Tajik

Russian 1876

Mark

8

1ДАР он рӯзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
1В те дни, когда собралось весьма много народа и нечего было им есть, Иисус, призвав учеников Своих, сказал им:
2«Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд;
2жаль Мне народа, что уже три дня находятся при Мне, и нечего им есть.
3«Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд».
3Если неевшими отпущу их в домы их, ослабеют в дороге, ибо некоторые из них пришли издалека.
4Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биебон онҳоро аз нон сер кунад?»
4Ученики Его отвечали Ему: откуда мог бы кто взять здесь в пустыне хлебов, чтобы накормить их?
5Аз онҳопурсид: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
5И спросил их: сколько у вас хлебов? Они сказали: семь.
6Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
6Тогда велел народу возлечь на землю; и, взяв семь хлебов и воздав благодарение, преломил и дал ученикам Своим, чтобы они раздали; и они раздали народу.
7Ва чанд моҳии майда низ доштанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
7Было у них и немного рыбок: благословив, Он велел раздать и их.
8Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
8И ели, и насытились; и набрали оставшихся кусков семь корзин.
9Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.
9Евших же было около четырех тысяч. И отпустил их.
10Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад.
10И тотчас войдя в лодку с учениками Своими, прибыл в пределы Далмануфские.
11Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба мунозира даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд.
11Вышли фарисеи, начали с Ним спорить и требовали от Него знамения с неба, искушая Его.
12Ӯ, аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд».
12И Он, глубоко вздохнув, сказал: для чегород сей требует знамения? Истинно говорю вам, не дастся роду сему знамение.
13Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузащт.
13И, оставив их, опять вошел в лодку и отправился на ту сторону.
14Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
14При сем ученики Его забыли взять хлебов и кроме одного хлеба не имели с собою в лодке.
15Ӯ онҳоро огоҳ карда, гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед».
15А Он заповедал им, говоря: смотрите, берегитесь закваски фарисейской и закваски Иродовой.
16Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем».
16И, рассуждая между собою, говорили: это значит , что хлебов нет у нас.
17Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?
17Иисус, уразумев, говорит им: что рассуждаете о том,что нет у вас хлебов? Еще ли не понимаете и не разумеете? Еще ли окаменено у вас сердце?
18«Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?
18Имея очи, не видите? имея уши, неслышите? и не помните?
19«Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ».
19Когда Я пять хлебов преломил для пяти тысяч человек , сколько полных коробов набрали вы кусков? Говорят Ему:двенадцать.
20«Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт».
20А когда семь для четырех тысяч, сколько корзин набрали вы оставшихся кусков. Сказали: семь.
21Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»
21И сказал им: как же не разумеете?
22Чун ба Байт-Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорй намуданд, ки вайро ламс кунад.
22Приходит в Вифсаиду; и приводят к Нему слепого и просят, чтобы прикоснулся к нему.
23Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аэ қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?»
23Он, взяв слепого за руку, вывел его вон из селения и, плюнув ему на глаза, возложил на него руки и спросил его: видит ли что?
24Вай назар афканда, гуфт: Юдамонро хиромон чун дарахтон мебинам».
24Он, взглянув, сказал: вижу проходящих людей, как деревья.
25Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Ван шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубй бидид.
25Потом опять возложил руки на глаза ему и велел ему взглянуть. И он исцелел и стал видеть все ясно.
26Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл накун».
26И послал его домой, сказав: не заходи в селение и не рассказывай никому в селении.
27Ва Исо бо шогирдонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Маро кй мегӯянд?»
27И пошел Иисус с учениками Своими в селения Кесарии Филипповой. Дорогою Он спрашивал учеников Своих: за кого почитают Меня люди?
28Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронй».
28Они отвечали: за Иоанна Крестителя; другие же - за Илию; а иные - за одного из пророков.
29Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус ҷавоб дода, гуфт: «Ту Масеҳ ҳастй».
29Он говорит им: а вы за кого почитаете Меня? Петр сказал Ему в ответ: Ты Христос.
30Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.
30И запретил им, чтобы никому не говорили о Нем.
31Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз иамуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисьср азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз эхье шавад».
31И начал учить их, что Сыну Человеческому много должно пострадать, быть отвержену старейшинами, первосвященниками и книжниками, и быть убиту, и в третий день воскреснуть.
32Чун ин суханонро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд.
32И говорил о сем открыто. Но Петр, отозвав Его, начал прекословить Ему.
33Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳӣи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
33Он же, обратившись и взглянув на учеников Своих, воспретил Петру, сказав: отойди от Меня, сатана, потому что тыдумаешь не о том, что Божие, но что человеческое.
34Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт. «Ҳар кй хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
34И, подозвав народ с учениками Своими, сказал им: кто хочет идти за Мною, отвергнись себя, и возьми крест свой, и следуй за Мною.
35«Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад,
35Ибо кто хочет душу свою сберечь, тот потеряет ее, а кто потеряет душу свою ради Меня и Евангелия, тот сбережет ее.
36«Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?
36Ибо какая польза человеку, если он приобретет весьмир, а душе своей повредит?
37«Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чй фидияе медиҳад?
37Или какой выкуп даст человек за душу свою?
38«Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».
38Ибо кто постыдится Меня и Моих слов в роде сем прелюбодейном и грешном, того постыдится и СынЧеловеческий, когда приидет в славе Отца Своего со святымиАнгелами.