1ЧӮН Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
1И когда окончил Иисус наставления двенадцати ученикам Своим, перешел оттуда учить и проповедывать в городах их.
2Вақте ки Яҳьё дар зиндон аъмоли Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худ фиристод,
2Иоанн же, услышав в темнице о делах Христовых, послал двоих из учеников своих
3То ки ба Ӯ бигӯянд: Юё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
3сказать Ему: Ты ли Тот, Который должен придти, или ожидать нам другого?
4Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидед ва дидед, ба Яҳьё бигӯед:
4И сказал им Иисус в ответ: пойдите, скажите Иоанну, что слышите и видите:
5«Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;
5слепые прозревают и хромые ходят, прокаженные очищаются и глухие слышат, мертвые воскресают и нищие благовествуют;
6«Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
6и блажен, кто не соблазнится о Мне.
7Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани нае ки аз бод меларзад?
7Когда же они пошли, Иисус начал говорить народу об Иоанне: что смотреть ходили вы в пустыню? трость ли, ветром колеблемую?
8«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
8Что же смотреть ходили вы? человека ли, одетого в мягкие одежды? Носящие мягкие одежды находятся в чертогах царских.
9«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед?Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.
9Что же смотреть ходили вы? пророка? Да, говорю вам, и больше пророка.
10«Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад".
10Ибо он тот, о котором написано: се, Я посылаю Ангела Моего пред лицем Твоим, который приготовит путь Твой пред Тобою.
11«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
11Истинно говорю вам: из рожденных женами не восставал больший Иоанна Крестителя; но меньший в Царстве Небесном больше его.
12«Ва аз айёлш Яҳьёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд;
12От дней же Иоанна Крестителя доныне Царство Небесноесилою берется, и употребляющие усилие восхищают его,
13«Зеро ки тамоми анбиё ва Таврот то вақти зуҳури Яҳьё пешгӯӣ кардаанд.
13ибо все пророки и закон прорекли до Иоанна.
14«Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Ильёс аст, ки бояд биёяд.
14И если хотите принять, он есть Илия, которому должно придти.
15«Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
15Кто имеет уши слышать, да слышит!
16«Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
16Но кому уподоблю род сей? Он подобен детям, которые сидят на улице и, обращаясь к своим товарищам,
17«Мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед".
17говорят: мы играли вам на свирели, и вы не плясали; мы пели вам печальные песни, и вы не рыдали.
18«Зеро ки Яҳьё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: "Дев дорад".
18Ибо пришел Иоанн, ни ест, ни пьет; и говорят: в нем бес.
19«Писари Одам омад, мехӯрад ва менушад; мегуянд: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст". Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
19Пришел Сын Человеческий, ест и пьет; и говорят: вот человек, который любит есть и пить вино, друг мытарям и грешникам. И оправдана премудрость чадами ее.
20Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.
20Тогда начал Он укорять города, в которых наиболееявлено было сил Его, за то, что они не покаялись:
21«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
21горе тебе, Хоразин! горе тебе, Вифсаида! ибо если бы в Тире и Сидоне явлены были силы, явленные в вас, то давно бы они во вретище и пепле покаялись,
22«Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд.
22но говорю вам: Тиру и Сидону отраднее будет в день суда, нежели вам.
23«Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъчизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд;
23И ты, Капернаум, до неба вознесшийся, до ада низвергнешься, ибо если бы в Содоме явлены были силы, явленные в тебе, то он оставался бы до сего дня;
24«Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад 'буд».
24но говорю вам, что земле Содомской отраднее будет в день суда, нежели тебе.
25Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон гашҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй.
25В то время, продолжая речь, Иисус сказал: славлю Тебя, Отче, Господи неба и земли, что Ты утаил сие от мудрых и разумных и открыл то младенцам;
26«Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.
26ей, Отче! ибо таково было Твое благоволение.
27«Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
27Все предано Мне Отцем Моим, и никто не знает Сына, кроме Отца; и Отца не знает никто, кроме Сына, и кому Сын хочет открыть.
28«Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
28Придите ко Мне все труждающиеся и обремененные, и Я успокою вас;
29«Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
29возьмите иго Мое на себя и научитесь от Меня, ибо Я кроток и смирен сердцем, и найдете покой душам вашим;
30«Зеро юғи Ман ҳуш ва бори Ман сабук аст».
30ибо иго Мое благо, и бремя Мое легко.