Tajik

Russian 1876

Luke

20

1ДАР яке аз рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада,
1В один из тех дней, когда Он учил народ в храме и благовествовал, приступили первосвященники и книжники со старейшинами,
2Ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки бо кадом кудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?»
2и сказали Ему: скажи нам, какоювластью Ты это делаешь, или кто дал Тебе власть сию?
3Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигӯед:
3Он сказал им в ответ: спрошу и Я вас об одном, и скажите Мне:
4«Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?»
4крещение Иоанново с небес было, или от человеков?
5Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имок наовардед?"
5Они же, рассуждая между собою, говорили: если скажем: с небес, то скажет: почему же вы не поверили ему?
6«Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин дорапд» ки Яҳьё набӣ буд».
6а если скажем: от человеков, то весь народ побьет нас камнями, ибо он уверен, что Иоанн есть пророк.
7Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд».
7И отвечали: не знаем откуда.
8Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам».
8Иисус сказал им: и Я не скажу вам, какою властью это делаю.
9Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дуру дарозе сафар кард;
9И начал Он говорить к народу притчу сию: один человек насадил виноградник и отдал его виноградарям, и отлучился на долгое время;
10«Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдоррн вайро зада, тиҳидаст равона карданд.
10и в свое время послал к виноградарям раба, чтобы онидали ему плодов из виноградника; но виноградари, прибив его, отослали ни с чем.
11«Ва ӯ ҳизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд.
11Еще послал другого раба; но они и этого, прибив и обругав, отослали ни с чем.
12«Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд.
12И еще послал третьего; но они и того, изранив, выгнали.
13«Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: "Чӣ кунам?Писаримаҳбуби худро мефиристам; шояд, ӯро дида, шарм кунанд".
13Тогда сказал господин виноградника: что мне делать? Пошлю сына моего возлюбленного; может быть, увидев его, постыдятся.
14«Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад".
14Но виноградари, увидев его, рассуждали между собою,говоря: это наследник; пойдем, убьем его, и наследство его будет наше.
15«Ва ӯро аз токзор бароварда, купгтанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард?
15И, выведя его вон из виноградника, убили. Что же сделает с ними господин виноградника?
16«Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум ҳоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Ҳошо ва калло!»
16Придет и погубит виноградарей тех, и отдаст виноградник другим. Слышавшие же это сказали: да не будет!
17Аммо Ӯ ба онҳо назар андохта, гуфт: «Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид"?
17Но Он, взглянув на них, сказал: что значит сие написанное: камень, который отвергли строители, тот самый сделался главою угла?
18«Ҳар кй бар он санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад».
18Всякий, кто упадет на тот камень,разобьется, а на кого он упадет, того раздавит.
19Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ӯ дар ҳаққи онҳо гуфта буд.
19И искали в это время первосвященники и книжники, чтобыналожить на Него руки, но побоялись народа, ибо поняли, что о них сказал Он эту притчу.
20Ва Ӯро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ӯро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунаид.
20И, наблюдая за Ним, подослали лукавых людей, которые,притворившись благочестивыми, уловили бы Его в каком-либо слове, чтобы предать Его начальству и власти правителя.
21Ва онҳо ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегӯӣ ва меомӯзӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ;
21И они спросили Его: Учитель! мы знаем, что Ты правдиво говоришь и учишь и не смотришь на лице, но истинно пути Божию учишь;
22«Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?»
22позволительно ли нам давать подать кесарю, или нет?
23Вале Ӯ макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед?
23Он же, уразумев лукавство их, сказал им: что вы Меня искушаете?
24«Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар».
24Покажите Мне динарий: чье на нем изображение и надпись? Они отвечали: кесаревы.
25Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо».
25Он сказал им: итак, отдавайте кесарево кесарю, а Божие Богу.
26Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат афтода, хомӯш монданд.
26И не могли уловить Его в слове перед народом, и, удивившись ответу Его, замолчали.
27Ва баъзе аз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
27Тогда пришли некоторые из саддукеев, отвергающих воскресение, и спросили Его:
28«Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.
28Учитель! Моисей написал нам, что если у кого умретбрат, имевший жену, и умрет бездетным, то брат его должен взять его жену и восставить семя брату своему.
29«Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;
29Было семь братьев, первый, взяв жену, умер бездетным;
30«Ва он занро дуюмин гирифт, вале ӯ низ фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;
30взял ту жену второй, и тот умер бездетным;
31«Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд;
31взял ее третий; также и все семеро, и умерли, не оставив детей;
32«Баъд аз ҳама зан низ мурд.
32после всех умерла и жена;
33«Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки хар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
33итак, в воскресение которого из них будет она женою, ибо семеро имели ее женою?
34Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;
34Иисус сказал им в ответ: чада века сего женятся и выходят замуж;
35«Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва ба эҳьёи мурдагон бишаванд» на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,
35а сподобившиеся достигнуть того века и воскресения из мертвых ни женятся, ни замуж не выходят,
36«Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
36и умереть уже не могут, ибо они равны Ангелам и суть сыны Божии, будучи сынами воскресения.
37«Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.
37А что мертвые воскреснут, и Моисей показал при купине, когда назвал Господа Богом Авраама и Богом Исаака и Богом Иакова.
38«Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд».
38Бог же не есть Бог мертвых, но живых, ибо у Него все живы.
39Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Нағз суҳан рондӣ».
39На это некоторые из книжников сказали:Учитель! Ты хорошо сказал.
40Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе бипурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт:
40И уже не смели спрашивать Его ни о чем. Он же сказал им:
41«Чӣ сон мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?
41как говорят, что Христос есть Сын Давидов,
42«Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,
42а сам Давид говорит в книге псалмов: сказал Господь Господу моему: седи одесную Меня,
43"То душманони Туро зери пои Ту андозам".
43доколе положу врагов Твоих в подножие ног Твоих?
44«Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣсонӮ писари вай будааст?»
44Итак, Давид Господом называет Его; как же Он Сын ему?
45Ва дар сурате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:
45И когда слушал весь народ, Он сказал ученикам Своим:
46«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
46остерегайтесь книжников, которые любят ходить в длинных одеждах и любят приветствия в народных собраниях, председания в синагогах и предвозлежания на пиршествах,
47«Онҳо, ки ҳонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама саҳттар маҳкум ҳоҳанд шуд».
47которые поедают домы вдов и лицемерно долго молятся; они примут тем большее осуждение.