Tajik

Russian 1876

Luke

7

1ВАҚТЕ ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд.
1Когда Он окончил все слова Свои к слушавшему народу,то вошел в Капернаум.
2Ғуломи якмирисад,ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд.
2У одного сотника слуга, которым он дорожил, был болен при смерти.
3Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад.
3Услышав об Иисусе, он послал к Нему Иудейских старейшин просить Его, чтобы пришел исцелить слугу его.
4Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунй,
4И они, придя к Иисусу, просили Его убедительно, говоря: он достоин, чтобы Ты сделал для него это,
5«Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард».
5ибо он любит народ наш и построил нам синагогу.
6Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ;
6Иисус пошел с ними. И когда Он недалеко уже был от дома, сотник прислал к Нему друзей сказать Ему: не трудись, Господи! ибо я недостоин, чтобы Ты вошел под кров мой;
7«Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт;
7потому и себя самого не почел я достойным придти к Тебе; но скажи слово, и выздоровеет слуга мой.
8«Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: "Еирав", меравад; ба дигаре мегӯям: "Биё", меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: "Фалон корро бикун", мекунад».
8Ибо я и подвластный человек, но, имея у себя в подчинении воинов, говорю одному: пойди, и идет; и другому: приди, и приходит; и слуге моему: сделай то, и делает.
9Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯмерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам».
9Услышав сие, Иисус удивился ему и, обратившись, сказал идущему за Ним народу: сказываю вам, что и в Израиле не нашел Я такой веры.
10Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.
10Посланные, возвратившись в дом, нашли больного слугу выздоровевшим.
11Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин номдорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд.
11После сего Иисус пошел в город, называемый Наин; и с Ним шли многие из учеников Его и множество народа.
12Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.
12Когда же Он приблизился к городским воротам, тутвыносили умершего, единственного сына у матери, а она была вдова; и много народа шло с нею из города.
13Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун».
13Увидев ее, Господь сжалился над нею и сказал ей: не плачь.
14Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез».
14И, подойдя, прикоснулся к одру; несшие остановились, и Он сказал: юноша! тебе говорю, встань!
15Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд.
15Мертвый, поднявшись, сел и стал говорить; и отдал его Иисус матери его.
16Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст».
16И всех объял страх, и славили Бога, говоря: великий пророк восстал между нами, и Бог посетил народ Свой.
17Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
17Такое мнение о Нем распространилось по всей Иудее и по всей окрестности.
18Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд.
18И возвестили Иоанну ученики его о всем том.
19Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дшаре бошем?»
19Иоанн, призвав двоих из учеников своих, послал к Иисусу спросить: Ты ли Тот, Который должен придти, или ожидать нам другого?
20Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: "Оё Ту Ҳамон ҳастй, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?"»
20Они, придя к Иисусу , сказали: Иоанн Крестительпослал нас к Тебе спросить: Ты ли Тот, Которому должно придти, или другого ожидать нам?
21Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд.
21А в это время Он многих исцелил от болезней и недугов и от злых духов, и многим слепым даровал зрение.
22Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;
22И сказал им Иисус в ответ: пойдите, скажите Иоанну, что вы видели и слышали: слепые прозревают, хромые ходят, прокаженные очищаются, глухие слышат, мертвые воскресают, нищие благовествуют;
23«Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
23и блажен, кто не соблазнится о Мне!
24Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад?
24По отшествии же посланных Иоанном, начал говорить к народу об Иоанне: что смотреть ходили вы в пустыню? трость ли, ветром колеблемую?
25«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагй мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
25Что же смотреть ходили вы? человека ли, одетого в мягкие одежды? Но одевающиеся пышно и роскошно живущие находятся при дворах царских.
26«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯял1, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.
26Что же смотреть ходили вы? пророка ли? Да, говорю вам, и больше пророка.
27«Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад".
27Сей есть, о котором написано: вот, Я посылаю Ангела Моего пред лицем Твоим, который приготовитпуть Твой пред Тобою.
28«Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст».
28Ибо говорю вам: из рожденных женами нет ни одного пророка больше Иоанна Крестителя; но меньший в Царствии Божием больше его.
29Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.
29И весь народ, слушавший Его , и мытари воздали славу Богу, крестившись крещением Иоанновым;
30Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд.
30а фарисеи и законники отвергли волю Божию о себе, не крестившись от него.
31Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кй монандй доранд?
31Тогда Господь сказал: с кем сравню людей рода сего? и кому они подобны?
32«Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед".
32Они подобны детям, которые сидят на улице, кличут друг друга и говорят: мы играли вам на свирели, и вы не плясали; мы пели вам плачевные песни, и вы не плакали.
33«Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: "Вай дев дорад".
33Ибо пришел Иоанн Креститель: ни хлеба неест, ни вина не пьет; и говорите: в нем бес.
34«Писари Одам омад, кя мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти бочгирон ва гунохкорон аст".
34Пришел Сын Человеческий: ест и пьет; и говорите: вот человек, который любит есть и пить вино, друг мытарям и грешникам.
35«Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд».
35И оправдана премудрость всеми чадами ее.
36Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вайхӯрок хӮрад; на Ӯба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст.
36Некто из фарисеев просил Его вкусить с ним пищи; и Он, войдя в дом фарисея, возлег.
37Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисй назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард;
37И вот, женщина того города, которая была грешница, узнав, что Он возлежит в доме фарисея, принесла алавастровый сосуд с миром
38Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард.
38и, став позади у ног Его и плача, начала обливать ноги Его слезами и отирать волосами головы своей, и целовала ноги Его, и мазала миром.
39Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун ннро дид, дар Дили худ гуфт: «Агар Ӯ набй мебуд, медонист, ки вай кист ва чй гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад,зеро ки вай гуноҳкор аст».
39Видя это, фарисей, пригласивший Его, сказал сам в себе: если бы Он был пророк, то знал бы, кто и какая женщина прикасается к Нему, ибо она грешница.
40Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанй ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Ӯстод».
40Обратившись к нему, Иисус сказал: Симон! Я имею нечто сказать тебе. Он говорит: скажи, Учитель.
41Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.
41Иисус сказал: у одного заимодавца было два должника: один должен был пятьсот динариев, а другой пятьдесят,
42«Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?»
42но как они не имели чем заплатить, он простил обоим. Скажи же, который из них более возлюбит его?
43Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касеки ба вай ӯ бештар бахншдааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ».
43Симон отвечал: думаю, тот, которому более простил. Он сказал ему: правильно ты рассудил.
44Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинй? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодй; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид.
44И, обратившись к женщине, сказал Симону: видишь ли ты эту женщину? Я пришел в дом твой, и ты воды Мне на ноги не дал, а она слезами облила Мне ноги и волосами головы своей отерла;
45«Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақги омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад.
45ты целования Мне не дал, а она, с тех пор как Я пришел, не перестает целовать у Меня ноги;
46«Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард.
46ты головы Мне маслом не помазал, а она миром помазала Мне ноги.
47«Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вайомурэида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст».
47А потому сказываю тебе: прощаются грехи ее многие за то, что она возлюбила много, а кому мало прощается, тот мало любит.
48Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст».
48Ей же сказал: прощаются тебе грехи.
49Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?»
49И возлежавшие с Ним начали говорить про себя: кто это, что и грехи прощает?
50Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».
50Он же сказал женщине: вера твоя спасла тебя, иди с миром.