1«ДАР он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;
1Тогда подобно будет Царство Небесное десяти девам, которые, взяв светильники свои, вышли навстречужениху.
2«Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;
2Из них пять было мудрых и пять неразумных.
3«Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;
3Неразумные, взяв светильники свои, не взяли с собою масла.
4«Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;
4Мудрые же, вместе со светильниками своими, взяли масла в сосудах своих.
5«Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.
5И как жених замедлил, то задремали все и уснули.
6«Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: "Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед".
6Но в полночь раздался крик: вот, жених идет, выходите навстречу ему.
7«Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.
7Тогда встали все девы те и поправили светильники свои.
8«Ва нодонон ба доноён гуфтанд: "Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад".
8Неразумные же сказали мудрым: дайте нам вашего масла, потому что светильники наши гаснут.
9«Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: "Не, мабодо барои мо ва шумо камй кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред".
9А мудрые отвечали: чтобы не случилось недостатка и у нас и у вас, пойдите лучше к продающим и купите себе.
10«Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайер буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
10Когда же пошли они покупать, пришел жених, и готовые вошли с ним на брачный пир, и двери затворились;
11«Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: "ЭЙ оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун".
11после приходят и прочие девы, и говорят: Господи! Господи! отвори нам.
12«Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: "Ба ростй ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам".
12Он же сказал им в ответ: истинно говорю вам: не знаю вас.
13«Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.
13Итак, бодрствуйте, потому что не знаете ни дня, ничаса, в который приидет Сын Человеческий.
14«Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанй шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:
14Ибо Он поступит , как человек, который, отправляясь в чужую страну, призвал рабов своих и поручил им имение свое:
15«Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.
15и одному дал он пять талантов, другому два, иномуодин, каждому по его силе; и тотчас отправился.
16«Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;
16Получивший пять талантов пошел, употребил их в дело и приобрел другие пять талантов;
17«Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;
17точно так же и получивший два таланта приобрел другие два;
18«Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули огои худро пинҳон кард.
18получивший же один талант пошел и закопал его в землю и скрыл серебро господина своего.
19«Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.
19По долгом времени, приходит господин рабов тех и требует у них отчета.
20«Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: "Эй оғо! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷталанти дигар ба даст овардам".
20И, подойдя, получивший пять талантов принес другие пять талантов и говорит: господин! пять талантов ты далмне; вот, другие пять талантов я приобрел на них.
21«Оғояш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав".
21Господин его сказал ему: хорошо, добрый и верный раб! в малом ты был верен, над многим тебя поставлю; войди в радость господина твоего.
22«Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй оғо! Ту ба ман ду талант дода будӣ; инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам".
22Подошел также и получивший два таланта и сказал: господин! два таланта ты дал мне; вот, другие два таланта я приобрел на них.
23«Оғояш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будй, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав".
23Господин его сказал ему: хорошо, добрый и верный раб! в малом ты был верен, над многим тебя поставлю; войди в радость господина твоего.
24«Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй оғо! Чун медонистам, ки ту марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ;
24Подошел и получивший один талант и сказал: господин! я знал тебя, что ты человек жестокий, жнешь, где не сеял, и собираешь, где не рассыпал,
25"Бинобар ин тарсидам ва рафта таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост".
25и, убоявшись, пошел и скрыл талант твой в земле; вот тебе твое.
26«Оғояш дар ҷавоби вай гуфт: "Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистй, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам;
26Господин же его сказал ему в ответ: лукавый раб и ленивый! ты знал, что я жну, где не сеял, и собираю, где не рассыпал;
27"Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;
27посему надлежало тебе отдать серебро мое торгующим, и я, придя, получил бы мое с прибылью;
28"Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.
28итак, возьмите у него талант и дайте имеющему десять талантов,
29"Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кй надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
29ибо всякому имеющему дастся и приумножится, а у неимеющего отнимется и то, что имеет;
30"Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд".
30а негодного раба выбросьте во тьму внешнюю: там будет плач и скрежет зубов. Сказав сие, возгласил: кто имеет уши слышать, да слышит!
31«Лекин вақге ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар таҳти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,
31Когда же приидет Сын Человеческий во славе Своей и все святые Ангелы с Ним, тогда сядет на престоле славы Своей,
32«Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;
32и соберутся пред Ним все народы; и отделит одних от других, как пастырь отделяет овец от козлов;
33«Ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.
33и поставит овец по правую Свою сторону, а козлов - по левую.
34«Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Биёед, ш баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:
34Тогда скажет Царь тем, которые по правую сторону Его: приидите, благословенные Отца Моего, наследуйте Царство, уготованное вам от создания мира:
35«Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; гариб будам, Маро пазируфтед;
35ибо алкал Я, и вы дали Мне есть; жаждал, и вы напоили Меня; был странником, и вы приняли Меня;
36«Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед".
36был наг, и вы одели Меня; был болен, и вы посетили Меня; в темнице был, и вы пришли ко Мне.
37«Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Е ташна дидему об додем?
37Тогда праведники скажут Ему в ответ: Господи! когда мы видели Тебя алчущим, и накормили? или жаждущим, и напоили?
38"Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?
38когда мы видели Тебя странником, и приняли? или нагим, и одели?
39"Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?"
39когда мы видели Тебя больным, или в темнице, и пришли к Тебе?
40«Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростй ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед".
40И Царь скажет им в ответ: истинно говорю вам: так как вы сделали это одному из сих братьев Моих меньших, то сделали Мне.
41«Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:
41Тогда скажет и тем, которые по левую сторону: идите от Меня, проклятые, в огонь вечный, уготованный диаволу и ангелам его:
42"Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;
42ибо алкал Я, и вы не дали Мне есть; жаждал, и вы не напоили Меня;
43"Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед".
43был странником, и не приняли Меня; был наг, и не одели Меня; болен и в темнице, и не посетили Меня.
44«Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳандгуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?"
44Тогда и они скажут Ему в ответ: Господи! когда мы видели Тебя алчущим, или жаждущим, или странником, или нагим, или больным, или в темнице, и не послужили Тебе?
45«Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ии хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед".
45Тогда скажет им в ответ: истинно говорю вам: так как вы не сделали этого одному из сих меньших, то не сделали Мне.
46«Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон - ба ҳаёти ҷовидонй».
46И пойдут сии в муку вечную, а праведники в жизнь вечную.