1ВА назар андохтам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст.
1И взглянул я, и вот, Агнец стоит на горе Сионе, и с Ним сто сорок четыре тысячи, у которых имя Отца Его написано на челах.
2Ва овозе аз осмон шунидам, мисли шувваси обҳои бисьёр ва монанди садои раъди пурзӯр; ва овозе ки шунидам, монанди овози барбатнавозоне буд, ки барбатҳои худро менавозанд:
2И услышал я голос с неба, как шум от множества вод и как звук сильного грома; и услышал голос как бы гуслистов, играющих на гуслях своих.
3Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд.
3Они поют как бы новую песнь пред престолом и предчетырьмя животными и старцами; и никто не мог научитьсясей песни, кроме сих ста сорока четырех тысяч, искупленных от земли.
4Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; штҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,
4Это те, которые не осквернились с женами, ибо они девственники; это те, которые следуют за Агнцем, куда бы Он ни пошел. Они искуплены из людей, как первенцу Богу и Агнцу,
5Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд.
5и в устах их нет лукавства; онинепорочны пред престолом Божиим.
6Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадй дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон на қавм башорат диҳад;
6И увидел я другого Ангела, летящего по средине неба, который имел вечное Евангелие, чтобы благовествовать живущим на земле и всякому племени и колену, и языку и народу;
7Ва ӯ бо овози баланд мегуфг: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед».
7и говорил он громким голосом: убойтесь Бога и воздайте Ему славу, ибо наступил час суда Его, и поклонитесь Сотворившему небо и землю, и море и источники вод.
8Ва фариштаи дигар аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид».
8И другой Ангел следовал за ним, говоря: пал, пал Вавилон, город великий, потому что он яростным вином блуда своего напоил все народы.
9Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кй ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад, -
9И третий Ангел последовал за ними, говоря громким голосом: кто поклоняется зверю и образу его и принимает начертание на чело свое, или на руку свою,
10«Вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, хоҳад нӯшид, ва дар пеши фариштагони муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб хоҳад кашид;
10тот будет пить вино ярости Божией, вино цельное, приготовленное в чаше гнева Его, и будет мучим в огне и сере пред святымиАнгелами и пред Агнцем;
11«Ва дуди азобҳои онҳо то абад баланд хоҳад шуд, ва касоне ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва паикари он саҷда менамоянд ва тамғаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором хоҳанд гирифт, на шаб».
11и дым мучения их будет восходить во веки веков, и не будут иметь покоя ни днем, ни ночью поклоняющиеся зверю и образу его ипринимающие начертание имени его.
12Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд.
12Здесь терпение святых, соблюдающих заповеди Божии и веру в Иисуса.
13Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад».
13И услышал я голос с неба, говорящий мне: напиши: отныне блаженны мертвые, умирающие в Господе; ей, говорит Дух, они успокоятся от трудов своих, и дела ихидут вслед за ними.
14Ва назар андохгам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад.
14И взглянул я, и вот светлое облако, и на облаке сидит подобный Сыну Человеческому; на голове его золотой венец, и в руке его острый серп.
15Ва фариштаи дигар аз маъбад баромад ва бо овози баланд ба Нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ки ҳосили замин пухтааст».
15И вышел другой Ангел из храма и воскликнул громким голосом к сидящему на облаке: пусти серп твой и пожни, потому что пришло время жатвы, ибо жатва на земле созрела.
16Ва Нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд.
16И поверг сидящий на облаке серп свой на землю, и земля была пожата.
17Ва фариштаи дигар аз маъбаде ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт.
17И другой Ангел вышел из храма, находящегося на небе, также с острым серпом.
18Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дорад, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бибур, чунки ангураш пухтааст».
18И иной Ангел, имеющий власть над огнем, вышел от жертвенника и с великим криком воскликнул к имеющему острый серп, говоря: пусти острый серп твой и обрежь гроздья винограда на земле, потому что созрели на нем ягоды.
19Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онро дар чархушти бузурги ғазаби Худо афканд,
19И поверг Ангел серп свой на землю, и обрезал виноград на земле, и бросил в великое точило гнева Божия.
20Ва чарҳушт дар беруни шаҳр пойкӯб карда шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи ҳазору шашсад стадия ҷорӣ шуд.
20И истоптаны ягоды в точиле за городом, и потекла кровь из точила даже до узд конских, на тысячушестьсот стадий.