Tajik

Russian 1876

Romans

16

1ХОҲАРИ мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфй менамоям,
1Представляю вам Фиву, сестру нашу, диакониссу церкви Кенхрейской.
2То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мададгор буд.
2Примите ее для Господа, как прилично святым, и помогите ей, в чем она будет иметь нужду у вас, ибо и она была помощницею многим и мне самому.
3Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гӯед;
3Приветствуйте Прискиллу и Акилу, сотрудников моих во Христе Иисусе
4Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.
4(которые голову свою полагали за мою душу, которых не я один благодарю, но и все церкви из язычников), и домашнюю их церковь.
5Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.
5Приветствуйте возлюбленного моего Епенета, который есть начаток Ахаии для Христа.
6Ба Марьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гӯед.
6Приветствуйте Мариам, которая много трудилась для нас.
7Ба хешони ман Андроникӯс ва Юниес, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.
7Приветствуйте Андроника и Юнию, сродников моих и узников со мною, прославившихся между Апостолами ипрежде меня еще уверовавших во Христа.
8Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гӯед.
8Приветствуйте Амплия, возлюбленного мне в Господе.
9Ба Ӯрбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гӯед.
9Приветствуйте Урбана, сотрудника нашего во Христе, и Стахия, возлюбленного мне.
10Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гӯед.
10Приветствуйте Апеллеса, испытанного во Христе. Приветствуйте верных из дома Аристовулова.
11Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон доранд, салом гӯед.
11Приветствуйте Иродиона, сродника моего. Приветствуйте из домашних Наркисса тех, которые в Господе.
12Ба Труфино ва Трифосо, ки дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гӯед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гӯед.
12Приветствуйте Трифену и Трифосу, трудящихся о Господе. Приветствуйте Персиду возлюбленную, которая много потрудилась о Господе.
13Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед.
13Приветствуйте Руфа, избранного в Господе, и матерь его и мою.
14Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
14Приветствуйте Асинкрита, Флегонта, Ерма, Патрова, Ермия и других с ними братьев.
15Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ӯлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
15Приветствуйте Филолога и Юлию, Нирея и сестру его, и Олимпана, и всех с ними святых.
16Ба якдигар бо бӯсаи муқаддасона салом гӯед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.
16Приветствуйте друг друга с целованием святым. Приветствуют вас все церкви Христовы.
17Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён чудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;
17Умоляю вас, братия, остерегайтесь производящих разделения и соблазны, вопреки учению, которому вы научились, и уклоняйтесь от них;
18Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.
18ибо такие люди служат не Господу нашему Иисусу Христу, а своему чреву, и ласкательством и красноречием обольщают сердца простодушных.
19Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ ҳирадманд ва дар бадӣ соддадил бошсд.
19Ваша покорность вере всем известна; посему я радуюсь за вас, но желаю, чтобы вы были мудры на добро и просты на зло.
20Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!
20Бог же мира сокрушит сатану под ногами вашими вскоре. Благодать Господа нашего Иисуса Христа с вами! Аминь.
21Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд.
21Приветствуют вас Тимофей, сотрудник мой, и Луций, Иасон и Сосипатр, сродники мои.
22Ман - Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям.
22Приветствую вас в Господе и я, Тертий, писавший сие послание.
23Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегӯянд.
23Приветствует вас Гаий, странноприимец мой и всей церкви. Приветствует вас Ераст, городской казнохранитель, и брат Кварт.
24Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.
24Благодать Господа нашего Иисуса Христа со всеми вами. Аминь.
25(14:24) Могущему же утвердить вас, по благовествованиюмоему и проповеди Иисуса Христа, по откровению тайны, о которой от вечных времен было умолчано,
26(14:25) но которая ныне явлена, и через писания пророческие, по повелению вечного Бога, возвещена всем народам дляпокорения их вере,
27(14:26) Единому Премудрому Богу, через Иисуса Христа, слава во веки. Аминь.