1ЧӮН Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд:
1Когда же Иисус родился в Вифлееме Иудейском во дницаря Ирода, пришли в Иерусалим волхвы с востока и говорят:
2«Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем».
2где родившийся Царь Иудейский? ибо мы видели звезду Его на востоке и пришли поклониться Ему.
3Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам.
3Услышав это, Ирод царь встревожился, и весь Иерусалимс ним.
4Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?
4И, собрав всех первосвященников и книжников народных, спрашивал у них: где должно родиться Христу?
5Ба вай гуфтанд: Дар Байт-Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набй чунин навишта шудааст:
5Они же сказали ему: в Вифлееме Иудейском, ибо так написано через пророка:
6"Ва ту, эй Байт-Лаҳм, замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард"».
6и ты, Вифлеем, земля Иудина, ничем не меньше воеводств Иудиных, ибо из тебя произойдет Вождь, Который упасет народ Мой, Израиля.
7Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонй даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт,
7Тогда Ирод, тайно призвав волхвов, выведал от них время появления звезды
8Ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: «Биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хдбар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам».
8и, послав их в Вифлеем, сказал: пойдите, тщательно разведайте о Младенце и, когда найдете, известите меня, чтобы и мне пойти поклониться Ему.
9Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод.
9Они, выслушав царя, пошли. И се, звезда, которую видели они на востоке, шла перед ними, как наконец пришла и остановилась над местом , где былМладенец.
10Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд,
10Увидев же звезду, они возрадовались радостью весьма великою,
11Ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марьям диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд.
11и, войдя в дом, увидели Младенцас Мариею, Матерью Его, и, пав, поклонились Ему; и, открыв сокровища свои, принесли Ему дары: золото, ладан и смирну.
12Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.
12И, получив во сне откровение не возвращаться к Ироду, иным путем отошли в страну свою.
13Вакте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро чустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».
13Когда же они отошли, - се, Ангел Господень является во сне Иосифу и говорит: встань, возьми Младенца и Матерь Его и беги в Египет, и будь там, доколе не скажу тебе, ибо Ирод хочет искать Младенца, чтобы погубить Его.
14Ва шабона бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд,
14Он встал, взял Младенца и Матерь Его ночью и пошел в Египет,
15Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: "Аз Миср Писари Худро хондам".
15и там был до смерти Ирода, да сбудется реченное Господом через пророка, который говорит: из Египта воззвал Я Сына Моего.
16Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт-Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вакте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба катл расонд.
16Тогда Ирод, увидев себя осмеянным волхвами, весьма разгневался, и послал избить всех младенцев в Вифлееме и во всех пределах его, от двух лет и ниже, по времени, которое выведал от волхвов.
17Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи набӣ гуфта шудааст:
17Тогда сбылось реченное через пророка Иеремию, который говорит:
18"Овозе дар Ромо шунида шуд, овози гирья ва нола ва мотами азим; Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад ва тасаллӣ намеёбад, зеро ки нестанд".
18глас в Раме слышен, плач и рыдание и вопль великий; Рахиль плачет о детях своих и не хочет утешиться, ибо их нет.
19Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,
19По смерти же Ирода, - се, Ангел Господень во сне является Иосифу в Египте
20Ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд».
20и говорит: встань, возьми Младенца и Матерь Его и иди в землю Израилеву, ибо умерли искавшие души Младенца.
21Ва ӯ бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифт ва ба сарзамини Исроил омад.
21Он встал, взял Младенца и Матерь Его и пришел в землю Израилеву.
22Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳили Ҷалил рафт, 23 Ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, маскан гирифт, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда хоҳад шуд.
22Услышав же, что Архелай царствует в Иудее вместо Ирода, отца своего, убоялся туда идти; но, получив во сне откровение, пошел в пределы Галилейские
23и, придя, поселился в городе, называемом Назарет, да сбудется реченное через пророков, что Он Назореемнаречется.