестве не прорвалась сеть.
12Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: "Ту кистӣ?" Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.
12Иисус говорит им: придите, обедайте. Из учеников же никто не смел спросить Его: кто Ты?, зная, что это Господь.
13Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
13Иисус приходит, берет хлеб и дает им, также и рыбу.
14Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.
14Это уже в третий раз явился Иисус ученикам Своим по воскресении Своем из мертвых.
15Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибнн Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон».
15Когда же они обедали, Иисус говорит Симону Петру:Симон Ионин! любишь ли ты Меня больше, нежели они? Петр говорит Ему: так, Господи! Ты знаешь, что я люблю Тебя. Иисусговорит ему: паси агнцев Моих.
16Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гусфандони Маро чӯпонӣ намо».
16Еще говорит ему в другой раз: Симон Ионин! любишь ли ты Меня? Петр говорит Ему: так, Господи! Ты знаешь, что я люблю Тебя. Иисус говорит ему: паси овец Моих.
17Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: "Оё Маро дӯст медорӣ?" ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастй; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;
17Говорит ему в третий раз: Симон Ионин! любишь ли ты Меня? Петр опечалился, что в третий раз спросил его: любишь ли Меня? и сказал Ему: Господи! Ты все знаешь; Ты знаешь, что я люблю Тебя. Иисус говорит ему: паси овец Моих.
18Ба ростӣ, ба ростй ба ту мегӯям: вакте ки ҷавон будй, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вакте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, вадигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳй, туро хоҳад бурд».
18Истинно, истинно говорю тебе: когда ты был молод, топрепоясывался сам и ходил, куда хотел; а когда состаришься, то прострешь руки твои, и другой препояшет тебя, и поведет, куда не хочешь.
19Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вая бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё».
19Сказал же это, давая разуметь, какою смертью Петр прославит Бога. И, сказав сие, говорит ему: иди за Мною.
20Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуки синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?»
20Петр же, обратившись, видит идущего за ним ученика,которого любил Иисус и который на вечери, приклонившись к груди Его, сказал: Господи! кто предаст Тебя?
21Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Окибати ин чӣ хоҳад буд?»
21Его увидев, Петр говорит Иисусу: Господи! а он что?
22Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чй даҳл дорад? Аз ақиби Ман биё».
22Иисус говорит ему: если Я хочу, чтобы он пребыл, пока приду, что тебе до того ? ты иди за Мною.
23Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исоба вайнагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»
23И пронеслось это слово между братиями, что ученик тот не умрет. Но Иисус не сказал ему, что не умрет, но: если Я хочу, чтобы он пребыл, пока приду, что тебе до того ?
24Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
24Сей ученик и свидетельствует о сем, и написал сие; и знаем, что истинно свидетельство его.
25Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин.
25Многое и другое сотворил Иисус; но, если бы писать отом подробно, то, думаю, и самому миру не вместить бынаписанных книг. Аминь.